https://sputnik.tj/20211203/mirziyoev-mushkilot-sokhtmon-uzbekiston-1043915278.html
Мирзиёев мушкилоти асосии соҳаи сохтмони Ӯзбекистонро номбар кард
Мирзиёев мушкилоти асосии соҳаи сохтмони Ӯзбекистонро номбар кард
Sputnik Тоҷикистон
Чаро мақомот барои сохтмони манзил ва хонаҳои истиқоматй пул ҷудо мекунанду аммо ҳанӯз ҳам манзил намерасад? Чаро сифат ба талабот ҷавобгӯ нест? Посухи ин суолҳоро аз маводи зер дарёбед
2021-12-03T13:48+0500
2021-12-03T13:48+0500
2021-12-03T18:07+0500
иҷтимоъ
ӯзбекистон
сохтмон
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1d/1043165521_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_cc658ea99be69448c9973476c0771cf1.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз тариқи видеоӣ нишасте баргузор карда, масъалаи дастрасии мардум ба манзил ва сохтмонро баррасӣ кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.Кишвардори Ӯзбекистон таъкид кард, ки дар давоми панҷ соли охир беш аз 140 ҳазор манзил ва хонаи инфиродӣ сохта шудааст. Сифат ва рақобат дар соҳаи сохтмон боло рафта, дар минтақаҳо лоиҳаҳои бо меъмории замонавӣ татбиқ шудаанд.Бо вуҷуди ин манзил ҳанӯз кам аст. Аз ҷумла, манзилҳои категорияи миёна, ки дар байни аҳолӣ серталаб аст, намерасанд. Мирзиёев қайд кард, ки 950 манзил ба маблағи 255 миллиард сӯм фурӯхта нашудааст. Сабаби асосӣ ҷолиб набудани ҷойгиршавӣ ё нарх аст.Дар як қатор навоҳӣ оғози сохтмони манзил ба дорозо мекашад. Ба ин раванд таъхир дар музоядаи қитъаҳои замин халал мерасонад. Дар натиҷа маблағи барои қарзҳои мақсаднок ҷудокардаи мақомот истифода намешавад.Мирзиёев боз як масъалаи дигарро зикр кард: ҳокимони аксари вилоятҳо ва муовинони онҳо оид ба сохтмон ҳангоми интихоби пудратчиён бо ду-се ташкилот маҳдуд мешаванд. Ин ба сифати манзил таъсири манфӣ мерасонад. Дар Қирғизистон ипотекаи шаръӣ роҳандозӣ мешавадДар ҳамин ҳол Мирзиёев вилояти Самарқандро мисол овард, ки дар он ҷо мақомоти маҳаллӣ, баръакс ба масъалаи бунёди манзилҳои нав масъулиятшиносона муносибат мекунанд.Соли 2022 сохтмони 50 ҳазор манзил дар доираи барномаи ипотекаи давлатӣ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20211124/samarqand-kalon-meshavad-1043736901.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1d/1043165521_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_9d38e0c9e758132ba00ff844a97160e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мушкилот, сохтмон, ӯзбекистон
мушкилот, сохтмон, ӯзбекистон
Мирзиёев мушкилоти асосии соҳаи сохтмони Ӯзбекистонро номбар кард
13:48 03.12.2021 (Навсозишуда: 18:07 03.12.2021) Чаро мақомот барои сохтмони манзил ва хонаҳои истиқоматй пул ҷудо мекунанду аммо ҳанӯз ҳам манзил намерасад? Чаро сифат ба талабот ҷавобгӯ нест? Посухи ин суолҳоро аз маводи зер дарёбед
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз тариқи видеоӣ нишасте баргузор карда, масъалаи дастрасии мардум ба манзил ва сохтмонро баррасӣ кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Кишвардори Ӯзбекистон таъкид кард, ки дар давоми панҷ соли охир беш аз 140 ҳазор манзил ва хонаи инфиродӣ сохта шудааст. Сифат ва рақобат дар соҳаи сохтмон боло рафта, дар минтақаҳо лоиҳаҳои бо меъмории замонавӣ татбиқ шудаанд.
Бо вуҷуди ин манзил ҳанӯз кам аст. Аз ҷумла, манзилҳои категорияи миёна, ки дар байни аҳолӣ серталаб аст, намерасанд.
Мирзиёев қайд кард, ки 950 манзил ба маблағи 255 миллиард сӯм фурӯхта нашудааст. Сабаби асосӣ ҷолиб набудани ҷойгиршавӣ ё нарх аст.
Дар як қатор навоҳӣ оғози сохтмони манзил ба дорозо мекашад. Ба ин раванд таъхир дар музоядаи қитъаҳои замин халал мерасонад.
Дар натиҷа маблағи барои қарзҳои мақсаднок ҷудокардаи мақомот истифода намешавад.
Мирзиёев боз як масъалаи дигарро зикр кард: ҳокимони аксари вилоятҳо ва муовинони онҳо оид ба сохтмон ҳангоми интихоби пудратчиён бо ду-се ташкилот маҳдуд мешаванд. Ин ба сифати манзил таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ҳамин ҳол Мирзиёев вилояти Самарқандро мисол овард, ки дар он ҷо мақомоти маҳаллӣ, баръакс ба масъалаи бунёди манзилҳои нав масъулиятшиносона муносибат мекунанд.
"Ҳукумати вилоят кори ҳамоҳангии лоиҳакашҳо, сохтмончиён ва бонкҳоро ташкил намуда, тавонист сохтмони манзили дастрасро таъмин намояд. Аз ин рӯ дар вилоят суръати ҳам истифодаи субсидия ва ҳам азхудкунии захираҳои қарзӣ баланд аст", - гуфт ӯ.
Соли 2022 сохтмони 50 ҳазор манзил дар доираи барномаи ипотекаи давлатӣ дар назар аст.