Пешрафтҳои Тоҷикистон пас аз узвият дар СҶТ – омори расмӣ

© Сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ТоҷикистонҶласаи Тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар назди СУС дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Завқизода Завқӣ Амин
Ҷласаи Тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар назди СУС дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Завқизода Завқӣ Амин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон барои аввалин бор дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) тафсири сиёсати савдои худро муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Тоҷикистон дар пайи узвият дар СҶТ, ки соли 2013 ба ин созмон пайваст, ба рушди миёнсолонаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ муваффақ шудааст.
Маркази матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки баъди узвият дар СҶТ сарфи назар аз таъсири пайомадҳои буҳронҳои иктисодию молӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодии баъзе давлатҳо ва паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон Тоҷикистон ба рушди қобили мулоҳизае даст ёфтааст.
“Ҳаҷми содирот ду, номгӯи молҳои содиротӣ 1,8, истеҳсоли молҳои саноатӣ 2,1 ва кишоварзӣ 1,3 баробар афзоиш ёфта, нахустин бор дар таҷрибаи кишвар Равзанаи ягонаи содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд”, - гуфт манбаъ.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистон дар нуҳ моҳи ахир
Ин омор дар як ҷаласаи хоси Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, ки рӯзи ҳафтуми декабри соли равон дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба "Тафсири сиёсати тиҷории Тоҷикистон" ихтисос ёфта буд, аз сӯи Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони 164 кишвари аъзо ироа шудааст.
Ин аввалин тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат аст. Тибқи иттилои ин созмон, Тоҷикистон дар давраи узвият дар СҶТ бо ширкат дар ташаббусҳои глобалии тиҷоратӣ рушди миёнасолонаи иқтисодиро 7% ва рушди миёнасолонаи тиҷоратро 10% таъмин кардааст.
Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат яке аз созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ буда, Тоҷикистон ҷиҳати ба даст овардани узвияти он аз соли 2001 талош намуда, дуюми марти соли 2013 ба ин ҳадаф расидааст. Узвият дар ин созмон барои рушди тиҷорати хориҷӣ як қатор сабукиҳо, бахусус дар соҳаи ҳамлу нақл ва гумрукот эҷод мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Иттиҳоди Аврупо, Чин, Туркия, Қазоқистон, Эрон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо шарикони асосии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Лентаи хабарҳо
0