https://sputnik.tj/20211207/qatiyan-istemol-banan-mumkin-nest-1043986611.html
Барои кӣ истеъмоли банан қатъиян манъ аст?
Барои кӣ истеъмоли банан қатъиян манъ аст?
Sputnik Тоҷикистон
Мевае, ки барои бисёриҳо ошно, муфид ва маҳбуб аст, хатар ҳам дорад. Ғизошинос дар бораи манфиатҳо ва хатарҳои банан суҳбат кард
2021-12-07T12:15+0500
2021-12-07T12:15+0500
2021-12-07T15:31+0500
тандурустӣ
фоида
мева
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102004/81/1020048134_0:106:2999:1792_1920x0_80_0_0_761fef83799e78e1c1e4fed6e4586087.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ғизошинос Татяна Разумовская гуфт, ки банан ба коҳиши кислотаи шарбати меъда ва инчунин пешгирии зардаҷӯш мусоидат мекунад. Ба эътиқоди коршинос, банан барои гастрит муфид аст, аммо дар сурати пайдо шудани бемориҳо ва захми меъдаю рӯда беҳтар аст, ки ин навъи мева аз рӯйхати ғизои ҳаррӯза хориҷ карда шавад. Бананҳои сабз аз натрий бой ҳастанд ва метавонанд ба бемориҳои роҳи пешоб таъсири мусбат дошта бошанд.Меваҳои аз ҳад пухтарасида, ба гуфтаи ғизошинос, метавонанд исҳоловар бошанд ва инчунин боиси варамкунии рӯда ва меъда шаванд. Бананҳо калорияи зиёд доранд, танҳо яктои он барои тавлиди энергия яксоатии варзиши шадид ё кори вазнини ҷисмонӣ кофӣ аст. Бо вуҷуди ин, бояд дар назар дошт, ки меваҳои хушк назар ба меваҳои тару тоза панҷ маротиба зиёдтар калория доранд.Ёдовар мешавем, ки донишмандони чинӣ аз вуҷуди моддаи радиоактивӣ дар таркиби банан хабар дода буданд. Ин хабар дар портали "WeChat" бо истинод ба хулосаи коршиносон мунташир шуда буд.
https://sputnik.tj/20211125/mandarin-foida-zarar-1043757600.html
https://sputnik.tj/20211204/panj-nushoki-kor-maghz-sar-metezonad-1043938645.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102004/81/1020048134_94:0:2825:2048_1920x0_80_0_0_3935ccc740254a8e39c847247c133c04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
банан, тандурустӣ, мева,
Барои кӣ истеъмоли банан қатъиян манъ аст?
12:15 07.12.2021 (Навсозишуда: 15:31 07.12.2021) Мевае, ки барои бисёриҳо ошно, муфид ва маҳбуб аст, хатар ҳам дорад. Ғизошинос дар бораи манфиатҳо ва хатарҳои банан суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ғизошинос Татяна Разумовская гуфт, ки банан ба коҳиши кислотаи шарбати меъда ва инчунин пешгирии зардаҷӯш мусоидат мекунад.
Ба эътиқоди коршинос, банан барои гастрит муфид аст, аммо дар сурати пайдо шудани бемориҳо ва захми меъдаю рӯда беҳтар аст, ки ин навъи мева аз рӯйхати ғизои ҳаррӯза хориҷ карда шавад.
Бананҳои сабз аз натрий бой ҳастанд ва метавонанд ба бемориҳои роҳи пешоб таъсири мусбат дошта бошанд.
Меваҳои аз ҳад пухтарасида, ба гуфтаи ғизошинос, метавонанд исҳоловар бошанд ва инчунин боиси варамкунии рӯда ва меъда шаванд.
Бананҳо калорияи зиёд доранд, танҳо яктои он барои тавлиди энергия яксоатии варзиши шадид ё кори вазнини ҷисмонӣ кофӣ аст.
Бо вуҷуди ин, бояд дар назар дошт, ки меваҳои хушк назар ба меваҳои тару тоза панҷ маротиба зиёдтар калория доранд.
Ёдовар мешавем, ки донишмандони чинӣ аз вуҷуди моддаи радиоактивӣ дар таркиби банан хабар дода буданд.
Ин хабар дар портали "WeChat" бо истинод ба хулосаи коршиносон мунташир шуда буд.