Солеҳ мегӯяд, бонкҳои хусусӣ дар Афғонистон муфлису моликонашон фирорӣ шудаанд

© AP / Allauddin KhanМужчина держит в руках деньги, афгани
Мужчина держит в руках деньги, афгани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали пешини раисҷумҳури Афғонистон мегӯяд, тамоми бонкҳои хусусӣ дар ин кишвар варшикаста шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Ноиби пешини раисҷумҳури Афғонистон бо судури баёнияе муддаӣ шуд, ки муассисоти хусусии молӣ дар кишвар муфлис шуда, моликони онҳо ба хориҷ фирор намудаанд, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Паёми Амруллоҳ Солеҳ дар бораи вазъи муассисаҳои хусусӣ дар Афғонистон дар саҳифаи твиттераш нашр шудааст,

"Ба хотири фарогир шудани фазои ваҳшату тарс аз ҷониби толибҳо тамоми бонкҳои хусусии кишвар, ба истиснои Бонки байналмилали Афғонистон варшикаста шуда ва тавони идомаи масъулиятҳои худро надоранд", - изҳор доштааст Солеҳ.

Ӯ иддао дорад, ки толибҳо хомӯшона идораи бонкҳоро ба даст гирифта, моликияти онҳоро ғасб кардаанд.
Манбаъ афзуд, ки моликон ва мудирони бонкҳо ба хотири раҳоӣ аз шиканҷа ва ихтитофу бархӯрди ғайриинсона аз кишвар фирор кардаанд. Ноиби собиқи раисҷумҳур гуфтааст, бояд Покистон дастбакор шуда, гурӯҳи дастнишонди худро аз ин буҳрон ба тариқи нақдина наҷот диҳад, чун ирсоли чанд мошин гандум дар як ҳафта роҳи ҳал нест.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Амалиёти Қалъаи Саҳро: Муқовимат дар Кописо ҷабҳаи нав боз кард
Намояндаҳои толибҳо ва Бонки марказии Афғонистон феълан дар бораи ин иддаои мақомдори пешини давлати Афғонистон ибрози назар накардаанд. Аз ҷумла сарнавишти онҳое, ки дар бонкҳо пул гузоштаанд, феълан тавзеҳ дода нашудааст.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли равон ғасб карданд, ки дар натиҷа кишварро мушкилоти бештари иқтисодию иҷтимоӣ фаро гирифт ва сатҳи таваррум ба ҳадди рекордӣ расидаву нархи маҳсулоти ниёзи аввал ба маротиб афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0