https://sputnik.tj/20211207/noib-dabir-saad-qatl-tojikon-afghoniston-hushdor-video-1043992807.html
Ноиби дабири СААД аз қатли тоҷикон дар Афғонистон гуфту аз оқибат ҳушдор дод - видео
Ноиби дабири СААД аз қатли тоҷикон дар Афғонистон гуфту аз оқибат ҳушдор дод - видео
Sputnik Тоҷикистон
Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вазъ дар Афғонистон ва аъмоли ҳукуматдорони нави ин кишварро пайгирӣ мекунад
2021-12-07T15:00+0500
2021-12-07T15:00+0500
2021-12-07T16:27+0500
видео
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
тоҷик
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043975940_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_58b5494193bc45201d0a009da87f2df0.jpg
Зарфияти мухолифатҳо дар минтақа афзоиш ёфт. НАТО бо баҳонаҳои бофта гурӯҳҳояшро дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Балтика, дар наздикиҳои марзи Русия ва Беларус афзоиш медиҳад, изҳор дошт Валерий Семериков, ноиби дабири кулли СААД дар суҳбат бо Sputnik. Ӯ дар мавриди вазъ дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон изҳор кард, ки тағйири ҳукуматдорон барои минтақа мушкилзо шуд.Амалиёти Қалъаи Саҳро: Муқовимат дар Кописо ҷабҳаи нав боз кард Ба гуфтаи Семериков, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон комилан аз сиёсати толибҳо вобаста аст ва размоишҳо барои эътидоли вазъ дар минтақа мусоидат карданд. Ноиби дабири СААД зикр намуд, ки то ҳол ҳудуди ду миллион нафар аллакай кишварро тарк карда ва ин теъдод афзоиш хоҳад ёфт. Вай махсусан таъкид кард, ки шумораи гурезаҳо зиёд мешавад, агар қатлҳои омми қавмӣ пеш аз ҳама алайҳи тоҷикон идома дода шаванд.Толибон: Аз замони бозгашти дубораи мо ҳеҷ низомии собиқ эъдом нашудаастТибқи иттилои намояндаи СААД, дар Афғонистон ҳудуди 13-14 созмони террористӣ фаъолият мекунад, ки дар маҷмуъ қариб 23 ҳазор ҷангҷӯро дар бар мегиранд. Семериков дар мавриди дурнамои созмон таъкид кардааст, ки ин аз амали ҳукуматдорони нав дар кишвар вобаста аст, ки то куҷо метавонанд сиёсати босамари дохилӣ ва равобит бо ҷаҳонро роҳандозӣ кунанд.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043975940_53:0:2784:2048_1920x0_80_0_0_20f4bc2d9b4ca19ea40f83f3af2c657d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ноиб, дабир, саад, дастаҷамъӣ
ноиб, дабир, саад, дастаҷамъӣ
Ноиби дабири СААД аз қатли тоҷикон дар Афғонистон гуфту аз оқибат ҳушдор дод - видео
15:00 07.12.2021 (Навсозишуда: 16:27 07.12.2021) Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ вазъ дар Афғонистон ва аъмоли ҳукуматдорони нави ин кишварро пайгирӣ мекунад
Зарфияти мухолифатҳо дар минтақа афзоиш ёфт. НАТО бо баҳонаҳои бофта гурӯҳҳояшро дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Балтика, дар наздикиҳои марзи Русия ва Беларус афзоиш медиҳад, изҳор дошт Валерий Семериков, ноиби дабири кулли СААД дар суҳбат бо Sputnik.
Ӯ дар мавриди вазъ дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон изҳор кард, ки тағйири ҳукуматдорон барои минтақа мушкилзо шуд.
Ба гуфтаи Семериков, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон комилан аз сиёсати толибҳо вобаста аст ва размоишҳо барои эътидоли вазъ дар минтақа мусоидат карданд.
Ноиби дабири СААД зикр намуд, ки то ҳол ҳудуди ду миллион нафар аллакай кишварро тарк карда ва ин теъдод афзоиш хоҳад ёфт. Вай махсусан таъкид кард, ки шумораи гурезаҳо зиёд мешавад, агар қатлҳои омми қавмӣ пеш аз ҳама алайҳи тоҷикон идома дода шаванд.
Тибқи иттилои намояндаи СААД, дар Афғонистон ҳудуди 13-14 созмони террористӣ фаъолият мекунад, ки дар маҷмуъ қариб 23 ҳазор ҷангҷӯро дар бар мегиранд.
Семериков дар мавриди дурнамои созмон таъкид кардааст, ки ин аз амали ҳукуматдорони нав дар кишвар вобаста аст, ки то куҷо метавонанд сиёсати босамари дохилӣ ва равобит бо ҷаҳонро роҳандозӣ кунанд.