СҶБ барои табобати 5 ҳазор кӯдак дар Афғонистон кумак фиристод

© Sputnik / Kasra RoyШкольники в Афганистане, архивное фото
Школьники в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Обуна шудан
Кумаки башардӯстона барои табобати 5 000 кӯдаки гирифтори бемориҳое чун дарунравӣ, илтиҳоби шуш, роҳҳои нафас ва дигар маризиҳо равона карда мешавад
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Афғонистон кумаки башардӯстонае иборат аз доруворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои табобати 5 000 кӯдак фиристодааст.
Дар ин бора "Ariana News" бо такя ба баёнияи ин созмон хабар дод.
Гуфта мешавад, кумаки мазкур дар ҳамкорӣ бо ширкати "Qatar Airways" ва Ҳукумати Қатар интиқол дода шудааст.
Кумаки башардӯстона доруҳоеро дар бар мегирад, ки барои табобати 5000 кӯдаки гирифтори камғизоӣ, дарунравӣ, илтиҳоби шуш, сирояти роҳҳои болоии нафас ва дигар бемориҳо истифода мешаванд.
Гумпомощь из Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
100 тонна кумаки башардӯстона дар Тирмиз барои мардуми Афғонистон ҷамъ оварда шуд
Ин созмон таъкид кардааст, ки аз 30 август то кунун чаҳор гурӯҳи кумакҳои башардӯстона бо вазни умумии 60 тонна тавассути Қатар ба Афғонистон интиқол ёфт, ки барои бароварда сохтани ниёзҳои 1,5 миллион нафар кофӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз хуруҷи низомиёни Амрико аз хоки Афғонистон гурӯҳи "Толибон"* амалиёти густурдаеро барои таъсиси назорат бар ин кишвар оғоз намуданд.
Рӯзи 15 август радикалҳо бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ кишварро тарк карданд. Ин гурӯҳ рӯзи 6 сентябр аз таъсиси назорат бар тамоми қаламрави Афғонистон хабар дод ва 7 сентябр ҳайати кобинаи муваққатро эълон кард, ки то ҳол қонунӣ будани онро ҳеҷ кишваре эътироф накардааст.
Лентаи хабарҳо
0