https://sputnik.tj/20211206/qarz-muhojiron-intiqol-amonatbonk-sberbank-1043963371.html
Аз қарз ба муҳоҷирон то интиқоли пул: баррасии ҳамкории ду бонки амонатгузорӣ
Аз қарз ба муҳоҷирон то интиқоли пул: баррасии ҳамкории ду бонки амонатгузорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” дар садри як ҳайат аз Тоҷикистон бо Анатолий Попов, ноиби раиси “Сбербанк”-и Русия густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла пешниҳоди қарз ба муҳоҷиронро баррасӣ кардааст
2021-12-06T13:00+0500
2021-12-06T13:00+0500
2021-12-06T20:37+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонк
ҳамкорӣ
амонатбонк
мулоқот
молия
сбербанк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0c/1040831278_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_3f25093d82a2c0f12987949ba8a58433.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Раёсати “Амонатбонк”-и Тоҷикистон ба мудирони “Сбербанк”-и Русия пешниҳод кардааст, ки дар масъалаи додани қарз ба муҳоҷирон ҳамкорӣ шавад.Тибқи иттилоияи нашркардаи “Амонатбонк”, роҳбарияти “Сбербанк” пешниҳоди ҷудо намудани қарз ба муҳоҷирони меҳнатиро қабул карда, ваъда додааст, ки пас аз омӯзиши масъала дар робита ба он посух медиҳад.Манбаъ инчунин аз имзои созишномаи ҳамкории миёни “Амонатбонк” ва “Сбербанк” хабар дод, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногунро дар бар мегирад.Табодули иттилоот дар бораи шароити иқтисодӣ, молӣ ва сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи боз кардани суратҳисобҳо, интиқоли зуди маблағҳо миёни ду кишвар, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти киберӣ аз бандҳои созишномаи мазкур арзёбӣ шуданд. Инчунин мувофиқа шудааст, ки кормандони “Амонатбонк” дар Донишгоҳи корпоративии "Сбербонк" аз давраҳои омӯзишӣ барои такмили ихтисос бархурдор мешаванд.Барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид шудааст, аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохторҳои ду бонк гурӯҳи кории доимоамалкунанда таъсис дода мешавад, ки татбиқи созишномаи имзошударо пайгирӣ менамояд.
https://sputnik.tj/20211202/qirghiziston-ipoteka-shar-rohandozi-1043896656.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0c/1040831278_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_3c35976a39c093b83b3b70b5f444a902.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамкорӣ, интиқол, маблағ, пул, бонк
ҳамкорӣ, интиқол, маблағ, пул, бонк
Аз қарз ба муҳоҷирон то интиқоли пул: баррасии ҳамкории ду бонки амонатгузорӣ
13:00 06.12.2021 (Навсозишуда: 20:37 06.12.2021) Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” дар садри як ҳайат аз Тоҷикистон бо Анатолий Попов, ноиби раиси “Сбербанк”-и Русия густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла пешниҳоди қарз ба муҳоҷиронро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Раёсати “Амонатбонк”-и Тоҷикистон ба мудирони “Сбербанк”-и Русия пешниҳод кардааст, ки дар масъалаи додани қарз ба муҳоҷирон ҳамкорӣ шавад.
Тибқи иттилоияи нашркардаи “Амонатбонк”, роҳбарияти “Сбербанк” пешниҳоди ҷудо намудани қарз ба муҳоҷирони меҳнатиро қабул карда, ваъда додааст, ки пас аз омӯзиши масъала дар робита ба он посух медиҳад.
Манбаъ инчунин аз имзои созишномаи ҳамкории миёни “Амонатбонк” ва “Сбербанк” хабар дод, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногунро дар бар мегирад.
Табодули иттилоот дар бораи шароити иқтисодӣ, молӣ ва сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи боз кардани суратҳисобҳо, интиқоли зуди маблағҳо миёни ду кишвар, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти киберӣ аз бандҳои созишномаи мазкур арзёбӣ шуданд.
Инчунин мувофиқа шудааст, ки кормандони “Амонатбонк” дар Донишгоҳи корпоративии "Сбербонк" аз давраҳои омӯзишӣ барои такмили ихтисос бархурдор мешаванд.
Барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид шудааст, аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохторҳои ду бонк гурӯҳи кории доимоамалкунанда таъсис дода мешавад, ки татбиқи созишномаи имзошударо пайгирӣ менамояд.