https://sputnik.tj/20211203/nato-chorroha-kishvarhoi-sohil-baltika-omodaand-mushakho-amrikoro-dihand-1043925065.html
НАТО дар чорроҳа: кишварҳои Соҳили Балтика омодаанд мушакҳои Амрикоро ҷо диҳанд?
НАТО дар чорроҳа: кишварҳои Соҳили Балтика омодаанд мушакҳои Амрикоро ҷо диҳанд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО дар пойтахти Латвия аз 30 ноябр то 1 декабр бар аҳамияти хоси “Ҷабҳаи Балтика” дар муборизаи бемаънӣ бо Русия таъкид шуд
2021-12-03T17:47+0500
2021-12-03T17:47+0500
2021-12-03T17:47+0500
има
ҷанг
аврупо
марз
муқобила
рақобат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103149/42/1031494285_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_ba139cffc536984941303a297d36ec53.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Изҳороти рӯшантарин дар ҷараёни нишаст ва баъд аз он дар Рига аз ҷониби дабири кулли Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ Йенс Столтенберг садо дод:— дар Аврупои Шарқӣ чойгир кардани силоҳи ядроӣ эҳтимол дорад;- кишварҳои НАТО барои Украина бо Федератсияи Русия ҷанг намекунанд;- Русия наметавонад доираи нуфуз дошта бошад, ҳатто фикре, ки Русия метавонад доираи нуфузи худро дошта бошад, қобили қабул нест.Ба ғайр аз ин суханон машқгоҳи Латвия, Адази тӯпҳо садо баланд карданд, ҷангандаҳо бо ғурриш карданд, зиёда аз 1500 нафар низомии Албания, Чехия, Италия, Исландия, Канада, Черногория, Лаҳистон, Словакия, Словения, Испания дар формати машқҳои “Сипари Зимистонии НАТО 2021” (22 ноябр - 4 декабр) шитоб мекард. Ҳамзамон 3000 нафар низомии ННМ дар манёврҳои сарҳадии “The Decisive Point” (14 ноябр – 12 декабр) тамрин карданд.Намоиши пурғавғои ин иттиҳод дар Соҳили Балтикаро сайри танкии вазири корҳои хориҷии Бритониё Лиза Трасс, ки тақрибан дар 200-километрии Санкт-Петербург аст, ҷолибтар кард. Тасаввур кардан душвор аст, ки "баромади зиреҳпӯшҳо"-и мушобеҳи вазири Русия Сергей Лавров дар ҷое дар наздикии Гродно ё дар Шотландия сурат гирад, аммо мо ба бозиҳои мусаллаҳи "шарикон" одат кардаем.Аккорди ниҳоӣ таҳдиди Вашингтон барои андешидани чораҳои молӣ ва иқтисодӣ алайҳи Маскав буд, ки "дар посух ба иқдомҳои душманонаи Русия" (иқтибос аз суханронии котиби матбуотии Кохи Сафед Ҷен Псаки) дар Донбасс гуфта мешуд.Албатта, истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи РФ дар Украина танҳо ба тасмимҳои худкушии режими Киев вобаста аст. Қаблан Хадамоти истихбороти хориҷӣ изҳороти Департаменти давлатии ИМА дар бораи тамаркузи нерӯҳо дар қаламрави Русия барои таҷовузи низомӣ ба Украинаро дурӯғи мутлақ номида буд.“Drang nach Osten”-и ҳастаӣМаълум аст, ки дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг бидуни сигнали Вашингтон сухани изофӣ намегӯяд ва монологи ӯ дар бораи ҷойгир кардани силоҳи ҳастаии Амрико дар "шарқи Олмон" таҳқир карда мешавад. Қаблан Столтенберг айнан чунин гуфта буд: "Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Олмон аз Пентагон иҷоза гирифт, дар сурати зарурат аз силоҳи ҳастаии амрикоие, ки дар қаламрави ин кишвар маҳфуз аст, истифода кунад."Муносибати комилан бемасъулиятона ба системаи паҳн накардани яроқи қатли ом, ки ба Аврупо ба вуҷуд омадани яроқи ҳастаии гибридӣ ваъда медихад.ИМА қариб 480 бомбаи таҷдидшудаи ҳастаии В61-12 истехсол кард, ки то 150-тоаш дар Аврупо мебошад. Пентагон ин бомбҳоро ба Ватани таърихии худ бурданӣ нест. Баръакс барои "муҳофизат"-и самарабахш онҳо бояд ба сарҳадҳои Русия ҳарчи бештар наздик ҷойгир карда шаванд. Агар дар Гурҷистон ва Украина набошад, пас дар Лаҳистон ва кишварҳои Соҳили Балтика, ки дар он ҷо базаҳои ҳавоӣ барои қабули ҳавопаймоҳои F-35A ва анборҳои зеризаминии B61-12 мавҷуданд."