Исрори навбатии Миронов ба ҷорӣ кардани раводид барои муҳоҷирони тоҷик

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкРуководитель фракции политической партии "Справедливая Россия" Сергей Миронов
Руководитель фракции политической партии Справедливая Россия Сергей Миронов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Обуна шудан
Сиёсатмадор бори дувум аст, ки пешниҳод мекунад, барои вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия раводид роҳандозӣ шавад
ДУШАНБЕ, 6 дек– Sputnik. Низоми раводид бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои хориҷиён дар Русия шароити муносиб фароҳам меорад.
Дар ин бора Ренат Каримов, раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ дар суҳбат бо радиои "Говорит Москва" хабар додааст.
Қаблан раиси Ҳизби Русияи одил – барои ҳақиқат Сергей Миронов роҳандозии низоми раводид барои вуруди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русияро пешниҳод карда буд.
Ба ақидаи ӯ, чунин тадбир ҳузури муҳоҷирон, шароити афзоиши ҷинояткорӣ ва вуруди навъҳои нави коронавирус ба ин кишварро маҳдуд мекунад.
Виза в паспорте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Русия
Дар Русия хостори ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон шуданд
Миронов гуфтааст, бояд иқтисоди Русияро аз қувваи кории арзон муҳофизат кард, ки рушди онро суст мекунад. Кори арзон тиҷоратро фосид мекунад, пул барои маош, бозомӯзии коргарон ва такмили технология сарф мешавад.
Сиёсатмадор ҳамзамон нақшаи Маскав барои кам кардани коргарон дар сохтмонро ҷонибдорӣ кардааст.
Каримов таъкид кард, ки Иттифоқи касаба аз таклифҳои Миронов натарсида, баръакс тарафдорӣ мекунад.
"Барои дарёфти раводид муҳоҷир бояд дар ин ҷо корфармо, ҷои хобгоҳ ё манзили иҷора дошта бошад. Корфармо ӯро сабти ном мекунад", - гуфт Каримов.
Дактилоскопическая регистрация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Дар Русия дигарбора аз муҳоҷирон маълумоти биометрӣ талаб мекунанд: ба киҳо дахл дорад?
Вай таъкид кард, ки бисёриҳо аз тарси бе манзил мондан ва андоз барои иҷораи манзил намехоҳанд муҳоҷиронро сабти ном кунанд.

"Агар раводид бошад, пас хуш омадед. Муассисаи давлатии "Жилищник"-и навоҳӣ вазифадор аст, ки шуморо на танҳо поккор гирад, балки вазифадор аст, бо манзил таъмин ва сабти иқомат кунад", — гуфт Каримов.

Вай афзуд, ҷорӣ шудани раводид ба муҳоҷирон на он қадар ба иқтисоди Русия зарба мезанад. Ҳукумати Федератсияи Русия метавонад лоиҳаро бо сабаби нарасидани кадрҳо ва коркарди хеле тӯлонии ҳуҷҷатҳо дастгирӣ накунад.
Ёдовар мешавем, ин бори дувум аст, ки Миронов ҷорӣ кардани низоми раводидро барои муҳоҷирон пешниҳод мекунад.
Қаблан ӯ зимни ҷаласаи Думаи давлатӣ изҳор карда буд, ки ҷорӣ шудани раводид аз эҷоди “анклавҳо дар қаламрави суннатии русҳо” ҷилавгирӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0