https://sputnik.tj/20211208/afzoishi-qarzi-berunai-tojikiston-1044012758.html
Афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистон дар нуҳ моҳи ахир
Афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистон дар нуҳ моҳи ахир
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати молия хабар додааст, ки қарзи берунаи тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли расвон 18,4 миллион доллар афзоиш ёфтааст
2021-12-08T11:30+0500
2021-12-08T11:30+0500
2021-12-08T12:13+0500
дар тоҷикистон
вазорати молия
қарзҳо
ммд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101832/43/1018324320_0:26:2000:1151_1920x0_80_0_0_8e7e7af0de2a26dbd5488e48ade00218.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ин вазорат, то якуми октябри соли 2021 ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба 3 миллиарду 262,1 млн. доллар расид.Ҳамин тавр аз оғози соли равон қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 243,7 млн. долларро ташкил медод ва дар ин давра қарз ба миқдори 18,4 млн. доллар зиёд шудааст.Дар сохтори қарзи беруна 96,4 дарсад ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад. Ин қарзҳое мебошанд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалб шудаанд.Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми умумии чунин қарзҳо 11,6 млн доллар афзуда, то якуми октябр 3 млрд 144 млн долларро ташкил додаанд.Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон назди Хазинаи Байналмилалии Асъор, Чин ва Бонки Исломии Рушд то 8,9 млн. доллар кам шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, таносуби қарзи хориҷии Тоҷикистон ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 38,2 дарсадро ташкил медиҳад.Бояд гуфт, ҳадди ниҳоии иҷозашудаи қарзи беруна дар нисбати МДД барои кишварҳои сатҳи даромадашон паст, тибқи тавсияи ниҳодҳои байнулмилалии молӣ, 40%-ро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20211205/tojikiston-milliard-somoni-pardokhti-qarzi-beruni-1043952783.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101832/43/1018324320_223:0:2000:1333_1920x0_80_0_0_b7d20fb8fc0cc5f57b8521b230acbc7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қарзи беруна, қарз, афзоиш, доллар
тоҷикистон, қарзи беруна, қарз, афзоиш, доллар
Афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистон дар нуҳ моҳи ахир
11:30 08.12.2021 (Навсозишуда: 12:13 08.12.2021) Вазорати молия хабар додааст, ки қарзи берунаи Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон 18,4 миллион доллар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ин вазорат, то якуми октябри соли 2021 ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба 3 миллиарду 262,1 млн. доллар расид.
Ҳамин тавр аз оғози соли равон қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 243,7 млн. долларро ташкил медод ва дар ин давра қарз ба миқдори 18,4 млн. доллар зиёд шудааст.
Дар сохтори қарзи беруна 96,4 дарсад ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад. Ин қарзҳое мебошанд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалб шудаанд.
Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми умумии чунин қарзҳо 11,6 млн доллар афзуда, то якуми октябр 3 млрд 144 млн долларро ташкил додаанд.
Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон назди Хазинаи Байналмилалии Асъор, Чин ва Бонки Исломии Рушд то 8,9 млн. доллар кам шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, таносуби қарзи хориҷии Тоҷикистон ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 38,2 дарсадро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ҳадди ниҳоии иҷозашудаи қарзи беруна дар нисбати МДД барои кишварҳои сатҳи даромадашон паст, тибқи тавсияи ниҳодҳои байнулмилалии молӣ, 40%-ро ташкил медиҳад.