https://sputnik.tj/20211207/shart-ziyorat-makka-1043993697.html
Шартҳои асосии зиёрати Макка дар соли 2022 номбар шудаанд
Шартҳои асосии зиёрати Макка дар соли 2022 номбар шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Зоирине, ки ба Ҳаҷ мераванд, бояд аз карантин гузашта, замимаи махсусро дар телефонашон зеркашӣ кунанд
2021-12-07T15:15+0500
2021-12-07T15:15+0500
2021-12-07T17:08+0500
зиёрати хонаи худо
арабистон
ҳаҷҷи умра
коронавирус
карантин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1e/1031657853_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_0a1e319a7476a857d76969ca853a17ba.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Зоирине, ки ба Арабистони Саудӣ, ба Макка барои зиёрати хонаи Худо мераванд, бояд аз карантин гузаранд, менависад РИА "Новости". Ба гуфтаи муовини раиси Идораи динии мусалмонони Русия, муфтии вилояти Маскав Рӯшан Аббясов, мусалмонон зарур аст, ки дар меҳмонхонаҳо низоми худҷудоиро риоя кунанд.“Пас аз расидан зиёраткунанда бояд дар меҳмонхона се рӯз аз карантин гузарад, аз ин рӯ зарур аст, барои ин муддат ҳуҷра иҷора гирифт ва дар як рӯз се вақт хӯрок фармоиш дод. Пас аз 48 соат, рӯзи сеюм аз санҷиши коронавирус мегузаред ва натиҷи агар манфӣ бошад, метавонед ба зиёрат равед”, - изҳор дошт Аббясов.Илова бар ин зоирин бояд замимаи (приложение) махсусро дар телефон кунанд, то вақти дақиқи зиёрати хонаи Худо ва сабти ном ба умраро аз тариқи он интихоб кунанд. Вай ҳамчунин афзуд, ҳоло маросими зиёратро метавон давоми як рӯз роҳат анҷом дод, зеро дар Макка шумори зоирон зиёд нест.Ёдовар мешавем, мақомоти Арабистони Саудӣ аз якуми январи соли 2022 вуруд ба Макка ва Мадина барои онҳоеро, ки ду вояи ваксинаи Sputnik V-и русиро гирифтаанд, иҷозат додааст. Ҳамзамон зоирин бояд аз ташхиси коронавирус ва аз карантини 48-соатӣ гузаранд. Аммо то ҳол аз Русия ба Арабистони Саудӣ парвози доимӣ вуҷуд надорад. Қаблан Аббясов ҳамчунин эълом карда буд, ки парвозҳои чартерӣ ва тавассути кишварҳои сеюм ташкил хоҳанд шуд. Дар мавриди нарх бошад, гуфта мешавад, сафари маъмулии даҳрӯза 1,5 ҳазор доллар арзиш дорад. Ёдовар мешавем, ки маросими ҳаҷ – зиёрати маконҳои муқаддаси ислом дар Маккаи Арабистони Саудӣ танҳо дар моҳи Зулҳиҷҷа ё “моҳи зиёрат” анҷом мешавад. Дар соли 2022 ин моҳи қамарӣ ба моҳи июл рост меояд. Аммо дар баробари ин хоҳишмандон метавонанд дар ҳар вақти дигари сол Маккаро зиёрат кунанд.
https://sputnik.tj/20211205/arabistoni-saudi-vaksin-sputnik-v-ijozat-vurud-1043953118.html
арабистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1e/1031657853_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1c3df17010aaa072236ad63120cdd3bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шартҳ зиёрати макка хонаи худо арабистон
шартҳ зиёрати макка хонаи худо арабистон
Шартҳои асосии зиёрати Макка дар соли 2022 номбар шудаанд
15:15 07.12.2021 (Навсозишуда: 17:08 07.12.2021) Зоирине, ки ба Ҳаҷ мераванд, бояд аз карантин гузашта, замимаи махсусро дар телефонҳояшон насб кунанд
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Зоирине, ки ба Арабистони Саудӣ, ба Макка барои зиёрати хонаи Худо мераванд, бояд аз карантин гузаранд, менависад РИА "Новости".
Ба гуфтаи муовини раиси Идораи динии мусалмонони Русия, муфтии вилояти Маскав Рӯшан Аббясов, мусалмонон зарур аст, ки дар меҳмонхонаҳо низоми худҷудоиро риоя кунанд.
“Пас аз расидан зиёраткунанда бояд дар меҳмонхона се рӯз аз карантин гузарад, аз ин рӯ зарур аст, барои ин муддат ҳуҷра иҷора гирифт ва дар як рӯз се вақт хӯрок фармоиш дод. Пас аз 48 соат, рӯзи сеюм аз санҷиши коронавирус мегузаред ва натиҷи агар манфӣ бошад, метавонед ба зиёрат равед”, - изҳор дошт Аббясов.
Илова бар ин зоирин бояд замимаи (приложение) махсусро дар телефон кунанд, то вақти дақиқи зиёрати хонаи Худо ва сабти ном ба умраро аз тариқи он интихоб кунанд.
"Барои маросим се соат вақт дода шудааст, шумо метавонед вақтро интихоб кунед. Агар зорони аз ҳад зиёд барои як давраи муайян сабти ном шуда бошанд, интихоби вақти дигарро пешниҳод мекунанд", - шарҳ дод муфтӣ.
Вай ҳамчунин афзуд, ҳоло маросими зиёратро метавон давоми як рӯз роҳат анҷом дод, зеро дар Макка шумори зоирон зиёд нест.
Ёдовар мешавем, мақомоти Арабистони Саудӣ аз якуми январи соли 2022 вуруд ба Макка ва Мадина барои онҳоеро, ки ду вояи ваксинаи Sputnik V-и русиро гирифтаанд, иҷозат додааст.
Ҳамзамон зоирин бояд аз ташхиси коронавирус ва аз карантини 48-соатӣ гузаранд.
Аммо то ҳол аз Русия ба Арабистони Саудӣ парвози доимӣ вуҷуд надорад. Қаблан Аббясов ҳамчунин эълом карда буд, ки парвозҳои чартерӣ ва тавассути кишварҳои сеюм ташкил хоҳанд шуд. Дар мавриди нарх бошад, гуфта мешавад, сафари маъмулии даҳрӯза 1,5 ҳазор доллар арзиш дорад.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҳаҷ – зиёрати маконҳои муқаддаси ислом дар Маккаи Арабистони Саудӣ танҳо дар моҳи Зулҳиҷҷа ё “моҳи зиёрат” анҷом мешавад. Дар соли 2022 ин моҳи қамарӣ ба моҳи июл рост меояд. Аммо дар баробари ин хоҳишмандон метавонанд дар ҳар вақти дигари сол Маккаро зиёрат кунанд.