https://sputnik.tj/20211204/panj-nushoki-kor-maghz-sar-metezonad-1043938645.html
Чор нӯшокӣ, ки кори мағзи сарро метезонад
Чор нӯшокӣ, ки кори мағзи сарро метезонад
Sputnik Тоҷикистон
Исбот шудааст, ки ин нӯшокиҳои бояд ба ғизои ҳаррӯза дохил карда шаванд, махсусан дар давраи мактабхонӣ ва кор
2021-12-04T15:00+0500
2021-12-04T15:00+0500
2021-12-04T15:50+0500
тандурустӣ
саломатӣ
илм ва фанноварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103149/84/1031498435_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_1843a922652ae44d5cad1178e87ad355.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар ҷаҳони муосир майнаи инсон ҳар рӯз миқдори зиёди иттилоотро мегузарад, ки барои азхудкунии муқаррарии онҳо тамаркузи баланд ва хотираи фаъол лозим аст. Барои беҳтар кардани фаъолияти мағзи сар ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, аксарияти мо ба истифодаи иловаҳои "интеллектуалӣ" ва иловаҳои гуногуни парҳезӣ муроҷиат мекунем, ки дар робита ба ин маъруфияти онҳо пайваста меафзояд. Бо вуҷуди ин, шумо метавонед бидуни истифодаи дору кори мағзи сари худро тезонед.Sputnik Ӯзбекистон топ панҷ нӯшокии муфидро барои кори мағзи сар пешниҳод мекунад.ҚаҳваИмрӯз қаҳва яке аз маъмултарин нӯшокиҳо ҳисобида мешавад. Он ба шарофати таркиби зиёди кофеин муфидияти баланд дорад. Олимон кайҳо исбот кардаанд, ки ин компоненти мушаххас тамаркуз ва хотираро беҳтар мекунад ва инчунин хатари бемории Алтсгеймерро коҳиш медиҳад. Дар баробари ин, бояд дар хотир дошт, ки на бештар аз чор пиёла дар як рӯз нӯшид.Чойи кабудГарчанде ки чойи сабз нисбат ба қаҳва камтар кофеин дорад, он инчунин консентратсияро беҳтар мекунад. Илова бар ин, як пиёла аз ин нӯшокии рӯҳбахш ба фаъолияти майнаи сар таъсири мусбат мерасонад ва ба бемориҳои гуногун мубориза мебарад.Шарбати афлесунДар шарбати афлесуни тоза фишурдашуда миқдори зиёди витамини С мавҷуд аст, ки барои майнаи сар зарур аст. Исбот шудааст, ки одамони дорои сатҳи баланди ин витамин дар хунашон маълумотро дар хотир нигоҳ доштан ва инчунин омӯхтани забонҳои хориҷиро беҳтар медонанд. КефирКефир аз пробиотикҳо бой аст. Ин нӯшокии ферментшуда ба кори майнаи сар мусоидат мекунад ва инчунин ба афзоиши бактерияҳои муҳим дар бадани инсон мусоидат мекунад. Онҳое, ки кефирро дӯст намедоранд, метавонанд онро бо йогурти бидуни иловаҳо иваз кунанд. Он низ ферментҳоро дар бар мегирад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103149/84/1031498435_56:0:945:667_1920x0_80_0_0_5244829f29ca15b67458db375ef2af14.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
панҷ нӯшокӣ, муфид, ҷаҳон, саломатӣ, тандурустӣ
панҷ нӯшокӣ, муфид, ҷаҳон, саломатӣ, тандурустӣ
Чор нӯшокӣ, ки кори мағзи сарро метезонад
15:00 04.12.2021 (Навсозишуда: 15:50 04.12.2021) Исбот шудааст, ки ин нӯшокиҳои бояд ба ғизои ҳаррӯза дохил карда шаванд, махсусан дар давраи мактабхонӣ ва кор
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар ҷаҳони муосир майнаи инсон ҳар рӯз миқдори зиёди иттилоотро мегузарад, ки барои азхудкунии муқаррарии онҳо тамаркузи баланд ва хотираи фаъол лозим аст.
Барои беҳтар кардани фаъолияти мағзи сар ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, аксарияти мо ба истифодаи иловаҳои "интеллектуалӣ" ва иловаҳои гуногуни парҳезӣ муроҷиат мекунем, ки дар робита ба ин маъруфияти онҳо пайваста меафзояд.
Бо вуҷуди ин, шумо метавонед бидуни истифодаи дору кори мағзи сари худро тезонед.
Sputnik Ӯзбекистон топ панҷ нӯшокии муфидро барои кори мағзи сар пешниҳод мекунад.
Имрӯз қаҳва яке аз маъмултарин нӯшокиҳо ҳисобида мешавад. Он ба шарофати таркиби зиёди кофеин муфидияти баланд дорад.
Олимон кайҳо исбот кардаанд, ки ин компоненти мушаххас тамаркуз ва хотираро беҳтар мекунад ва инчунин хатари бемории Алтсгеймерро коҳиш медиҳад.
Дар баробари ин, бояд дар хотир дошт, ки на бештар аз чор пиёла дар як рӯз нӯшид.
Гарчанде ки чойи сабз нисбат ба қаҳва камтар кофеин дорад, он инчунин консентратсияро беҳтар мекунад.
Илова бар ин, як пиёла аз ин нӯшокии рӯҳбахш ба фаъолияти майнаи сар таъсири мусбат мерасонад ва ба бемориҳои гуногун мубориза мебарад.
Дар шарбати афлесуни тоза фишурдашуда миқдори зиёди витамини С мавҷуд аст, ки барои майнаи сар зарур аст.
Исбот шудааст, ки одамони дорои сатҳи баланди ин витамин дар хунашон маълумотро дар хотир нигоҳ доштан ва инчунин омӯхтани забонҳои хориҷиро беҳтар медонанд.
Кефир аз пробиотикҳо бой аст. Ин нӯшокии ферментшуда ба кори майнаи сар мусоидат мекунад ва инчунин ба афзоиши бактерияҳои муҳим дар бадани инсон мусоидат мекунад.
Онҳое, ки кефирро дӯст намедоранд, метавонанд онро бо йогурти бидуни иловаҳо иваз кунанд. Он низ ферментҳоро дар бар мегирад.