https://sputnik.tj/20211203/rusgidro-iqtidori-obii-tojikiston-istifoda-1043923550.html
“РусГидро”: Иқтидори обии бузурги Тоҷикистон бояд истифода шавад
“РусГидро”: Иқтидори обии бузурги Тоҷикистон бояд истифода шавад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи ширкати “РусГидро”-и Русия бар он аст, ки Тоҷикистон дар бахши энержи ва энержии сабз аз имкониятҳои васеъ бархурдор аст
2021-12-03T17:05+0500
2021-12-03T17:05+0500
2021-12-03T19:26+0500
дар тоҷикистон
энергетика
иқтидор
нбо роғун
энержӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/03/1043923455_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_29f28a35944e3a6a25f01235aae65435.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Сергей Мачехин, муовини мудири кулли барномаҳои муҳандисӣ, рушди устувор ва ҳамкориҳои байналмилалии ширкати “РусГидро” дар Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав таъкид кард, ки аксарият аз кори нерӯгоҳҳои барқи обӣ иттилои дуруст надоранд.Вай афзуд, Русия чунин тадқиқотро дар иншооти худаш анҷом медиҳад ва агар лозим бошад, "омода ҳастем, натиҷаҳои онро пешниҳод намоем".Сергей Мачехин таъкид кард, дар қаламрави кишварҳои кӯҳӣ амалан ҳеҷ мушкили таъсири газҳои гармхонаӣ аз обанборҳо надоранд, балки баръакс дар ин кишварҳо коҳишёбии гази карбон бештар ба назар мерасад.Ҳамзамон оқои Мачехин НБО "Роғун"-ро як нерӯгоҳ нодир хонд ва гуфт, айни замон он ҷузъи лоиҳаи CASA-1000 мебошад.“Албатта, дар Тоҷикистон ҳанӯз иқтидори бузурги обӣ вуҷуд дорад, ки бояд истифода шавад. Ва ҳамаи мо дар бораи дигар объектҳо медонем. Мо таърихан бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунем ва дорои таҷрибаи бузург, дониш ва ҳалли муҳандисӣ дорем. Дар мисоли Точикистон ва НБО-и "Роғун" метавон хулоса кард, ки на ҳама ширкатҳои бузурги ҷаҳонии энергетикӣ хости фармоишгарро дарк мекунанд”, - илова кард муовини мудири кулли барномаҳои муҳандисӣ, рушди устувор ва ҳамкориҳои байналмилалии ширкати “РусГидро”.Инчунин ӯ зикр кард, ки истифодаи оқилонаи об дар кишварҳои Осиёи Миёна на танҳо тамоюли имрӯза, балки зарурат низ мебошад.Вай гуфт, технологияи нави обёрӣ ва технологияи обёрии қатрагӣ ба ҳама кайҳо боз маълум аст, бинобар ин ҳатто дар ҳудуди Осиёи Марказӣ васеъшавии онҳо боиси тағйири назарраси тавозуни обу энержӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20211202/sherali-kabir-fursat-qudratgiri-tojikiston-nav-rasid-1043905402.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/03/1043923455_34:0:2765:2048_1920x0_80_0_0_d9aacb83f6d3fb799e0a81449d46f317.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, энержӣ, русгидро, энержии сабз, иқтидор, об
тоҷикистон, энержӣ, русгидро, энержии сабз, иқтидор, об
“РусГидро”: Иқтидори обии бузурги Тоҷикистон бояд истифода шавад
17:05 03.12.2021 (Навсозишуда: 19:26 03.12.2021) Намояндаи ширкати “РусГидро”-и Русия бар ин назар аст, ки Тоҷикистон дар бахши энержӣ ва энержии сабз аз имкониятҳои васеъ бархурдор аст
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Сергей Мачехин, муовини мудири кулли барномаҳои муҳандисӣ, рушди устувор ва ҳамкориҳои байналмилалии ширкати “РусГидро” дар Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав таъкид кард, ки аксарият аз кори нерӯгоҳҳои барқи обӣ иттилои дуруст надоранд.
“Ман ба энергетикияи сабз дар Осиёи Миёна боварии комил дорам. Аксарият кори нерӯгоҳи барқи обиро хуб намефаҳманд. Обанборҳое, ки барои кори нерӯгоҳҳои барқи обӣ истифода мешаванд, аз қобилияти маҳвсозии гази карбонро бархурдоранд”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, Русия чунин тадқиқотро дар иншооти худаш анҷом медиҳад ва агар лозим бошад, "омода ҳастем, натиҷаҳои онро пешниҳод намоем".
Сергей Мачехин таъкид кард, дар қаламрави кишварҳои кӯҳӣ амалан ҳеҷ мушкили таъсири газҳои гармхонаӣ аз обанборҳо надоранд, балки баръакс дар ин кишварҳо коҳишёбии гази карбон бештар ба назар мерасад.
Ҳамзамон оқои Мачехин НБО "Роғун"-ро як нерӯгоҳ нодир хонд ва гуфт, айни замон он ҷузъи лоиҳаи CASA-1000 мебошад.
“Албатта, дар Тоҷикистон ҳанӯз иқтидори бузурги обӣ вуҷуд дорад, ки бояд истифода шавад. Ва ҳамаи мо дар бораи дигар объектҳо медонем. Мо таърихан бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунем ва дорои таҷрибаи бузург, дониш ва ҳалли муҳандисӣ дорем. Дар мисоли Точикистон ва НБО-и "Роғун" метавон хулоса кард, ки на ҳама ширкатҳои бузурги ҷаҳонии энергетикӣ хости фармоишгарро дарк мекунанд”, - илова кард муовини мудири кулли барномаҳои муҳандисӣ, рушди устувор ва ҳамкориҳои байналмилалии ширкати “РусГидро”.
Инчунин ӯ зикр кард, ки истифодаи оқилонаи об дар кишварҳои Осиёи Миёна на танҳо тамоюли имрӯза, балки зарурат низ мебошад.
Вай гуфт, технологияи нави обёрӣ ва технологияи обёрии қатрагӣ ба ҳама кайҳо боз маълум аст, бинобар ин ҳатто дар ҳудуди Осиёи Марказӣ васеъшавии онҳо боиси тағйири назарраси тавозуни обу энержӣ мегардад.