https://sputnik.tj/20211208/vaziron-tojik-itoliyov-vaz-afghoniston-1044028112.html
Вазирони тоҷику итолиёвӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Вазирони тоҷику итолиёвӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои итолиёвияш Луиҷи Ди Майо густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2021-12-08T18:05+0500
2021-12-08T18:05+0500
2021-12-08T18:34+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
осиёи марказӣ
итолиё
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/08/1044027837_0:0:1080:608_1920x0_80_0_0_9f1a7a6b85ba72a70fcda82bca428473.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Мулоқоти дуҷонибаи Сироҷиддин Муҳриддин ва Луиҷи Ди Майо рӯзи ҳаштуми декабр дар ҳошияи конфронси дуюми вазирони хориҷии "Итолиё - Осиёи Марказӣ" дар қолаби С5+1 дар Тошканд баргузор шуд. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳар ду ҷониб ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳоро дар бахши сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд.Манбаъ афзуд, ки масъалаҳои мубрами минтақа, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон низ аз масоили меҳварии мулоқот буд. Дар мавриди мулоқоти бисёрҷонибаи С5+1 Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ додааст, ки дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти умури хориҷӣ, иқтисодӣ, молӣ ва тандурустӣ иштирок намуданд. Дар мавриди вазъ дар минтақа таъкид шудааст, ки бояд муносиботи дӯстию бародарии миёни халқҳо таҳким шаванду алайҳи чолишҳои муосир иқдомоти муштарак роҳандозӣ гарданд. Таҳкими ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, савдою сармоягузорӣ, энергетика ва саноат аз дигар мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд. Инчунин намояндагони Осиёи Марказӣ ва Аврупо дар мавриди тандурустӣ ва мубориза бо пандемияи коронавирус ва паёмадҳои он табодули афкор намудаанд.
https://sputnik.tj/20211208/peshraft-tojikiston-uzviyat-sjt--omor-rasmi-1044016139.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/08/1044027837_68:0:1027:719_1920x0_80_0_0_527b7cd5e5bbee071406d82d0318f805.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сироҷиддин муҳриддин, вазири умури хориҷӣ, ҳамкорӣ, баррасӣ
сироҷиддин муҳриддин, вазири умури хориҷӣ, ҳамкорӣ, баррасӣ
Вазирони тоҷику итолиёвӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
18:05 08.12.2021 (Навсозишуда: 18:34 08.12.2021) Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои итолиёвияш Луиҷи Ди Майо густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Мулоқоти дуҷонибаи Сироҷиддин Муҳриддин ва Луиҷи Ди Майо рӯзи ҳаштуми декабр дар ҳошияи конфронси дуюми вазирони хориҷии "Итолиё - Осиёи Марказӣ" дар қолаби С5+1 дар Тошканд баргузор шуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳар ду ҷониб ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳоро дар бахши сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд.
Манбаъ афзуд, ки масъалаҳои мубрами минтақа, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон низ аз масоили меҳварии мулоқот буд.
Дар мавриди мулоқоти бисёрҷонибаи С5+1 Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ додааст, ки дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти умури хориҷӣ, иқтисодӣ, молӣ ва тандурустӣ иштирок намуданд.
Дар мавриди вазъ дар минтақа таъкид шудааст, ки бояд муносиботи дӯстию бародарии миёни халқҳо таҳким шаванду алайҳи чолишҳои муосир иқдомоти муштарак роҳандозӣ гарданд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, савдою сармоягузорӣ, энергетика ва саноат аз дигар мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд.
Инчунин намояндагони Осиёи Марказӣ ва Аврупо дар мавриди тандурустӣ ва мубориза бо пандемияи коронавирус ва паёмадҳои он табодули афкор намудаанд.