Лимӯпарварӣ дар ноҳияи Ҷайҳун - навор

Обуна шудан
Лимӯ ҳамчун бренди вилояти Хатлон шинохта шудааст. Зеро дар аксар навоҳии водии Вахш лимӯи машҳури тоҷикӣ парвариш карда мешавад

Дафтари матбуоти вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки дар тӯли солҳои таҷрибаи селексионерҳои маҳаллӣ муваффақ шуданд, ки навъи ситрусиҳои ба таъсири беруна тобоварро ихтироъ кунанд ва на танҳо таҷрибаи худ, балки ниҳолҳои дарахтони лимӯро низ ба хоҷагиҳои дигар интиқол диҳанд.

Лимӯи ба зимистон тобовар — ифтихори деҳқонони маҳаллист. Як замон ин навъ “Мейер” ном дошт. Беҳтар аз ҳама, он дар вилояти Хатлон нашъунамо мекунад.

На рынке в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Аз 7 ба 40 сомонӣ гарон шуд: ҷаҳиши нархи лимӯ дар Хатлон

Дар тӯли 80 соли парвариш он ба худ номи “Хатлонӣ” гирифт. Меваҳои он калонанд, пӯстлохи зарди торик доранд ва мағзи он бӯи қавӣ ва таъми ширин дорад. Сифатҳои афзалиятноки “Хатлонӣ” бо ин анҷом намеёбанд. Он ҳосили хеле калон медиҳад — аз даҳ сотих ду тонна.

Дар як сол чанд маротиба ҳосил медиҳад. Хотиррасон мекунем, ки дар Тоҷикистон беш аз сад сол инҷониб лимӯ парвариш карда мешавад.

Имрӯз дар қаламрави мамлакат қариб 2 ҳазор гектарро боғҳои лимӯпарварӣ ишғол намудаанд, ки ҳар сол зиёда аз 50 ҳазор тонна ҳосил медиҳанд.

Лимӯҳои тоҷикӣ бо пӯсти тунук ва бӯи хуши худ фарқ дошта, талабот ба онҳо дар хориҷа хеле зиёд аст.

Қисми зиёди ҳосил ба кишварҳои шимол, аз қабили Русия, Чин ва Қазоқистон содир мешаванд.

Ҳосили лимӯ дар Тоҷикистон аз охири моҳи октябр то охири декабр ҷамъоварӣ ва тақрибан нисфи он ба хориҷи мамлакат содир мешавад.

Лентаи хабарҳо
0