Гуфтугӯи тӯлоние дар пеш аст: Путину Байден чӣ тасмиме мегиранд?

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкЖенева в преддверии саммита президента России В. Путина и президента США Дж. Байдена
Женева в преддверии саммита президента России В. Путина и президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Равобити Маскав ва Вошингтон ташдид шудааст ва Ҷозеф Байден бесаброна гуфтугӯи тӯлонӣ бо Владимир Путинро интизор аст.
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik, Татяна Мишина. Роҳбари Амрико "таклифҳои мушаххас" омодааст кардааст, вале онҳоро ҳанӯз баён накардааст. Мавзуи асосӣ Украина аст. Дар арафаи он тарафҳо мавқеъҳои худро қатъиян баён карданд: Кремл аз хатҳои сурх, Кохи Сафед аз омода кардани "маҷмуаи чораҳо" барои муқобила бо Русия ёдовар шуданд.

Бидуни пахши мустақим

Вохӯрӣ тақрибан соати 18:00 ба вақти Маскав оғоз мешавад. Онҳо тавассути пайванди видеоии бехатар суҳбат хоҳанд кард. Ин гуфтугӯ дар шабакаҳои телевизионӣ пахши нахоҳад дошт. Дмитрий Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия ҳузури хабарнигорон тавзеҳ дод, "кадрҳои аввал нишон дода мешаванд. Аммо, албатта, танҳо аввалин. Ҳама иртибот паси дарҳои баста сурат мегирад." Суҳбат бояд "ба кадри кофӣ мукаммал ва тӯлонӣ бошад". Бо вуҷуди ин ҳеҷ гуна изҳороте дар бораи натиҷаҳои он пахш нахоҳад шуд.
Дар байни авлавиятҳои Маскав таҳлили "чӣ тавр амалӣ гардидани ахду паймони дар Женева ҳосилгардида" матраҳ мебошад. Путин ва Байден равобити дуҷонибаро, ки "дар ҳолати ногувор боқӣ мондаанд", баррасӣ мекунанд, дар бораи авзоъ дар Украина, пешрафти НАТО ва ибтикори ахири раҳбари Русия суҳбат хоҳанд кард.
Президент США Джо Байден (справа) и президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Маълум шуд, ки Путин ва Байден дар тамоси видеоӣ аз чӣ мегӯянд
Рӯзи якуми декабр Путин пешниҳод кард, ки музокироти ҷиддиеро барои кафолатҳои ҳуқуқии тавсеа пайдо накардани паймон ташкил мекунад. Вай ба афзоиши таниш дар марзҳои ғарбӣ ва зарурати “кафолатҳои боэътимод ва дарозмуддати амниятӣ”, яъне кафолатҳои хаттӣ ишора кард. Зеро кишварҳои ғарбии тааҳудоти шифоҳиро риоя намекунанд.
"Умедворам, ки ҳеҷ кас дар бораи убури ба истилоҳ хатти сурх дар мавриди Русия фикр намекунад. Ва он куҷост, мо дар ҳар як ҳолати мушаххас худамон муайян хоҳем кард", - таъкид кард Путин дар ҳамон суханронӣ.
Рӯзи сеюми декабр, пеш аз рафтан ба истироҳат дар Кэмп Дэвид Байден ба хабарнигорон гуфт, ки "хатти сурхи касеро намешиносад". "Мо аз амалкарди Русия кайҳо огоҳ ҳастем ва бовар дорам, ки моро суҳбати тӯлонӣ дар пеш аст", - афзуд ӯ. Баъдтар сухангӯи Кохи Сафед Ҷейн Псаки тавзеҳ дод, ки президентҳо амнияти сойберӣ, суботи стратегӣ ва ҳамчунин мушкилоти минтақаро баррасӣ хоҳанд кард. Байден қасд дорад, бар "нигаронии ИМА аз фаъолияти низомии Русия дар марз бо Украина" таъкид кунад.

