Хонандагони тоҷик ба олимпиадаи ИМА мераванд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдТолибилмони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Толибилмони литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар соли равон 156 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ҳабдаҳ толибилми литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмилалие, ки дар ИМА мегузарад, роҳхат гирифтанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо такя ба мудири литсей Сурайё Неъматова.
Гуфта мешавад, ки ин олимпиада моҳи январи соли 2022 дар Техаси ИМА баргузор мешавад.
Ба ҳаракати олимпии литсей 180 нафар хонандагон ворид буда, соли таҳсили 2020-2021 аз 15 олимпиадаи байналмилалӣ 156 медал ба даст овардааст.
Школьники в новой школе района Рудаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Хонандагони тоҷик дар "Ал-Фарғонӣ" соҳиби 7 медал шуданд
Аз ҷумла толибилмони литсей дар олимпиадаи байналмилалии "Дониш", ки дар Анталияи Туркия рӯзҳои 1-10 ноябри соли равон сурат гирифт, ширкат варзида, соҳиби 1 медали тило, 1 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ ва 11 медали гурӯҳӣ гардиданд.
Хонандаи синфи 10 литсей Алиҷон Усмонов аз фанни математика мақоми аввалро ба даст оварда бо медали тило, ҷом ва дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.
Алиҷон Усмонов дар бахши математика 100 холро ба даст овард, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин байни тамоми иштирокчиёни озмун ба ҳисоб меравад.
"Бо ба даст овардани ин нишондиҳанда номбурда имкон пайдо намуд, ки ба таври ройгон ба Академияи туризми Анталия дохил гардида, таҳсили худро идома диҳад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон хонандагон Сафар Ҳасанов соҳиби ҷойи дуюм, Аҳмад Маъруфов, Амир Султонов, Имдод Каҳҳоров, Аслан Нусратшоев, Ясмина Аҳророва ҷойи сеюмро ба даст оварданд, ки натиҷаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Лентаи хабарҳо
0