Мошинҳои ноаён"-и америкоӣ дар радарҳои системаҳои мудофиаи зиддиҳавоии С-400 "Триумф"-и Русия ба таври рӯшан намоёнанд, аммо Ғарб бори дигар ният дорад, Маскавро аз ҷиҳати сифат не, аз ҷиҳати миқдор "гирад", ки бозии хатарнок барои ИМА ва дигар кишварҳои НАТО.Дар ҳолати чолишҳои ҷиддии низомию сиёсӣ вокуниши Русия барои “шарикон” хеле сахт хоҳад буд. Ва тасодуфӣ нест, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи якуми декабр эълон кард, Маскав ба таҳияи созишномаҳое пофишорӣ хоҳад кард, ки пешрафти НАТО ба самти Шарқро бо истиқрори системаҳои аслиҳаи мустақиме дар наздикии марзҳои Федератсияи Русия, таҳдиди онҳо ба ФР-ро мамнуъ мекунад.Иддаои Столтенберг дар бораи он ки Русия доираи нуфуз надорад, кӯшиши аз байн бурдани орзуҳост. Барои фаҳмидани бемаънӣ будани ин гуна изҳорот ба харитаи Федератсияи Русия нигоҳ кардан ва таърихи камаш ду асри охирро ба ёд овардан кифоя аст. Таъсири ҳар як давлати соҳибихтиёр дар чаҳон объективона вучуд дорад ва ба фикри Вашингтон ва Брюссел вобаста нест.Аз сӯйи дигар вазирони умури хориҷаи кишварҳои паймон рӯзи 1 декабр дар Рига ду даҳсолаи ширкати НАТО дар амалиёти низомии Амрико дар Афғонистонро хеле мусбат арзёбӣ карданд, ҳарчанд ин ба воқеият мувофиқат намекунад.Нуқтаи вохӯрии Ғарб бо ШарқСилсилаи беохири машқҳои НАТО, бунёди пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар Латвия, Литва ва Эстония, мусаллаҳшавии фаъол, "рушд"-и Украина ва Гурҷистон, ки ба Федератсияи Русия душманӣ доранд, изҳороти беасоси Вашингтон ва Брюссел дар бораи нерӯҳои таҳдидкунандаи Русия ин кишварро маҷбур мекунанд, иқтидори ҷангии худро то ба дараҷае баланд бардорад, ки зуд ва пурра нест кардани душманро кафолат медиҳад.Дар Русия истеҳсоли силсилаи мушакии стратегии Ту-160М оғоз мешавад. Ҷавоби асимметрии Федератсияи Русия ба таҳдидҳо дар Аврупои Шарқӣ метавонад, масалан, дар ҳамкорӣ бо Куба, Эрон, Сурия, Кореяи Шимолӣ ва дигар кишварҳо бо ҷойгир кардани мушакҳои болдори стратегӣ сурат гирад.Ҳамин тавр 30 ноябр президенти Беларус Александр Лукашенко эълон кард, ки метавонад силоҳи ҳастаии Русияро ҷо диҳад.Ҳамаи бригадаҳои мушакии Ҳавзаи низомии ғарбӣ пештар бо системаҳои мушакии "Искандер-М" аз нав мусаллаҳ шуда буданд, ки ин имкон медиҳад ҳар як объекти ҳарбии Аврупои Шарқӣ мунҳадим шавад. Системаҳои дифои ҳавоии дурпарвози С-400 ва ҷангандаҳои вазнини Су-30СМ, Су-35 сарҳади ҳавоии Беларус ва Русияро фаро мегиранд. Дар баҳри Балтика флоти ҳарбии баҳрии Русия ҳам аз ҷиҳати микдор ва ҳам аз ҷиҳати сифат бартарӣ дорад.Дар худи рузи аввали зимистон зиёда аз 1000 низомии Флоти Балтика ба тамрингоҳи вилояти Калинин, ки дар он ҷо машқҳои пешбинишуда оғоз меёбанд, рафтанд.Системаи тайёрии ҷангӣ мунтазам мукаммал мешавад. Ҳамин тариқ қаблан дар ҷараёни тамрини “Запад-2021” нерӯҳои ҳавоӣ роҳҳалли беназири тактикиро таҳия карданд - ҳамлаи шабонаи ҳавоӣ бо мошинҳои зиреҳпӯш. Қӯшунхои НАТО дар бораи чунин усулҳои десантӣ танҳо орзу карда метавонанд. Русия касеро тахдид намекунад, аммо ба таҷовузкорони эхтимолӣ қобилияти мустаҳкам намудани сулҳу осоишро ошкоро нишон медиҳад.
https://sputnik.tj/20210827/neruhoi-bahri-rusiya-havopaymo-qotil-1041931983.html
https://sputnik.tj/20211201/okhirin-shart-putin-nato-1043877460.html
https://sputnik.tj/20211110/gharb-shimpol-jo-band-ast-1043398951.html
има
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103149/42/1031494285_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_a84bf20380bcf047b811d94e6707a505.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
нато, русия, аврупо, амрико, рақобат, ҷанг, мушак
нато, русия, аврупо, амрико, рақобат, ҷанг, мушак
НАТО дар чорроҳа: кишварҳои Соҳили Балтика омодаанд мушакҳои Амрикоро ҷо диҳанд?
Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО дар пойтахти Латвия аз 30 ноябр то 1 декабр бар аҳамияти хоси “Ҷабҳаи Балтика” дар муборизаи бемаънӣ бо Русия таъкид шуда, ба Аврупо ваъда дода шуд, ки таҳдиди ядроӣ ба низоми амниятро боз ҳам таназзул меёбад.
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Изҳороти рӯшантарин дар ҷараёни нишаст ва баъд аз он дар Рига аз ҷониби дабири кулли Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ Йенс Столтенберг садо дод:
— дар Аврупои Шарқӣ чойгир кардани силоҳи ядроӣ эҳтимол дорад;
- кишварҳои НАТО барои Украина бо Федератсияи Русия ҷанг намекунанд;
- Русия наметавонад доираи нуфуз дошта бошад, ҳатто фикре, ки Русия метавонад доираи нуфузи худро дошта бошад, қобили қабул нест.
Ба ғайр аз ин суханон машқгоҳи Латвия, Адази тӯпҳо садо баланд карданд, ҷангандаҳо бо ғурриш карданд, зиёда аз 1500 нафар низомии Албания, Чехия, Италия, Исландия, Канада, Черногория, Лаҳистон, Словакия, Словения, Испания дар формати машқҳои “Сипари Зимистонии НАТО 2021” (22 ноябр - 4 декабр) шитоб мекард. Ҳамзамон 3000 нафар низомии ННМ дар манёврҳои сарҳадии “The Decisive Point” (14 ноябр – 12 декабр) тамрин карданд.
Намоиши пурғавғои ин иттиҳод дар Соҳили Балтикаро сайри танкии вазири корҳои хориҷии Бритониё Лиза Трасс, ки тақрибан дар 200-километрии Санкт-Петербург аст, ҷолибтар кард. Тасаввур кардан душвор аст, ки "баромади зиреҳпӯшҳо"-и мушобеҳи вазири Русия Сергей Лавров дар ҷое дар наздикии Гродно ё дар Шотландия сурат гирад, аммо мо ба бозиҳои мусаллаҳи "шарикон" одат кардаем.
Аккорди ниҳоӣ таҳдиди Вашингтон барои андешидани чораҳои молӣ ва иқтисодӣ алайҳи Маскав буд, ки "дар посух ба иқдомҳои душманонаи Русия" (иқтибос аз суханронии котиби матбуотии Кохи Сафед Ҷен Псаки) дар Донбасс гуфта мешуд.
Албатта, истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи РФ дар Украина танҳо ба тасмимҳои худкушии режими Киев вобаста аст. Қаблан Хадамоти истихбороти хориҷӣ изҳороти Департаменти давлатии ИМА дар бораи тамаркузи нерӯҳо дар қаламрави Русия барои таҷовузи низомӣ ба Украинаро дурӯғи мутлақ номида буд.
“Drang nach Osten”-и ҳастаӣ
Маълум аст, ки дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг бидуни сигнали Вашингтон сухани изофӣ намегӯяд ва монологи ӯ дар бораи ҷойгир кардани силоҳи ҳастаии Амрико дар "шарқи Олмон" таҳқир карда мешавад. Қаблан Столтенберг айнан чунин гуфта буд: "Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Олмон аз Пентагон иҷоза гирифт, дар сурати зарурат аз силоҳи ҳастаии амрикоие, ки дар қаламрави ин кишвар маҳфуз аст, истифода кунад."
Муносибати комилан бемасъулиятона ба системаи паҳн накардани яроқи қатли ом, ки ба Аврупо ба вуҷуд омадани яроқи ҳастаии гибридӣ ваъда медихад.
ИМА қариб 480 бомбаи таҷдидшудаи ҳастаии В61-12 истехсол кард, ки то 150-тоаш дар Аврупо мебошад. Пентагон ин бомбҳоро ба Ватани таърихии худ бурданӣ нест. Баръакс барои "муҳофизат"-и самарабахш онҳо бояд ба сарҳадҳои Русия ҳарчи бештар наздик ҷойгир карда шаванд. Агар дар Гурҷистон ва Украина набошад, пас дар Лаҳистон ва кишварҳои Соҳили Балтика, ки дар он ҷо базаҳои ҳавоӣ барои қабули ҳавопаймоҳои F-35A ва анборҳои зеризаминии B61-12 мавҷуданд.
