https://sputnik.tj/20210209/paranda-tukhm-danghara-sodirot-1032790077.html
Сохтмони бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ дар Данғара
Сохтмони бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ дар Данғара
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи фабрикаи мазкур ба хориҷ содир шаванд: шартнома дар ин ҷода аллакай бо Туркия ва Ӯзбекистон баста шудааст 09.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-09T17:50+0500
2021-02-09T17:50+0500
2021-04-19T16:54+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
данғара
парандапарварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101422/84/1014228495_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_82b9bbd397a73d5a5600ed7f11818656.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар ҷамоати Себистони Данғара бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ бунёд мешавад.Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ, Мадшокир Назаров, раиси "Саноати парандапарварии Тоҷикистон", корхонаи тобеъи вазорати кишоварзӣ хабар дод.Ба гуфтаи вай, фабрикаи мазкур аз сех иборат буда, дар ҳоли бунёдшавӣ қарор дорад."Интизор меравад, коргоҳи парвандапарварӣ дар арафаи таҷлили Наврӯз ё ҷашни Ваҳдат ифтитоҳ шавад", - афзуд Назаров.Иқтидори ғунҷоиши паранда 600 ҳазор сар ва истеҳсоли гӯшт панҷ ҳазор тонна дар як рӯз арзёбӣ мегардад.Мадшокир Назаров таъкид кард, ки гӯшти истеҳсолкардаи коргоҳ асосан ба хориҷ содир хоҳад шуд, ки дар ин ҷода аллакай бо Ӯзбекистон ва Туркия шартнома баста шудааст.Коргоҳ аз ҷониби ширкати "Мармарӣ" бунёд гардида, ҳаҷми сармоягузории онро масъулини кишоварзӣ "махфӣ" гуфтанд.Аммо, қайд кард, раиси "Саноати парандапарварии Тоҷикистон", фабрикаи парандапарварӣ дар Данғара бузургтарин коргоҳ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210209/Immunitet-az-COVID-19-vaziri-qimat-tukhm-1032789888.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101422/84/1014228495_172:0:2901:2047_1920x0_80_0_0_66a4f4ddf0e873625887c3879cf22236.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, данғара, парандапарварӣ
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, данғара, парандапарварӣ
Сохтмони бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ дар Данғара
17:50 09.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Интизор меравад, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи фабрикаи мазкур ба хориҷ содир шаванд: шартнома дар ин ҷода аллакай бо Туркия ва Ӯзбекистон баста шудааст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар ҷамоати Себистони Данғара бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ бунёд мешавад.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ, Мадшокир Назаров, раиси "Саноати парандапарварии Тоҷикистон", корхонаи тобеъи вазорати кишоварзӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, фабрикаи мазкур аз сех иборат буда, дар ҳоли бунёдшавӣ қарор дорад.
"Интизор меравад, коргоҳи парвандапарварӣ дар арафаи таҷлили Наврӯз ё ҷашни Ваҳдат ифтитоҳ шавад", - афзуд Назаров.
Иқтидори ғунҷоиши паранда 600 ҳазор сар ва истеҳсоли гӯшт панҷ ҳазор тонна дар як рӯз арзёбӣ мегардад.
Мадшокир Назаров таъкид кард, ки гӯшти истеҳсолкардаи коргоҳ асосан ба хориҷ содир хоҳад шуд, ки дар ин ҷода аллакай бо Ӯзбекистон ва Туркия шартнома баста шудааст.
Коргоҳ аз ҷониби ширкати "Мармарӣ" бунёд гардида, ҳаҷми сармоягузории онро масъулини кишоварзӣ "махфӣ" гуфтанд.
Аммо, қайд кард, раиси "Саноати парандапарварии Тоҷикистон", фабрикаи парандапарварӣ дар Данғара бузургтарин коргоҳ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.