https://sputnik.tj/20211207/muhriddin-namoyandagon-smm-1043997454.html
Муҳриддин ба намояндагони СММ чӣ гуфт?
Муҳриддин ба намояндагони СММ чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Дар вохӯрӣ аз ҳамкориҳои Тоҷикистону СММ дар бахши таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоӣ гуфта шуд
2021-12-07T16:50+0500
2021-12-07T16:50+0500
2021-12-07T17:36+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
смм
вух-и тоҷикистон
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/07/1043997419_0:85:1200:760_1920x0_80_0_0_c0fd98d8dfa3fd1804df4d171d19962f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Сироҷиддин Суҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳайати бонуфузи Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорати мазкур.Манбаъ меафзояд, вазири тоҷик бо намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақаии дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказии СММ (UNRCCA) Наталя Герман ва мудири Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ Ҷаҳонгир Хон мулоқот кард.Гуфта мешавад, зимни суҳбат тарафҳо аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоӣ ёдоварӣ намуданд.Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақаӣ ва тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ, бавижа Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷоя дар самти мазкур мавриди муқокима қарор гирифтанд.Вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро маҳкум карда, ҷонибдори татбиқи босамари “Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ” ва “Нақшаи амали Дабири кулли СММ ҷиҳати пешгирии ифротгароии хушунатомез” мебошад.
https://sputnik.tj/20211112/sirojiddin-muhriddin-khostor-kumak-afghoniston-1043504957.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/07/1043997419_113:0:1132:764_1920x0_80_0_0_3f55482152389fca988b9452f7cea683.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вух тоҷикистон смм
Муҳриддин ба намояндагони СММ чӣ гуфт?
16:50 07.12.2021 (Навсозишуда: 17:36 07.12.2021) Дар вохӯрӣ аз ҳамкориҳои Тоҷикистону СММ дар бахши таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоӣ гуфта шуд
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Сироҷиддин Суҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳайати бонуфузи Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорати мазкур.
Манбаъ меафзояд, вазири тоҷик бо намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақаии дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказии СММ (UNRCCA) Наталя Герман ва мудири Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ Ҷаҳонгир Хон мулоқот кард.
Гуфта мешавад, зимни суҳбат тарафҳо аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоӣ ёдоварӣ намуданд.
Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақаӣ ва тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ, бавижа Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷоя дар самти мазкур мавриди муқокима қарор гирифтанд.
Вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро маҳкум карда, ҷонибдори татбиқи босамари “Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ” ва “Нақшаи амали Дабири кулли СММ ҷиҳати пешгирии ифротгароии хушунатомез” мебошад.