https://sputnik.tj/20211205/tojikiston-milliard-somoni-pardokhti-qarzi-beruni-1043952783.html
Тоҷикистон қариб 2,2 миллиард сомониро барои пардохти қарзи берунӣ ҷудо кард
Тоҷикистон қариб 2,2 миллиард сомониро барои пардохти қарзи берунӣ ҷудо кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои пардохти қарзи берунӣ дар соли 2022 бе назардошти фоизҳо беш аз 2 миллиарду 179 миллилон сомонӣ маблағ равона мекунад
2021-12-05T16:30+0500
2021-12-05T16:30+0500
2021-12-05T17:10+0500
дар тоҷикистон
маблағ
пул
қарздиҳӣ
хориҷӣ
молия
фоиз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_83:69:1400:810_1920x0_80_0_0_9c6ca3f288eda8e6c96be77ed1c147e9.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Барои пардохти қарзи асосии берунаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 2 миллиарду 179 миллион сомонӣ ҷудо мешавад, омадааст дар қонуни буҷа барои соли 2022. Дар ин қонун, ки ахиран аз ҷониби парлумону президент тасвиб шуд, таъкид гардидааст, ки беш аз 1 миллиарду 186 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта мешавад. Ҳудуди 992 миллион сомонии дигарро корхонаҳо пардохт мекунанд, ки зери кафолати давлатӣ қарз гирифтаанд. Аз ҷумла "Барқи Тоҷик" - 922 миллион, корхонаи "Обу корези Душанбе" - 16,8 миллион, "Тоҷиктрансгаз" - 8,6 миллион, "Помир энерҷӣ" - 11,6 миллион, "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - 25,1 миллион, "Ширкати Алюминийи Тоҷик" - 3,3 миллион ва "Роҳи оҳани Тоҷикистон" - 4,1 миллион сомониро барои пардохти қарзи беруна равона хоҳанд кард. Таъкид шудааст, ки ин пул барои пардохти қарзи асосӣ равона шуда, фоизҳоро дар бар намегирад. Дар қисмати хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти фоизҳои қарзи беруна 1 миллиарду 59 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ахир қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 3,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, Чин ҳамоно аз қарздиҳандаҳои асосии кишвар маҳсуб меёбад.
https://sputnik.tj/20211205/million-digar-pul-fond-zakhiravi-prezident-soli-nav-1043951533.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_156:0:1400:933_1920x0_80_0_0_b8792589b7ad049114092b51de96ae3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қарз, пардохт, хориҷӣ, вазорат, молия, буҷа
тоҷикистон, қарз, пардохт, хориҷӣ, вазорат, молия, буҷа
Тоҷикистон қариб 2,2 миллиард сомониро барои пардохти қарзи берунӣ ҷудо кард
16:30 05.12.2021 (Навсозишуда: 17:10 05.12.2021) Тоҷикистон барои пардохти қарзи асосии берунӣ дар соли 2022, бе назардошти пули фоизҳо, беш аз 2 миллиарду 179 миллилон сомонӣ маблағ равона мекунад
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Барои пардохти қарзи асосии берунаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 2 миллиарду 179 миллион сомонӣ ҷудо мешавад, омадааст дар қонуни буҷа барои соли 2022.
Дар ин қонун, ки ахиран аз ҷониби парлумону президент тасвиб шуд, таъкид гардидааст, ки беш аз 1 миллиарду 186 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта мешавад. Ҳудуди 992 миллион сомонии дигарро корхонаҳо пардохт мекунанд, ки зери кафолати давлатӣ қарз гирифтаанд.
Аз ҷумла "Барқи Тоҷик" - 922 миллион, корхонаи "Обу корези Душанбе" - 16,8 миллион, "Тоҷиктрансгаз" - 8,6 миллион, "Помир энерҷӣ" - 11,6 миллион, "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - 25,1 миллион, "Ширкати Алюминийи Тоҷик" - 3,3 миллион ва "Роҳи оҳани Тоҷикистон" - 4,1 миллион сомониро барои пардохти қарзи беруна равона хоҳанд кард.
Таъкид шудааст, ки ин пул барои пардохти қарзи асосӣ равона шуда, фоизҳоро дар бар намегирад. Дар қисмати хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти фоизҳои қарзи беруна 1 миллиарду 59 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ахир қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 3,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, Чин ҳамоно аз қарздиҳандаҳои асосии кишвар маҳсуб меёбад.