https://sputnik.tj/20210623/orash-aloi-markazho-salomati-roh-halosi-koronavirus-1040377856.html
Ораш Алоӣ ба намояндагони Марказҳои саломатии пойтахт роҳи халосӣ аз коронавирусро гуфт
Ораш Алоӣ ба намояндагони Марказҳои саломатии пойтахт роҳи халосӣ аз коронавирусро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Доктори эронӣ риоя намудани тавсияҳои мутахассисони тибро зарур номида, изҳор дошт, ки танҳо дар якҷоягӣ метавон бар ин вабо пирӯз шуд
2021-06-23T10:48+0500
2021-06-23T10:48+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928562_0:157:2975:1830_1920x0_80_0_0_c882b9049d6d3ba9f6f77bf9bd386276.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон роҳҳои халосӣ аз маризии коронавирусро меҷӯяд.Ба ин мақсад дар шаҳри Душанбе вохӯрии Директори Институти саломатии Амрико, доктор Ораш Алоӣ бо намояндагони Марказҳои саломатӣ доир гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, вохӯрии намояндагони вазорат бо пизишки эронӣ дар Муассисаи давлатии "маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" сурат гирифт.Мудири муассисаи мазкур Парвина Мухторова далели дигарбора авҷ гирифтани коронавирусро дар Тоҷикистон ба беаҳамиятии шаҳрвандон рабт дод. Аз ин рӯ, ӯ қайд намуд, ки миёни мардум ҳар чӣ бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шавад.Зимнан, доктор Ораш Алоӣ ба намояндагони марказҳои беҳдоштӣ таъкид намуд, ки тавсияҳои мутахассисонро нодида нагиранд ва саъй намоянд ҳар чӣ бештар аз рӯи онҳо амал кунад.Ӯ мегӯяд, пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд ҳатмӣ гардад. Ба боварии ин пизишки эронии муқими Амрико, танҳо дар якҷоягӣ метавон аз сирояти дилхоҳ маризӣ пешгирӣ кард.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21 июн Ситоди фаврӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз хуруҷи дубораи ин беморӣ дар Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои Вазорати беҳдошт, то рӯзи 22 июн дар ҷумҳурӣ дасти кам 32 ҳолати сироят шудани мардум ба вируси COVID - 19 сабт гардид.Бо вуҷуди авҷи ин беморӣ дар кишвар ҳоло чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳамчунин маросимҳои хурсандию азодориро манъ ва ё маҳдуд накардаанд.
https://sputnik.tj/20210623/furudgoh-dushanbe-koronavirus-tojikiston-1040376107.html
https://sputnik.tj/20210622/eloni-tedodi-giriftoroni-koronavirus-dar-tojikiston-1040371970.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928562_164:0:2812:1986_1920x0_80_0_0_a096b7c1232481f3d5ee794133b111ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коронавирус, пешгирӣ
тоҷикистон, коронавирус, пешгирӣ
Ораш Алоӣ ба намояндагони Марказҳои саломатии пойтахт роҳи халосӣ аз коронавирусро гуфт
10:48 23.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Доктори эронӣ риоя намудани тавсияҳои мутахассисони тибро зарур номида, изҳор дошт, ки танҳо дар якҷоягӣ метавон бар ин вабо пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон роҳҳои халосӣ аз маризии коронавирусро меҷӯяд.
Ба ин мақсад дар шаҳри Душанбе вохӯрии Директори Институти саломатии Амрико, доктор Ораш Алоӣ бо намояндагони Марказҳои саломатӣ доир гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, вохӯрии намояндагони вазорат бо пизишки эронӣ дар Муассисаи давлатии "маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" сурат гирифт.
Мудири муассисаи мазкур Парвина Мухторова далели дигарбора авҷ гирифтани коронавирусро дар Тоҷикистон ба беаҳамиятии шаҳрвандон рабт дод. Аз ин рӯ, ӯ қайд намуд, ки миёни мардум ҳар чӣ бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шавад.
Зимнан, доктор Ораш Алоӣ ба намояндагони марказҳои беҳдоштӣ таъкид намуд, ки тавсияҳои мутахассисонро нодида нагиранд ва саъй намоянд ҳар чӣ бештар аз рӯи онҳо амал кунад.
Ӯ мегӯяд, пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд ҳатмӣ гардад. Ба боварии ин пизишки эронии муқими Амрико, танҳо дар якҷоягӣ метавон аз сирояти дилхоҳ маризӣ пешгирӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21 июн Ситоди фаврӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз хуруҷи дубораи ин беморӣ дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои Вазорати беҳдошт, то рӯзи 22 июн дар ҷумҳурӣ дасти кам 32 ҳолати сироят шудани мардум ба вируси COVID - 19 сабт гардид.
"Рӯзи 21 июн - 17 ҳолат ва рӯзи 22 июн - 15 мавриди нави беморшавӣ ба қайд гирифта шуд", - таъкид мешавад дар хабари вазорт.
Бо вуҷуди авҷи ин беморӣ дар кишвар ҳоло чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳамчунин маросимҳои хурсандию азодориро манъ ва ё маҳдуд накардаанд.