https://sputnik.tj/20211205/talabot-limu-tojikiston-afzoish-1043950462.html
Талабот ба лимӯ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Талабот ба лимӯ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Савдогарон маҳсулоти лимӯпарварони Тоҷикистонро аз майдони парваришашон харидорӣ мекунанд
2021-12-05T12:40+0500
2021-12-05T12:40+0500
2021-12-06T15:59+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
маҳсулот
лимончой
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102834/27/1028342706_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_0f31a843c955252543d72f79c660984a.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили лимӯ оғоз гардид, хабар додааст шабакаи телевизионии "МИР 24".Дар ҷумҳурӣ навъи хоси лимӯ - "Мейера"-ро парвариш мекунанд, ки махсусан миёни кишоварзони вилояти Хатлон машҳур мебошад. Ӯ изҳор кард, ки тухмиҳои "Мейера"-ро ба Тоҷикистон нимаи асри гузашта ворид намудаанд ва иқлими кишвар барои парвариши ин намуди маҳсулот хеле мувофиқ аст. Лимӯпарвари дигар Муртазо Шарипов, пухта расидани лимӯро аз рангаш муайян мекунад. Ӯ изҳор дошт, ки ранги он бояд зарди тира бошад ва зимни ҷамъоварии ҳосил бояд бо думчааш ҷамъоварӣ гардад. Дар акси ҳол ҳосил то харидор намерасад, изҳори боварӣ намуд Шарипов. Таъкид шудааст, ки бо фарорасии фасли сармо талабот ба лимӯ ду баробар афзоиш ёфта, савдогарон онро аз сари замин яклухт мехаранд. Бар асоси гузориши нашршуда, феълан дар бозорҳои Душанбе нархи килои лимӯ ҳудуди як доллар мебошад, аммо баъди чанд ҳафта метавонад поин равад. Дар Тоҷикистон лимӯ дар баробари истифодааш зимни омодасозии ғизо инчунин барои табобати сармозадагӣ низ истифода мешавад.
https://sputnik.tj/20210106/Limparvar-dar-noiyai-ayun---navor-1032581846.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102834/27/1028342706_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_9e960e40a7ae1269f1e149f3b7b53a35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талабот, лимӯ, афзоиш, нарх, парвариш, харидорӣ
талабот, лимӯ, афзоиш, нарх, парвариш, харидорӣ
Талабот ба лимӯ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
12:40 05.12.2021 (Навсозишуда: 15:59 06.12.2021) Фурӯшандаҳо маҳсулоти лимӯпарварони Тоҷикистонро аз сари замин яклухт харид мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили лимӯ оғоз гардид, хабар додааст шабакаи телевизионии
"МИР 24".
Дар ҷумҳурӣ навъи хоси лимӯ - "Мейера"-ро парвариш мекунанд, ки махсусан миёни кишоварзони вилояти Хатлон машҳур мебошад.
"Ин намуди маҳсулот хеле обдор буда, пӯсташ низ тунук аст. Танҳо шустани он кофист ва метавон онро бо пӯсташ истеъмол кард. Ин тавр ҳатто муфидтар аст", - изҳор дошт лимӯпарвар Ғулом Салоҳов.
Ӯ изҳор кард, ки тухмиҳои "Мейера"-ро ба Тоҷикистон нимаи асри гузашта ворид намудаанд ва иқлими кишвар барои парвариши ин намуди маҳсулот хеле мувофиқ аст.
Лимӯпарвари дигар Муртазо Шарипов, пухта расидани лимӯро аз рангаш муайян мекунад. Ӯ изҳор дошт, ки ранги он бояд зарди тира бошад ва зимни ҷамъоварии ҳосил бояд бо думчааш ҷамъоварӣ гардад. Дар акси ҳол ҳосил то харидор намерасад, изҳори боварӣ намуд Шарипов.
Таъкид шудааст, ки бо фарорасии фасли сармо талабот ба лимӯ ду баробар афзоиш ёфта, савдогарон онро аз сари замин яклухт мехаранд.
Бар асоси гузориши нашршуда, феълан дар бозорҳои Душанбе нархи килои лимӯ ҳудуди як доллар мебошад, аммо баъди чанд ҳафта метавонад поин равад.
Дар Тоҷикистон лимӯ дар баробари истифодааш зимни омодасозии ғизо инчунин барои табобати сармозадагӣ низ истифода мешавад.