https://sputnik.tj/20211208/tabib-amrikoi-piruzi-tojikiston-bar-koronavirusro-guft-1044024150.html
Табиби амрикоӣ омили асосии пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро гуфт
Табиби амрикоӣ омили асосии пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ораш Алоӣ мегӯяд, муваффақияти Тоҷикистон дар мубориза бар коронавирус ин буд, ки ба илм бовар ва аз рӯи тавсияи олимону мутахассисон амал карданд 08.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-08T16:45+0500
2021-12-08T16:45+0500
2021-12-08T17:40+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032512292_0:0:2653:1492_1920x0_80_0_0_a9ac0ffd580659c05887e7dd58b20520.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон наздики як моҳ мешавад, ки аз бемории коронавирус хабаре нест. Доктори эронитабори муқими Амрико Ораш Алоӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории "Ховар" омилҳои асосии пирӯзӣ бар ин ҳамагир дар Тоҷикистонро гуфт.Ба таъкиди ӯ, мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон бемории коронавирусро аз рӯзҳои аввали хуруҷи он ҷиддӣ қабул карданд.Ӯ ҳамчунин гуфт, ҳукумату мардум хуруфоту баҳсҳои ғайриилмиро сарфи назару ба тавсияҳои илмӣ бовар карданд.Ораш Алоӣ аз он ҳушдор дод, ки коронавирус бисёр зуд густариш пайдо мекунад ва ҳоло навъҳои дигаре ба мисли омикронро шомил мешавад. Дар сурати напӯшидани ниқоб ва нагузаштан аз маъракаи ваксиназанӣ эҳтимол ин вирус хуруҷ кунад, бовар дорад ӯ.Номбурда ҳамчунин тазаккур дод, ҳатто шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд ба намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр ба осонӣ паси сар мекунанд.
https://sputnik.tj/20210623/orash-aloi-markazho-salomati-roh-halosi-koronavirus-1040377856.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032512292_0:0:2653:1990_1920x0_80_0_0_a84cecfafc2187dd8dd59bd8c68cb8ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, коронавирус
дар тоҷикистон, тандурустӣ, коронавирус
Табиби амрикоӣ омили асосии пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро гуфт
16:45 08.12.2021 (Навсозишуда: 17:40 08.12.2021) Ораш Алоӣ мегӯяд, муваффақияти Тоҷикистон дар мубориза бар коронавирус ин буд, ки ба илм бовар ва аз рӯи тавсияи олимону мутахассисон амал карданд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон наздики як моҳ мешавад, ки аз бемории коронавирус хабаре нест. Доктори эронитабори муқими Амрико Ораш Алоӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории "Ховар" омилҳои асосии пирӯзӣ бар ин ҳамагир дар Тоҷикистонро гуфт.
Ба таъкиди ӯ, мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон бемории коронавирусро аз рӯзҳои аввали хуруҷи он ҷиддӣ қабул карданд.
"Ҳукумат ситоди миллӣ ташкил кард ва ситод низ ба барномаҳои COVID-19 аҳамияти ҷиддӣ дод. Мардум низ ба барномарезиҳое, ки аз тарафи мутахассисон таҳия шуданд, бовар карданд", - шарҳ дод пизишк.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ҳукумату мардум хуруфоту баҳсҳои ғайриилмиро сарфи назару ба тавсияҳои илмӣ бовар карданд.
Ораш Алоӣ аз он ҳушдор дод, ки коронавирус бисёр зуд густариш пайдо мекунад ва ҳоло навъҳои дигаре ба мисли омикронро шомил мешавад. Дар сурати напӯшидани ниқоб ва нагузаштан аз маъракаи ваксиназанӣ эҳтимол ин вирус хуруҷ кунад, бовар дорад ӯ.
Номбурда ҳамчунин тазаккур дод, ҳатто шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд ба намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр ба осонӣ паси сар мекунанд.