https://sputnik.tj/20211208/rohbari-tolibon-halli-mushkiloti-mardum-1044021186.html
Роҳбари толибон хостори ҳалли мушкилоти мардум шуд
Роҳбари толибон хостори ҳалли мушкилоти мардум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари толибон зимни интиқод аз бархурди бад бо муҳоҷирони афғон дар кампҳои кишварҳои ғарбӣ хостори рафъи мушкилоти паноҳҷӯён барои иқомат ва бозсозӣ Афғонистон шуд
2021-12-08T14:50+0500
2021-12-08T14:50+0500
2021-12-08T15:29+0500
афғонистон
толибон
дархост
мушкилот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759827_0:243:2592:1701_1920x0_80_0_0_fd00babccfef07de15386eca3b8097f3.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи давлати толибон дастурамалеро мунташир кард, ки аз сӯйи Муллоҳибатуллоҳ Охунд, роҳбари ин гурӯҳ хитоб ба волиён дар бораи кумак ба афроде, ки ба дунболи хуруҷ аз ин кишвар ҳастанд, мебошад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Тибқи иттилои манбаъ, раҳбари толибон аз волиён хостааст, то ба касоне, ки дар талоши рафтан ба кишварҳои ғарбӣ ҳастанд, гуфтугӯ ва мушкили онҳоро ҳал кунанд.Муллоҳибатуллоҳ дар дастур гуфтааст, он афғонҳое, ки бо баҳонаи мушкилоти иқтисодӣ талош доранд, кишварро тарк кунанд ва иддае бо кӯдакону занони хурдсол ба кишварҳои ғарбӣ мераванд, ба далоили мухталиф бо мушкилоти амниятӣ, ахлоқӣ ва соири мушкилоти башарӣ рӯ ба рӯ мешаванд.Ба гуфтаи раҳбари толибон, муҳоҷирон дар роҳу урдӯгоҳҳо вазъи ногуворе доранд, ки "хонавода ва ҳар як афғонистониро нороҳат мекунад".Вай ҳамчунин гуфтааст, бар асоси бархе аз "барномаҳои муъризона", ақоид, ахлоқ ва арзишҳои маънавии муҳоҷирон бо хатар рӯ ба рӯ мешавад.Ба гуфтаи раҳбари толибон, ин муҳоҷирон барои гирифтани иҷозати иқомат водор мешаванд , ки алайҳи ислом ҳарф бизананд ва асноди қалбакӣ таҳия кунанд.Дар бахше аз ин дастур омадааст: "Ба ҷои ин ки шоистагии бисёре аз онҳо барои рифоҳ ва пешрафти кишвар хориҷ шавад, дар он ҷо сарфи корҳои оддӣ ва ҳатто корҳои ҳақир мешавад".Вай аз волиён даъват кард, ки дар ҳамкорӣ бо "мақомҳои дахлдор ва уламои дин" мустақиман бо онҳое, ки мехоҳанд ба кишварҳои ғарбӣ сафар кунанд, мулоқот кунанд, мушкилоти онҳоро бишнаванд ва дар пайдо кардани роҳи ҳалли онҳо кумак намоянд.Раҳбари толибон дар поёни дастураш қайд кардааст, ки бояд талошҳо барои тадобири амниятӣ афзоиш дода шаванд, то нафароне имкони тарсонидани дигаронро надошта бошаغд ва касе ба хидмат, фаъолияти тоҷирон ва мутахассисон монеъ нашавад.Қобили зикр аст, пас аз он ки толибон ба сари қудрат омаданд, аксари кормандони давлатӣ ва афроди таҳсилкарда хостори тарки Афғонистон шуданд.
https://sputnik.tj/20211207/tolibon-smm-talab-kursi-1043996006.html
https://sputnik.tj/20211206/tolibon-bozgasht-nizomi-sobiq-edom-1043980981.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759827_0:0:2592:1944_1920x0_80_0_0_bd2eda5a755cd4e8595bc6129e22cadb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, мулоҳибатулло, бархурд, ғарб, мушкилот
афғонистон, толибон, мулоҳибатулло, бархурд, ғарб, мушкилот
Роҳбари толибон хостори ҳалли мушкилоти мардум шуд
14:50 08.12.2021 (Навсозишуда: 15:29 08.12.2021) Роҳбари толибон зимни интиқод аз бархӯрди бад бо муҳоҷирони афғонистонӣ дар урдӯгоҳҳои кишварҳои ғарбӣ хостори рафъи мушкилоти паноҳҷӯён барои иқомат ва бозсозии Афғонистон шуд
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи давлати толибон дастурамалеро мунташир кард, ки аз сӯйи Муллоҳибатуллоҳ Охунд, роҳбари ин гурӯҳ хитоб ба волиён дар бораи кумак ба афроде, ки ба дунболи хуруҷ аз ин кишвар ҳастанд, мебошад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ, раҳбари толибон аз волиён хостааст, то ба касоне, ки дар талоши рафтан ба кишварҳои ғарбӣ ҳастанд, гуфтугӯ ва мушкили онҳоро ҳал кунанд.
Муллоҳибатуллоҳ дар дастур гуфтааст, он афғонҳое, ки бо баҳонаи мушкилоти иқтисодӣ талош доранд, кишварро тарк кунанд ва иддае бо кӯдакону занони хурдсол ба кишварҳои ғарбӣ мераванд, ба далоили мухталиф бо мушкилоти амниятӣ, ахлоқӣ ва соири мушкилоти башарӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Ба гуфтаи раҳбари толибон, муҳоҷирон дар роҳу урдӯгоҳҳо вазъи ногуворе доранд, ки "хонавода ва ҳар як афғонистониро нороҳат мекунад".
Вай ҳамчунин гуфтааст, бар асоси бархе аз "барномаҳои муъризона", ақоид, ахлоқ ва арзишҳои маънавии муҳоҷирон бо хатар рӯ ба рӯ мешавад.
Ба гуфтаи раҳбари толибон, ин муҳоҷирон барои гирифтани иҷозати иқомат водор мешаванд , ки алайҳи ислом ҳарф бизананд ва асноди қалбакӣ таҳия кунанд.
Дар бахше аз ин дастур омадааст: "Ба ҷои ин ки шоистагии бисёре аз онҳо барои рифоҳ ва пешрафти кишвар хориҷ шавад, дар он ҷо сарфи корҳои оддӣ ва ҳатто корҳои ҳақир мешавад".
Вай аз волиён даъват кард, ки дар ҳамкорӣ бо "мақомҳои дахлдор ва уламои дин" мустақиман бо онҳое, ки мехоҳанд ба кишварҳои ғарбӣ сафар кунанд, мулоқот кунанд, мушкилоти онҳоро бишнаванд ва дар пайдо кардани роҳи ҳалли онҳо кумак намоянд.
Раҳбари толибон дар поёни дастураш қайд кардааст, ки бояд талошҳо барои тадобири амниятӣ афзоиш дода шаванд, то нафароне имкони тарсонидани дигаронро надошта бошаغд ва касе ба хидмат, фаъолияти тоҷирон ва мутахассисон монеъ нашавад.
Қобили зикр аст, пас аз он ки толибон ба сари қудрат омаданд, аксари кормандони давлатӣ ва афроди таҳсилкарда хостори тарки Афғонистон шуданд.