Эътиқод ба воқеияти таҷовуз

Моҳҳои ахир Украина ба масъалаи мушкилтарин дар равобити дуҷониба табдил шудааст. Маскав мутмаин аст, ки Киев нияти риояи созишномаҳои Минскро надорад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия мегӯяд, "мо бояд маҷбур кунем, зеро формати Нормандия маҳз барои ҳамин таъсис шудааст, аммо Берлин ва Париж то ҳол дар иҷрои уҳдадориҳои худ кӯтоҳӣ мекунанд”.
Мақомоти Киев гуфтанд, ки худро вобаста ба тавофуқоти Минск намеҳисобанд, онҳо тавонистанд, ки "аз ин дом" раҳо шаванд. Дар ҳамин ҳол вазъи башарӣ дар Донбасс бадтар мешавад.
Подводная лодка Владикавказ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Оё новшиканҳои нерӯи баҳрии ИМА ба ҷанг барои Украина омодаанд?
Пентагон борҳо таъкид кардааст, ки шумори нерӯҳои Русияро дар наздикии марз назорат мекунад. Иёлоти Муттаҳида бо муттаҳидони аврупоии худ бар сари як "маҷмуи чораҳо" кор мекунад, то аз ҳамлаи Русия ба Украина ҷилавгирӣ намояд. Қаблан Вазорати хориҷаи Амрико ҳушдор дода буд, ки дар сурати таҷовуз таҳримҳои "бесобиқа"-е эъмол хоҳанд шуд.
Матбуоти ғарбӣ аз моҳи октябр дар бораи афзоиши ташаннуҷ дар марз ҳарф мезанад. Маскав ёдовар шуд: ҳаракати техникаи низомӣ ва воҳидҳои артиш дар қаламрави ин кишвар кори дохилии Русия аст.
Дар остонаи мулоқоти раҳбарон рӯзномаи "Файнэншл Таймс" ба таври муфассал навишт, чӣ гуна Иёлоти Муттаҳида тайи чанд ҳафта Иттиҳодияи Аврупоро мутақоид мекард, ки Русия ба Украина ҳамла мекунад. Кохи Сафед дар мулоқотҳои дуҷониба, дастаҷамъӣ ва тавассути каналҳои дипломатии Иттиҳодияи Аврупо ба 29 муттаҳиди НАТО дар бораи "мақсадҳои эҳтимолии Кремл" маълумот паҳн кардааст.
Баъзе аз ҳампаймонони Амрико, масалан, Олмон дар ин бора шубҳа доштанд. Як мансабдори аврупоӣ, ки номаш зикр нашудааст, ба хабарнигорон иқрор шудааст, ки вай дар ҳайрат монд: амрикоиҳо он чизеро диданд, ки дар ИА надиданд. Онҳо изҳори назар карданд, ки Русия "агар иғво накунад", ҳеҷ гуна иқдоми таҷовузкорона нахоҳад кард. Аммо хадамоти истихборотии Амрико водор мекард, ки масъалаи матраҳ баррасӣ шавад” - менависад "Файнэншл таймс".
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Cанаи мулоқоти Путин ва Байден маълум шуд
Ҳамчунин бо истинод ба манобеи номаълум рӯзномаи Олмони “Bild” нақшаи ҳамла ба Украинаро нашр кард, ки гӯё Русия онро дар авоили соли 2022 омода мекунад. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар он харита на Лвов, балки Лемберг аст. Дар Олмони муосир ин шаҳр Lwiw номида мешавад. Дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ топоними австро-венгерии Лемберг дар нисбати он истифода мешуд. "Пас, журналистони олмонӣ аз кадом харита кашидаанд?” — пурсид Захарова.

Бо ҳадаф қарор додани Пекин

Ҳукумати Байден НАТО-ро тақвият, интизоми дохилиро таҳким мебахшад. Ин бахусус пас аз натиҷаҳои кори тими Доналд Трамп, ки мавқеъро ба таври возеҳ аз даст додааст, мушоҳида мешавад, мегӯяд Сергей Кислитсин, пажуҳишгари Маркази таҳқиқоти Амрикои Шимолӣ. Эътилоф ба минтақаҳои ғайриҳарбӣ, бахусус амнияти сайберӣ, ки бештар ба бархӯрд бо Пекин вобастааст, на ба Маскав, омӯхта мешавад.
"Аммо дар муносибатҳои Русияву Амрико ҳар гуна муколамаи низомию сиёсӣ имконнопазир аст. Муттаҳидони аврупоӣ, бешубҳа, шоданд, ки амрикоиҳо баргаштанд ва Брюссел ба ширкати Русия манфиатдор нест", - мегӯяд ӯ.

