https://sputnik.tj/20210728/arabistoni-saudi-haj-umraro-ijozat-1041240107.html
Арабистони Саудӣ барои хориҷиён ҳаҷи умраро иҷозат дод: ба киҳо ва аз кай
Арабистони Саудӣ барои хориҷиён ҳаҷи умраро иҷозат дод: ба киҳо ва аз кай
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷи умра ба нафароне иҷозат дода шуд, ки бо ваксинҳои тасдиқшудаи Арабистони Саудӣ эмгузаронӣ шудаанд ва ё ташхиси манфӣ аз коронавирусро дошта бошанд
2021-07-28T16:00+0500
2021-07-28T16:00+0500
2021-07-28T17:06+0500
дар ҷаҳон
ҳаҷ
арабистони саудӣ
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032653342_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_afa9fa70a3f1d4030f5a9b4e7d4a95fa.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Ҳукумати Арабистони Саудӣ ахиран барои хориҷиён ҳаҷи хурд ва ё умраро иҷозат дод, хабар медиҳад Gulf News.Бар хабари манбаъ, қабули зоирон аз 10 август шурӯъ мешавад. Барои мусалмонони хоҳишманди ҳаҷ зарур аст, ки бо яке аз ваксинҳое чун Pfizer, Moderna, Johnson&Johnson, AstraZeneca эм дошта бошанд ва ё ташхиси сиҳат будан аз коронавирусро пешниҳод кунанд.Илова бар ин, зоирон аснои вуруд шудан ба Арабистони Саудӣ бояд ҳатман ба қарантин раванд ва пас аз он ташхиси такрориро месупоранд.Ёдовар мешавем, ки ҳаҷи акбар имсол аз 17 то 22 июл сурат гирифт. Мисли соли гузашта, танҳо сокинони Арабистони Саудӣ ва хориҷиёне, ки дар ин кишвар иқомат мекунанд, ҳаққи зиёрати хонаи Худоро доштанду халос.Инҳо ҳам сокинони аз 18 то 65 - сола буданд, ки алайҳи маризиии коронавирус ваксинзанӣ шудаанд.Барои боқимондаҳо ба ҷо овардани ҳаҷ номумкин буд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032653342_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_b2cedaa4e00c5e670d1b6dc0dbfafc2c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арабистони саудӣ ҳаҷ
Арабистони Саудӣ барои хориҷиён ҳаҷи умраро иҷозат дод: ба киҳо ва аз кай
16:00 28.07.2021 (Навсозишуда: 17:06 28.07.2021) Ҳаҷи умра ба нафароне иҷозат дода шуд, ки бо ваксинҳои тасдиқшудаи Арабистони Саудӣ эмгузаронӣ шудаанд ва ё ташхиси манфӣ аз коронавирусро дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Ҳукумати Арабистони Саудӣ ахиран барои хориҷиён ҳаҷи хурд ва ё умраро иҷозат дод, хабар медиҳад
Gulf News.
Бар хабари манбаъ, қабули зоирон аз 10 август шурӯъ мешавад. Барои мусалмонони хоҳишманди ҳаҷ зарур аст, ки бо яке аз ваксинҳое чун Pfizer, Moderna, Johnson&Johnson, AstraZeneca эм дошта бошанд ва ё ташхиси сиҳат будан аз коронавирусро пешниҳод кунанд.
Илова бар ин, зоирон аснои вуруд шудан ба Арабистони Саудӣ бояд ҳатман ба қарантин раванд ва пас аз он ташхиси такрориро месупоранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷи акбар имсол аз 17 то 22 июл сурат гирифт. Мисли соли гузашта, танҳо сокинони Арабистони Саудӣ ва хориҷиёне, ки дар ин кишвар иқомат мекунанд, ҳаққи зиёрати хонаи Худоро доштанду халос.
Инҳо ҳам сокинони аз 18 то 65 - сола буданд, ки алайҳи маризиии коронавирус ваксинзанӣ шудаанд.
Барои боқимондаҳо ба ҷо овардани ҳаҷ номумкин буд.