"Мошинҳои ноаён"-и америкоӣ дар радарҳои системаҳои мудофиаи зиддиҳавоии С-400 "Триумф"-и Русия ба таври рӯшан намоёнанд, аммо Ғарб бори дигар ният дорад, Маскавро аз ҷиҳати сифат не, аз ҷиҳати миқдор "гирад", ки бозии хатарнок барои ИМА ва дигар кишварҳои НАТО.
Дар ҳолати чолишҳои ҷиддии низомию сиёсӣ вокуниши Русия барои “шарикон” хеле сахт хоҳад буд. Ва тасодуфӣ нест, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи якуми декабр эълон кард, Маскав ба таҳияи созишномаҳое пофишорӣ хоҳад кард, ки пешрафти НАТО ба самти Шарқро бо истиқрори системаҳои аслиҳаи мустақиме дар наздикии марзҳои Федератсияи Русия, таҳдиди онҳо ба ФР-ро мамнуъ мекунад.
Иддаои Столтенберг дар бораи он ки Русия доираи нуфуз надорад, кӯшиши аз байн бурдани орзуҳост. Барои фаҳмидани бемаънӣ будани ин гуна изҳорот ба харитаи Федератсияи Русия нигоҳ кардан ва таърихи камаш ду асри охирро ба ёд овардан кифоя аст. Таъсири ҳар як давлати соҳибихтиёр дар чаҳон объективона вучуд дорад ва ба фикри Вашингтон ва Брюссел вобаста нест.
Аз сӯйи дигар вазирони умури хориҷаи кишварҳои паймон рӯзи 1 декабр дар Рига ду даҳсолаи ширкати НАТО дар амалиёти низомии Амрико дар Афғонистонро хеле мусбат арзёбӣ карданд, ҳарчанд ин ба воқеият мувофиқат намекунад.
Нуқтаи вохӯрии Ғарб бо Шарқ
Силсилаи беохири машқҳои НАТО, бунёди пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар Латвия, Литва ва Эстония, мусаллаҳшавии фаъол, "рушд"-и Украина ва Гурҷистон, ки ба Федератсияи Русия душманӣ доранд, изҳороти беасоси Вашингтон ва Брюссел дар бораи нерӯҳои таҳдидкунандаи Русия ин кишварро маҷбур мекунанд, иқтидори ҷангии худро то ба дараҷае баланд бардорад, ки зуд ва пурра нест кардани душманро кафолат медиҳад.
Дар Русия истеҳсоли силсилаи мушакии стратегии Ту-160М оғоз мешавад. Ҷавоби асимметрии Федератсияи Русия ба таҳдидҳо дар Аврупои Шарқӣ метавонад, масалан, дар ҳамкорӣ бо Куба, Эрон, Сурия, Кореяи Шимолӣ ва дигар кишварҳо бо ҷойгир кардани мушакҳои болдори стратегӣ сурат гирад.
Ҳамин тавр 30 ноябр президенти Беларус Александр Лукашенко эълон кард, ки метавонад силоҳи ҳастаии Русияро ҷо диҳад.
Ҳамаи бригадаҳои мушакии Ҳавзаи низомии ғарбӣ пештар бо системаҳои мушакии "Искандер-М" аз нав мусаллаҳ шуда буданд, ки ин имкон медиҳад ҳар як объекти ҳарбии Аврупои Шарқӣ мунҳадим шавад. Системаҳои дифои ҳавоии дурпарвози С-400 ва ҷангандаҳои вазнини Су-30СМ, Су-35 сарҳади ҳавоии Беларус ва Русияро фаро мегиранд. Дар баҳри Балтика флоти ҳарбии баҳрии Русия ҳам аз ҷиҳати микдор ва ҳам аз ҷиҳати сифат бартарӣ дорад.
Дар худи рузи аввали зимистон зиёда аз 1000 низомии Флоти Балтика ба тамрингоҳи вилояти Калинин, ки дар он ҷо машқҳои пешбинишуда оғоз меёбанд, рафтанд.
Системаи тайёрии ҷангӣ мунтазам мукаммал мешавад. Ҳамин тариқ қаблан дар ҷараёни тамрини “Запад-2021” нерӯҳои ҳавоӣ роҳҳалли беназири тактикиро таҳия карданд - ҳамлаи шабонаи ҳавоӣ бо мошинҳои зиреҳпӯш. Қӯшунхои НАТО дар бораи чунин усулҳои десантӣ танҳо орзу карда метавонанд. Русия касеро тахдид намекунад, аммо ба таҷовузкорони эхтимолӣ қобилияти мустаҳкам намудани сулҳу осоишро ошкоро нишон медиҳад.