https://sputnik.tj/20211205/arabistoni-saudi-vaksin-sputnik-v-ijozat-vurud-1043953118.html
Арабистони Саудӣ аз моҳи оянда ба ваксиншудаҳо бо "Спутник V" иҷозати вуруд медиҳад
Арабистони Саудӣ аз моҳи оянда ба ваксиншудаҳо бо "Спутник V" иҷозати вуруд медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Арабистони Саудӣ ба қатори 102 кишваре дохил шуд, ки ба афроди бо ваксинаи "Спутник V" моякӯбӣ шуда, иҷозати вуруд медиҳад
2021-12-05T17:00+0500
2021-12-05T17:00+0500
2021-12-05T17:00+0500
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
арабистони саудӣ
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1039005946_0:127:2560:1567_1920x0_80_0_0_83b4721af0acc0a32ecef271326e0133.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Афроне, ки бо ваксинаи "Спутник V" моякӯбӣ шудаанд, ҳамакнун метавонанд бидуни ягон мушкил вориди Арабистони Саудӣ шаванд.Ин кор дар пайи ҳамкориҳои муштараки Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ ва Сандуқи сармоягузории мустақими Русия (RDIF) бо дастгирии Вазорати сармоягузории ин кишвар ҳосил гардид.Гуфта мешавад, вуруди афроде, ки тавассути ваксини сохти Русия моякӯбӣ шудаанд имкон медиҳад, ки барои зиёрати маконҳои муқаддаси ислом ба шаҳрҳои Макка ва Мадина сафар кунанд.Қаблан, Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дода буд, ки мақомоти Арабистони Саудӣ танҳо ба нафароне иҷозати сафар медиҳад, ки алайҳи бемории коронавирус бо ваксинҳое, ки аз ҷониби Сзмони ҷаҳонии беҳдошт тасдиқ шудаанд, моякӯбӣ шуда бошанд.Аммо, СҶБ то ҳол ваксинаи "Спутник V" -и Русияро тасдиқ накардааст.
https://sputnik.tj/20210728/arabistoni-saudi-haj-umraro-ijozat-1041240107.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1039005946_274:0:2386:1584_1920x0_80_0_0_bcb71048b29de8d485f6974a41100802.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арабистони саудӣ ваксина
Арабистони Саудӣ аз моҳи оянда ба ваксиншудаҳо бо "Спутник V" иҷозати вуруд медиҳад
Арабистони Саудӣ ба қатори 102 кишваре дохил шуд, ки ба афроди бо ваксинаи "Спутник V" моякӯбӣ шуда, иҷозати вуруд медиҳад
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Афроне, ки бо ваксинаи "Спутник V" моякӯбӣ шудаанд, ҳамакнун метавонанд бидуни ягон мушкил вориди Арабистони Саудӣ шаванд.
Ин кор дар пайи ҳамкориҳои муштараки Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ ва Сандуқи сармоягузории мустақими Русия (RDIF) бо дастгирии Вазорати сармоягузории ин кишвар ҳосил гардид.
"ССМР тасмими мақомоти танзимкунандаи Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар бораи иҷозаи вуруд аз 1 январи соли 2022 ба афроде, ки бо "Спутник V" моякӯбӣ шудаанд, эълон мекунад. Арабистони Саудӣ ба рӯйхати 102 давлате шомил шудааст, ки ваксиншудаҳои "Спутник V" метавонанд аз он дидан кунанд", - омадааст дар паём.
Гуфта мешавад, вуруди афроде, ки тавассути ваксини сохти Русия моякӯбӣ шудаанд имкон медиҳад, ки барои зиёрати маконҳои муқаддаси ислом ба шаҳрҳои Макка ва Мадина сафар кунанд.
Қаблан, Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дода буд, ки мақомоти Арабистони Саудӣ танҳо ба нафароне иҷозати сафар медиҳад, ки алайҳи бемории коронавирус бо ваксинҳое, ки аз ҷониби Сзмони ҷаҳонии беҳдошт тасдиқ шудаанд, моякӯбӣ шуда бошанд.
Аммо, СҶБ то ҳол ваксинаи "Спутник V" -и Русияро тасдиқ накардааст.