https://sputnik.tj/20211205/iz-angusht-muhojiron-rusiya-girifta-nameshavad-1043951397.html
Маълум шуд, ки изи ангушти кадом муҳоҷирон дар Русия гирифта намешавад
Маълум шуд, ки изи ангушти кадом муҳоҷирон дар Русия гирифта намешавад
Sputnik Тоҷикистон
Аз 29 декабр гирифтани изи ангушт барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ҳатмӣ мешавад
2021-12-05T14:00+0500
2021-12-05T14:00+0500
2021-12-05T14:00+0500
муҳоҷират
изи ангушт
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102116/51/1021165184_0:145:2919:1786_1920x0_80_0_0_b1cae576b06f1317a62dc7c32f348c68.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Русия бархе аз тоифаҳои муҳоҷирон аз гирифтани изи ангушт ва аксбардории ҳатмӣ озод хоҳанд шуд. Дар ин бора ТАСС бо такя ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия менависад.Ҳамин тариқ, шаҳрвандони Беларус ва хориҷиёни то шашсола аз ин тартиб озоданд. Илова бар ин, дипломатҳо, кормандон ва ҳайати маъмурию техникии атташеҳои низомӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ ва дигар мақомоти давлатии кишварҳо аз гирифтани изи ангушт ва аксбардорӣ озод карда мешаванд. Ҳамчунин изи ангушти пайвандони онҳо низ гирифта намешавад. Маълумоти дахлдор дар лоиҳаи фармони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оварда шудааст.Ёдовар мешавем, ки дар Русия аз 29 декабр муҳоҷирони корӣ ва шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки ба муддати беш аз 90 рӯз вориди ин кишвар мешаванд, бояд ҳатман изи ангушт ва аксбардорӣ гузаранд. Пас аз он ба хориҷиён ҳуҷҷате дода мешавад, ки метавонад дар шакли корти пластикӣ бо чипи электронӣ таҳия карда шавад. Дар ин шакл, агар аз ҷиҳати техникӣ имконпазир бошад, пешниҳод карда мешавад ва дар ҳолатҳои дигар, шаҳодатнома бе он дода мешавад. Дар тарафи пеши карта сурати ранга ё сиёҳу сафед, рақамгузории мушаххаси ҳуҷҷат, насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва ҷинс гузошта мешавад.
https://sputnik.tj/20210904/talaboti-nav-muhojiron-rusiya-1042054406.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102116/51/1021165184_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_84135ad98ab3266108fa86d69980495f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия муҳоҷирон
Маълум шуд, ки изи ангушти кадом муҳоҷирон дар Русия гирифта намешавад
Аз 29 декабр гирифтани изи ангушт барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ҳатмӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Русия бархе аз тоифаҳои муҳоҷирон аз гирифтани изи ангушт ва аксбардории ҳатмӣ озод хоҳанд шуд. Дар ин бора ТАСС бо такя ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия менависад.
Ҳамин тариқ, шаҳрвандони Беларус ва хориҷиёни то шашсола аз ин тартиб озоданд.
Илова бар ин, дипломатҳо, кормандон ва ҳайати маъмурию техникии атташеҳои низомӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ ва дигар мақомоти давлатии кишварҳо аз гирифтани изи ангушт ва аксбардорӣ озод карда мешаванд. Ҳамчунин изи ангушти пайвандони онҳо низ гирифта намешавад. Маълумоти дахлдор дар лоиҳаи фармони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия аз 29 декабр муҳоҷирони корӣ ва шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки ба муддати беш аз 90 рӯз вориди ин кишвар мешаванд, бояд ҳатман изи ангушт ва аксбардорӣ гузаранд. Пас аз он ба хориҷиён ҳуҷҷате дода мешавад, ки метавонад дар шакли корти пластикӣ бо чипи электронӣ таҳия карда шавад.
Дар ин шакл, агар аз ҷиҳати техникӣ имконпазир бошад, пешниҳод карда мешавад ва дар ҳолатҳои дигар, шаҳодатнома бе он дода мешавад. Дар тарафи пеши карта сурати ранга ё сиёҳу сафед, рақамгузории мушаххаси ҳуҷҷат, насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва ҷинс гузошта мешавад.