Иловаи 34 миллиони дигар: Пули Фонди захиравии президент дар соли нав маълум шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон дарит подарки детям
Эмомали Рахмон дарит подарки детям - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Обуна шудан
Захираи Фонди раисҷумҳур дар соли нав ба андозаи беш аз 34 миллион сомонии дигар афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Фонди захиравии раисҷумҳури Тоҷикистон барои соли 2022 ба маблағи 438 миллиону 540 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин нукта дар қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2022, ки ахиран аз ҷониби парлумону президент ба тасвиб расид, таъкид гардидааст.
Пули захиравии раисҷумҳур дар соли оянда дар муқоиса бо соли равон бештар мебошад. Дар соли 2021 ҳаҷми Фонди захиравии президент ҳудуди 404 миллион сомонӣ муқаррар шуда буд.
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Ҳисоби ҷарима ва боҷу андоз дар Тоҷикистон аз оғози соли 2022 зиёд мешавад: Чӣ қадар?
Маблағҳои ин Фонд бо салоҳдиди раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои хайриявӣ, иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мешаванд.
Аз ҷумла тайи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар бахши маорифу фарҳанг гузаронда мешаванд. Инчунин дар соли 2020 аз пулҳои ин Фонд барои табибоне, ки дар шароити пандемияи коронавирус фаъолият карданд, кумакпулиҳои иловагӣ пардохт гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0