https://sputnik.tj/20211206/sol-qotili-barodaron-ashurovho-mahkum-1043971806.html
Баъди 24 сол қотилони бародарон Ашӯровҳо маҳкум шуданд
Баъди 24 сол қотилони бародарон Ашӯровҳо маҳкум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди 24 сол қотилони бародарон Ашӯровҳо Валиҷон ва Чӯпонқулро маҳкум кард
2021-12-06T17:20+0500
2021-12-06T17:20+0500
2021-12-06T19:54+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
куштор
ҷанги шаҳрвандӣ
кодекси ҷиноят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101330/06/1013300668_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_a2d0ba39b99b0db46c2f505217141be4.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек– Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ду нафар барои куштори Ашӯровҳо ба 15 соли зиндон маҳкум гардиданд. Ҳукми омилони марги бародарон баъди 24 сол аз лаҳзаи ҷиноят аз сӯйи Додгоҳи Олии Тоҷикистон эълон гардид. Ба иттилои додситонӣ, ин ду нафар, ки узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ будаанд, ҳамроҳи бархе аз шариконашон 14 августи соли 1997 ба хонаи Ашуровҳо дар деҳаи Кирови колхози Дӯстии шаҳри Турсунзода омада, бо таҳдиди куштан аз онҳо маблағ талаб кардаанд. Манбаъ афзуд, ки модари Ашӯровҳо аз дохили хона маблағи 1 ҳазору 200 доллар ва 700 ҳазор рубли тоҷикиро бароварда, ба ҳамлагарон додааст. Аммо номбурдагон бо мақсади ошкор нашудани ин кирдорашон ду фарзанди ин оиларо бо силоҳои оташфишон кушта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Мақомоти додситонию додгоҳӣ баъди 24 сол ду гунаҳкори ин қазияро барои 15-солӣ равонаи зиндони низомаш сахт кардаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан низ мақомоти Тоҷикистон аз муҷозоти омилони ҷиноятҳое хабар дода буданд, ки ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта, замони нооромиҳо дар Тоҷикистон содир шудаанд.
https://sputnik.tj/20211206/munoqisha-margbor-noboligh-zindon-mahkum-1043970716.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101330/06/1013300668_71:0:980:682_1920x0_80_0_0_ceb6d3fb1181468a354dea934cdb9dbe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
додгоҳ, қотилон, ашӯровҳо, ҷазо, ҳукм,
додгоҳ, қотилон, ашӯровҳо, ҷазо, ҳукм,
Баъди 24 сол қотилони бародарон Ашӯровҳо маҳкум шуданд
17:20 06.12.2021 (Навсозишуда: 19:54 06.12.2021) Додгоҳи Олии Тоҷикистон баъди 24 сол қотилони бародарон Ашӯровҳо Валиҷон ва Чӯпонқулро маҳкум ба зиндон кард
ДУШАНБЕ, 6 дек– Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ду нафар барои куштори Ашӯровҳо ба 15 соли зиндон маҳкум гардиданд.
Ҳукми омилони марги бародарон баъди 24 сол аз лаҳзаи ҷиноят аз сӯйи Додгоҳи Олии Тоҷикистон эълон гардид.
Ба иттилои додситонӣ, ин ду нафар, ки узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ будаанд, ҳамроҳи бархе аз шариконашон 14 августи соли 1997 ба хонаи Ашуровҳо дар деҳаи Кирови колхози Дӯстии шаҳри Турсунзода омада, бо таҳдиди куштан аз онҳо маблағ талаб кардаанд.
Манбаъ афзуд, ки модари Ашӯровҳо аз дохили хона маблағи 1 ҳазору 200 доллар ва 700 ҳазор рубли тоҷикиро бароварда, ба ҳамлагарон додааст. Аммо номбурдагон бо мақсади ошкор нашудани ин кирдорашон ду фарзанди ин оиларо бо силоҳои оташфишон кушта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Мақомоти додситонию додгоҳӣ баъди 24 сол ду гунаҳкори ин қазияро барои 15-солӣ равонаи зиндони низомаш сахт кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ мақомоти Тоҷикистон аз муҷозоти омилони ҷиноятҳое хабар дода буданд, ки ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта, замони нооромиҳо дар Тоҷикистон содир шудаанд.