Мясников доруи маъмулеро ном бурд, ки инсонро кар мекунад

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкГлавврач ГКБ им. Жадкевича Александр Мясников
Главврач ГКБ им. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Обуна шудан
Пизишки машҳури рус мегӯяд, истифодаи бемаҳдуди антибиотикҳо инсонро кар мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Истеъмоли беназорати антибиотикҳо метавонад ба оқибатҳои хатарнок, аз ҷумла ношунавоӣ оварда расонад, гуфт табиб ва барандаи телевизион Александр Мясников дар эфири шабакаи телевизионии "Россия 1".

"Бисёр антибиотикҳо ба шунавоӣ таъсири манфӣ доранд ва ресепторҳои шунавоии моро вайрон мекунанд", - гуфт ӯ.

Пизишк қайд кард, ки дар баробари кам шудани шунавоӣ табобат аз тариқи антибиотики бидуни назорати пизишк метавонад ба гурда низ таъсири манфӣ расонад.
Главный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Мясников ягона роҳи муҳофизат аз штамми нави "омикрон"-ро гуфт
"Ин навъи доруҳо гурдаҳоро нобуд мекунад. Баъзан ҳатто инсонро то афтодан ба шуъбаи эҳё беҳол мекунанд <...> Онҳо тавозуни баданро иваз мекунанд, ба он оварда мерасонанд, ки калий аз ҷисми шумо шуста мешавад. Одамон дар паи аз кор мондани дил мемиранд", - шарҳ дод духтур.
Зарба ба қалб: чӣ гуна коронавирус инсонро мекушад?
Ин доруҳо, ба гуфтаи мутахассис, инчунин метавонанд осеби буғумҳо ва осеби заҳролудшавии ҷигарро ба вуҷуд оранд.
Мясников гуфт, истифодаи як нӯшокии маъмул ҳангоми зуком қатъиян манъ аст
Антибиотик - аслиҳаи дасти одами ғайрикасбист, гуфт дар хотима Мясников.
Лентаи хабарҳо
0