Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мясников ягона роҳи муҳофизат аз штамми нави "омикрон"-ро гуфт

© Sputnik / Владимир ПесняГлавный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников
Главный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Обуна шудан
Мутахассиси рус дар бораи роҳҳои пешгирии таҳаввули нави COVID-19 гуфт
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Пизишк ва муҷрии телевизион Александр Мясников дар мусоҳиба бо "Хадамоти иттилоотии ҷамъиятӣ" ягона роҳи муҳофизат аз штаммҳои нави коронавирусро гуфт.
Вай қайд кард, ки штамми нав дар шумораи ками афроди ваксинашуда пайдо шудааст ва афзуд, ки танҳо реваксинатсия барои муҳофизат мусоидат мекунад.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Штамми нави "омикрон" - чӣ гуна аст ва чӣ хатар дорад
Мутахассис шарҳ дод, ки мушкилоти эҳтимолӣ бо "омикрон" дар он аст, ки ваксинаҳо протеини сафедаро пурра фаро мегиранд, аммо бо ҳама мутатсияҳо мубориза намебаранд.
Яъне, ҳар қадаре, ки вирус таҳаввули пайдо кунад, таъсири ваксинаҳо ҳамон қадар камтар мешавад.

"То ҳол муҳофизат танҳо ваксина аст. Ва эҳтимол ислоҳи ваксинаҳо лозим аст. Ҳоло ин корҳо давом доранд. Аз ҷумла эҷоди ваксинаи нафасӣ", - афзуд табиб.

Мясников ҳамчунин қайд кард, ки тибқи мантиқи раванди эволютсионӣ, суръати паҳншавии коронавирус бештар мешавад, аммо таъсири марговариаш коҳиш хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки штамми нави эҳтимолан хатарноки коронавирус дар Африқои Ҷанубӣ пайдо шуд. Омикрон 43 тафовут дорад, дар ҳоле ки "делта" ҳамагӣ 18-то дошт.
Карантинный центр в Коммунарке во время пандемии коронавируса COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
СҶБ дар воҳима: "омикрон" метавонад боиси марги оммавӣ гардад
Тағйироти асосӣ дар минтақаи сафедаи бо ҳуҷайраҳои инсон пайвастшуда ба амал омад. Ин маънои онро дорад, ки коронавирус ба бадани инсон мутобиқ шудааст.
Яке аз нишонаҳои штамми коронавируси "омикрон" ин эҳсоси хастагӣ ва тез шудани тапиши дил мебошад, аммо бӯй ва мазза гум намешавад.
Лентаи хабарҳо
0