https://sputnik.tj/20211208/bunyodi-korkhonai-parandaparvari-tojikiston-1044016552.html
Бунёди 116 корхонаи парандапарварӣ дар давоми се сол дар Тоҷикистон
Бунёди 116 корхонаи парандапарварӣ дар давоми се сол дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазири кишоварзии Тоҷикистон аз пешравиҳо дар бахши парандапарварӣ таъкид кард
2021-12-08T13:35+0500
2021-12-08T13:35+0500
2021-12-08T14:47+0500
дар тоҷикистон
истеҳсол
кишоварзӣ
рақобат
парандапарварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/60/1030636028_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_1ca6e21a62e467c2dce3c4c31576e531.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ба гуфтаи Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон то оғози моҳи январи соли равон дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 адад расонида шуд, ки нисбат ба се соли охир 116-то зиёд мебошад.Вазири кишоварзии Тоҷикистон зини ҳисоботи худ дар маҷлиси навбатии ҳукумат таъкид кардааст, ки то якуми январи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 9 млн 753 ҳазору 156 сар паранда парвариш карда шуда, 983,1 ҳазор дона тухм ва 30,6 ҳазор тонна гӯшти паранда фароварӣ гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба се соли пешин саршумори паранда — 1,8, истеҳсоли тухм-2,9 ва гӯшт-4,5 баробар зиёд мебошад.Ҳамчунин вазир қайд кард, ки ҳаҷми воридоти гӯшти паранда соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз се баробар коҳиш ёфт.Сулаймон Зиёзода гуфт, татбиқи самаранокии имтиёзҳои ба соҳаи парандапарварӣ пешниҳодшуда нишон дод, ки таъсиси корхонаҳо дар ин соҳа рӯ ба афзоиш ниҳад.Вазири кишварзӣ қайд кардааст, ки дастгирии давлатӣ ба воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ, молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои фароварии хӯроки омехтаи паранда ва чорво, татбиқи боҷи сифрӣ нисбат ба воридоти чорвои молию зотӣ, паранда, ҷалби сармоягузории бештар мусоидат намуда, дар ин замина тавлиди рақобатпазиру содиротӣ афзоиш ёфта, сатҳи даромаднокии хоҷагиҳои кишоварзӣ баланд гардида истодааст.
https://sputnik.tj/20210209/paranda-tukhm-danghara-sodirot-1032790077.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/60/1030636028_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_279489982f490047c148f1762f09254b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парандапарварӣ, вазири кишвоарзӣ, пешравӣ, имтиёз, воридот, тавлид
тоҷикистон, парандапарварӣ, вазири кишвоарзӣ, пешравӣ, имтиёз, воридот, тавлид
Бунёди 116 корхонаи парандапарварӣ дар давоми се сол дар Тоҷикистон
13:35 08.12.2021 (Навсозишуда: 14:47 08.12.2021) Вазири кишоварзии Тоҷикистон аз пешравиҳо дар бахши парандапарварӣ иттилоъ дод
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ба гуфтаи Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон то оғози моҳи январи соли равон дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 адад расонида шуд, ки нисбат ба се соли охир 116-то зиёд мебошад.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон зини ҳисоботи худ дар маҷлиси навбатии ҳукумат таъкид кардааст, ки то якуми январи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 9 млн 753 ҳазору 156 сар паранда парвариш карда шуда, 983,1 ҳазор дона тухм ва 30,6 ҳазор тонна гӯшти паранда фароварӣ гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба се соли пешин саршумори паранда — 1,8, истеҳсоли тухм-2,9 ва гӯшт-4,5 баробар зиёд мебошад.
Ҳамчунин вазир қайд кард, ки ҳаҷми воридоти гӯшти паранда соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз се баробар коҳиш ёфт.
Сулаймон Зиёзода гуфт, татбиқи самаранокии имтиёзҳои ба соҳаи парандапарварӣ пешниҳодшуда нишон дод, ки таъсиси корхонаҳо дар ин соҳа рӯ ба афзоиш ниҳад.
Вазири кишварзӣ қайд кардааст, ки дастгирии давлатӣ ба воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ, молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои фароварии хӯроки омехтаи паранда ва чорво, татбиқи боҷи сифрӣ нисбат ба воридоти чорвои молию зотӣ, паранда, ҷалби сармоягузории бештар мусоидат намуда, дар ин замина тавлиди рақобатпазиру содиротӣ афзоиш ёфта, сатҳи даромаднокии хоҷагиҳои кишоварзӣ баланд гардида истодааст.