https://sputnik.tj/20211206/tolibon-bozgasht-nizomi-sobiq-edom-1043980981.html
Толибон: Аз замони бозгашти дубораи мо ҳеҷ низомии собиқ эъдом нашудааст
Толибон: Аз замони бозгашти дубораи мо ҳеҷ низомии собиқ эъдом нашудааст
Sputnik Тоҷикистон
Толибон мегӯянд, аз замони бозгашташон ба қудрат дар 30 август ҳеҷ яке аз аъзои собиқ нерӯҳои амниятии Афғонистон эъдом нашудааст
2021-12-06T21:00+0500
2021-12-06T21:00+0500
2021-12-07T12:01+0500
афғонистон
толибон
эъдом
осиёи марказӣ
сарбозон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434634_0:216:2875:1833_1920x0_80_0_0_32daa923361f716e17b9c6caa5f9b9f3.jpg
ДУШАНБЕ, 6 декабря — Sputnik. Ба гузориши ИСНО, ба нақл аз шабакаи телевизионии “Ал-ҷазира”, ахиран Амрико, Австралия, Белгия, Булғористон, Канада, Дания, Иттиҳоди Аврупо, Финландия, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Нидерландия, Зеландияи Нав, Македонияи Шимолӣ, Лаҳистон, Португалия, Руминия, Испания, Судон, Шветсия, Англия ва Украина дар баёнияи муштараке толибони Афғонистонро ба “эъдоми дастаҷамъона”-и нерӯҳои собиқи пулис муттаҳам ва эълон карданд: "Мо аз гузоришҳо дар бораи куштору нопадидшавии нерӯҳои амниятии собиқи Афғонистон, ки аз ҷониби созмони "Human Rights Watch" ва дигарон рӯи санад омадаанд, сахт нигарон ҳастем".Дар вокуниш ба ин изҳорот Қорӣ Сайиди Хустӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии ҳукумати толибон дар Афғонистон дар як паёми видеоӣ гуфт: "Ин иттилоъ бидуни истинод ба мадорик ва санади мувассақ ироа шудааст ва мо онро рад мекунем"."Ман қатли аъзои собиқи нерӯҳои амниятиро, ки тобистони гузашта сурат гирифта буд, сабт кардаам. Аммо ин қатлҳо ба далели рақобат ва хусумати шахсӣ буданд", - афзуд Хустӣ.Дар ҳамин ҳол Созмони дидбони ҳуқуқи башар ба тозагӣ гузоришеро мунташир кард, ки дар он гуфта мешавад, “қатл ё нопадид шудани иҷбории чаҳор тан аз нерӯҳои амниятии миллии Афғонистонро, ки байни 15 август то 31 октябр тавассути нерӯҳои толибон таслим ва ё боздошт шуда буданд", мустанад мекунад.Ин созмон гуфт, ки дар миёни қурбониён пулис нерӯҳои истихборотӣ ва ҷангҷӯён низ ҳастанд.Сухангӯи Вазорати умури дохилии толибон муттаҳам кардани ин гурӯҳро дар куштор "беадолатона" хонд ва афзуд, "агар кишварҳои Ғарб асноде дошта бошанд, бояд онро мунташир кунанд”.Хустӣ мегӯяд, толибон мутааҳид ба афви умумӣ барои кормандони ниҳодҳои амниятиянд ва ба лутфи ин афв бисёре аз онҳо дар Афғонистон "ором" зиндагӣ мекунанд, ҳатто агар онҳо садҳо толибонӣ ва ғайринизомиро дар тӯли ду даҳаи ҷанги гузашта кушта бошанд.
https://sputnik.tj/20211206/tolibon-tasavurot-nadorand-marz-kujo-meguzarad-1043966115.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434634_72:0:2803:2048_1920x0_80_0_0_caf03883dae5bb940d4f168ee1c5d347.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, эъдом, нерӯҳои амниятӣ, қудрат,
афғонистон, толибон, эъдом, нерӯҳои амниятӣ, қудрат,
Толибон: Аз замони бозгашти дубораи мо ҳеҷ низомии собиқ эъдом нашудааст
21:00 06.12.2021 (Навсозишуда: 12:01 07.12.2021) Толибон мегӯянд, аз замони бозгашташон ба қудрат дар 30 август ҳеҷ яке аз аъзои собиқ нерӯҳои амниятии Афғонистон эъдом нашудааст
ДУШАНБЕ, 6 декабря — Sputnik. Ба гузориши ИСНО, ба нақл аз шабакаи телевизионии “Ал-ҷазира”, ахиран Амрико, Австралия, Белгия, Булғористон, Канада, Дания, Иттиҳоди Аврупо, Финландия, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Нидерландия, Зеландияи Нав, Македонияи Шимолӣ, Лаҳистон, Португалия, Руминия, Испания, Судон, Шветсия, Англия ва Украина дар баёнияи муштараке толибони Афғонистонро ба “эъдоми дастаҷамъона”-и нерӯҳои собиқи пулис муттаҳам ва эълон карданд: "Мо аз гузоришҳо дар бораи куштору нопадидшавии нерӯҳои амниятии собиқи Афғонистон, ки аз ҷониби созмони "Human Rights Watch" ва дигарон рӯи санад омадаанд, сахт нигарон ҳастем".
Дар вокуниш ба ин изҳорот Қорӣ Сайиди Хустӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии ҳукумати толибон дар Афғонистон дар як паёми видеоӣ гуфт: "Ин иттилоъ бидуни истинод ба мадорик ва санади мувассақ ироа шудааст ва мо онро рад мекунем".
"Ман қатли аъзои собиқи нерӯҳои амниятиро, ки тобистони гузашта сурат гирифта буд, сабт кардаам. Аммо ин қатлҳо ба далели рақобат ва хусумати шахсӣ буданд", - афзуд Хустӣ.
Дар ҳамин ҳол Созмони дидбони ҳуқуқи башар ба тозагӣ гузоришеро мунташир кард, ки дар он гуфта мешавад, “қатл ё нопадид шудани иҷбории чаҳор тан аз нерӯҳои амниятии миллии Афғонистонро, ки байни 15 август то 31 октябр тавассути нерӯҳои толибон таслим ва ё боздошт шуда буданд", мустанад мекунад.
Ин созмон гуфт, ки дар миёни қурбониён пулис нерӯҳои истихборотӣ ва ҷангҷӯён низ ҳастанд.
Сухангӯи Вазорати умури дохилии толибон муттаҳам кардани ин гурӯҳро дар куштор "беадолатона" хонд ва афзуд, "агар кишварҳои Ғарб асноде дошта бошанд, бояд онро мунташир кунанд”.
Хустӣ мегӯяд, толибон мутааҳид ба афви умумӣ барои кормандони ниҳодҳои амниятиянд ва ба лутфи ин афв бисёре аз онҳо дар Афғонистон "ором" зиндагӣ мекунанд, ҳатто агар онҳо садҳо толибонӣ ва ғайринизомиро дар тӯли ду даҳаи ҷанги гузашта кушта бошанд.