Пас аз шаш моҳ

Нахустин мулоқоти Путин ва Байден рӯзи 16-уми июн дар Женева баргузор шуд. Дар бораи махдуд кардани яроқи стратеги изҳорот қабул гашт. Онҳо нишасти матбуотии муштарак нагузарониданд, ҳар кадоме дар назди ҳавзаи журналистони худ суханронӣ кард.
Баъдан Путин дар бораи тавофуқ дар бораи баргардонидани сафирон ба Маскав ва Вашингтон сухан гуфт (Анатолий Антонов дар моҳи март “барои машварат” рафта буд, Ҷон Салливан дар моҳи апрел). Дар равобити дуҷониба "монеаҳои зиёде" ҷамъ шудаанд, аммо ҷонибҳо тасмим доранд, роҳҳои ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ кунанд.
Байден изҳор дошт, ки Путин "охирин чизе, ки мехоҳад, ҷанги сард аст". Бо вуҷуди ин натиҷаҳои воқеии ин мулоқотро дар давоми шаш моҳ баҳо додан мумкин аст, таъкид кард раҳбари Амрико.

"Ин шаш моҳ паси сар шуд ва муколама ҳарчанд кам бошад ҳам, дар сатҳи ситодҳои ҳарбӣ идома дорад. Ҳамчунин баъзе масъалаҳое вуҷуд доранд, аз қабили пешрафт дар кумаки башардӯстона дар Сурия", - гуфт Алексей Давидов, пажуҳишгари Маркази таҳқиқоти Ховари Миёна.

Шояд суръат метавонад гуногун бошад, аммо Байденро мухолифин - ҷумҳурихоҳон водор ба таъхир менамоянд, илова мекунад манбаъ. Ва рейтинги президент аз замони савганд ба мизони ҳадди ақал, дар моҳи ноябр ба 41 дарсад (он 56 буд) расид.
"Ҳатто агар ягон тавофуқи мусоид барои ҳар ду ҷониб ҳосил шавад ҳам, мухолифон ба эҳтимоли зиёд кӯшиш хоҳанд кард, ки ҳама чизро ба таври манфӣ муаррифӣ кунанд. Масалан, онҳо заъфи Кохи Сафедро дар назди демократҳо эълон хоҳад карданд, ҳукумати Байденро муттаҳам мекунанд, ки кӯшиши ба даст овардани хол дар интихоботи миёндавраии Кунгураро дорад", - гуфт коршинос.
Дар масъалаҳои консулгарӣ муваффақият ба даст овардан мумкин буд. Моҳи апрел даҳ дипломати рус аз Вашингтон ихроҷ шуданд. Маскав посухи шабеҳ дод ва Иёлоти Муттаҳидаро ба рӯйхати кишварҳои ғайридӯст шомил кард. Моҳи октябр амрикоиҳо талаб карданд, ки 55 нафар аз дипломатҳои мо ба Ватанашон баргарданд. Кремл бо ихроҷи нав таҳдид мекунад, аммо Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳар ҳол пешниҳод кардааст, ки Кохи Сафед вазъро барқарор ва аз сифр оғоз кунад.
Флаги Евросоюза, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Қасосгирии Аврупо аз Амрико барои "зарба аз пушт"
Кислитсин бовар дорад, ки чунин иқдоми нек имконпазир аст. Дар хусуси дигаргуниҳои мусбат дар сиёсат ва иқтисод бошад, барои ин ҳанӯз шароит мавҷуд нест. Бо вуҷуди ин, чунон ки Департаменти давлатӣ таъкид кард, гуфтугӯи мустақими мансабдорони олиро бо чизе иваз кардан мумкин нест. Хеле муҳим аст, ки роҳбарон ҳарф зананд ва якдигарро бишнаванд. Ҳадди ақал дар ин бора ақидаҳои тарафҳо комилан мувофиқанд.
Лентаи хабарҳо
0