https://sputnik.tj/20211208/darkhosti-dumilliarddollarii-unisef-najoti-kudakoni-afghoniston-1044014761.html
Ниёзи думиллиарддолларии ЮНИСЕФ барои наҷоти кӯдакони Афғонистон
Ниёзи думиллиарддолларии ЮНИСЕФ барои наҷоти кӯдакони Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони миллал мегӯяд, ки барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии бахши беҳдоштии Афғонистон ва фароҳамсозии хадамоти ҳаётӣ барои кӯдакон ва хонаводаҳои онҳо ба ду миллиард доллар ниёз аст
2021-12-08T12:35+0500
2021-12-08T12:35+0500
2021-12-08T13:49+0500
афғонистон
юнисеф
кӯмак
кӯдак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042896449_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_3267c4675a144d7b8ccb9efc70439f23.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии бахши беҳдоштии Афғонистон ва фароҳамсозии хадамоти ҳаётӣ барои кӯдакон ва хонаводаҳои онҳо ду миллиард доллар лозим аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ба иттилои ин ниҳод, бо ин пул ниёзмандии фаврии беш аз 24 миллион нафар, ки нисфи он кӯдаконанд, рафъ хоҳад шуд.ЮНИСЕФ тахмин задааст, ки нисфи кӯдакони зери синни панҷ сол дар Афғонистон то соли 2022 ба далели буҳрони ғизоӣ ба гуруснагии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд.ЮНИСЕФ мегӯяд, ки ин идора дар сурати дарёфти ду миллиард доллар хадамоти ҳаётиро барои кӯдакони афғон фароҳам карда ва тадовуми ироаи хадамити асосие чун сиҳҳат ва омӯзишро барои онон тазмин хоҳад кард.Хонум Акунга аз кишварҳои донор хоҳиш кард, ки ба дархости башардӯстонаи ЮНИСЕФ посухи мусбат диҳанд ва кӯдакони афғонистониро дастгирӣ кунанд."Мо бояд ҳисси муштараки башарии худро ба ёд оварда ва барои зинда нигоҳ доштани кӯдакон тағзияи дуруст, таъмини масуният ва заминаи омӯзиши онон ҳамкориро анҷом диҳем”, - қайд кард ӯ.
https://sputnik.tj/20211108/sjb-tabobat-kudak-afghoniston-kumak-1043315979.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042896449_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_d64ca218beef3e7a332ba15b8a286c5e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, кӯдакон, юнисеф, наҷот, гуруснагӣ,
афғонистон, кӯдакон, юнисеф, наҷот, гуруснагӣ,
Ниёзи думиллиарддолларии ЮНИСЕФ барои наҷоти кӯдакони Афғонистон
12:35 08.12.2021 (Навсозишуда: 13:49 08.12.2021) Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии бахши беҳдоштии Афғонистон, фароҳамсозии хадамоти ҳаётӣ барои кӯдакон ва хонаводаҳои онҳо ба ду миллиард доллар ниёз аст
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии бахши беҳдоштии Афғонистон ва фароҳамсозии хадамоти ҳаётӣ барои кӯдакон ва хонаводаҳои онҳо ду миллиард доллар лозим аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои ин ниҳод, бо ин пул ниёзмандии фаврии беш аз 24 миллион нафар, ки нисфи он кӯдаконанд, рафъ хоҳад шуд.
"Зимистон оғоз шуд ва бидуни маблағи иловагӣ ЮНИСЕФ ва шариконаш наметавонанд ба кӯдакону оилаҳои ниёзманд кумак расонанд. Миллионҳо кӯдаки афғон дар хатари гуруснагӣ ва марг қарор доранд", - гуфт Эллис Акунга, намояндаи ЮНИСЕФ дар Афғонистон.
ЮНИСЕФ тахмин задааст, ки нисфи кӯдакони зери синни панҷ сол дар Афғонистон то соли 2022 ба далели буҳрони ғизоӣ ба гуруснагии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
ЮНИСЕФ мегӯяд, ки ин идора дар сурати дарёфти ду миллиард доллар хадамоти ҳаётиро барои кӯдакони афғон фароҳам карда ва тадовуми ироаи хадамити асосие чун сиҳҳат ва омӯзишро барои онон тазмин хоҳад кард.
Хонум Акунга аз кишварҳои донор хоҳиш кард, ки ба дархости башардӯстонаи ЮНИСЕФ посухи мусбат диҳанд ва кӯдакони афғонистониро дастгирӣ кунанд.
"Мо бояд ҳисси муштараки башарии худро ба ёд оварда ва барои зинда нигоҳ доштани кӯдакон тағзияи дуруст, таъмини масуният ва заминаи омӯзиши онон ҳамкориро анҷом диҳем”, - қайд кард ӯ.