https://sputnik.tj/20211203/darguzasht-urgant-dar-93-solagi-1043927855.html
Даргузашти модаркалони Иван Ургант дар 93-солагӣ
Даргузашти модаркалони Иван Ургант дар 93-солагӣ
Sputnik Тоҷикистон
Бибии Иван Ургант дар Санкт-Петербург даргузашт. Маълум аст, ки ҳунарпеша вақтҳои охир сахт бемор буд
2021-12-03T18:40+0500
2021-12-03T18:40+0500
2021-12-05T11:26+0500
иҷтимоъ
даргузашт
иван ургант
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/03/1043925537_666:56:3041:1392_1920x0_80_0_0_11040c3b5dee3710c5ebf2cf2b80a0df.jpg
ДУШАНБЕ, 3 декабрь — Sputnik. Ҳунарпешаи хидматнишондодаву халқии Русия ва модари сулолаи маъруфи ҳунармандон - Нина Ургант даргузашт, хабар медиҳад дафтари матбуотии театри Александринский. Ӯ дар 93-солагиаш вафот кард. Ҳанӯз сабаби маргаш гуфта нашудааст. Нина Ургант модари ҳунарманди рус Андрей Ургант ва модаркалони барандаи телевизион, актёр ва шоумен Иван Ургант мебошад. Зиёда аз 30 сол Нина Ургант дар театри Александринскийи Санкт-Петербург фаъолият кардааст. Ҳунарпеша махсусан баъди нақши худ дар филми "Белорусский вокзал", ки дар он нақши ҳамшираи шавқат Раяро бозид, ба тамошобинон машҳур гардид.Илова бар ин вай даҳҳо нақшҳои фаромӯшнашаванда дорад. Бори охир соли 2008 дар филми "Осиёӣ" нақш бозида буд. Тарҷумаи ҳоли Нина УргантҲунарпешаи театр ва синамои шӯравӣ Нина Николаевна Ургант 4 сентябри соли 1929 дар шаҳри Лугаи вилояти Ленинград таваллуд шудааст. Ӯ соли 1953 Донишкадаи театрии Ленинград ба номи А.Н.Островскийро хатм намуда, як сол дар Театри академии драмавии Ярославл ба номи Ф.Волков кор кардааст.Соли 1954 бо даъвати коргардон Георгий Товстоногов ба труппаи Театри Комсомоли ленинии Ленинград (холо Театри Хонаи Балтика) дохил шуд. Аз соли 1962 дар Театри давлатии академии драмавии Ленинград ба номи А.С.Пушкин (ҳоло Театри Александринский) фаъолият кардааст. Дар тӯли солҳои фаъолияташ дар саҳнаи Александр Нина Ургант, образҳои дурахшони занонаро ҳам дар репертуари муосир ва ҳам классикӣ офаридааст. Дар байни нақшҳои ӯ Ник аз "Аз ёддоштҳои Лопатин"-и Константин Симонов, Ксантиппа аз "Суҳбат бо Суқрот"-и Эдвард Радзинский, "Зани сабзпӯш" аз "Ҳамсол Гинт"-и Ҳенрик Ибсен, Императрица аз "Духтари капитан"-и Ш. Александр Пушкин ва бисьёр дигарон мебошанд.Соли 1974 ба Нина Ургант унвони ҳунарманди халқии Русияи Шӯравӣ ва барои нақши Дина Миленина дар филми "Мукофот" сазовори Мукофоти давлатии ИҶШС гардид. Илова бар ин, ҳунарманд бо орденҳои "Нишони хизмат дар назди Ватан", дараҷаҳои IV ва III ва "Нишони Шараф" мукофотонида шудааст. Соли 2001 ба баландтарин ҷоизаи театрии шаҳри Санкт-Петербург "Соффи тиллоӣ" ва соли 2014 барои саҳми барҷастааш дар рушди санъати театрӣ барандаи Ҷоизаи театрии миллии Русия "Ниқоби тиллоӣ" гардид.
https://sputnik.tj/20211128/hunarpesha-mardumi-rusiya-aleksandr-gradskiy-darguzasht-1043808728.html
https://sputnik.tj/20211128/illat-marg-aleksandr-gradskiy-malum-1043810864.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/03/1043925537_745:147:2773:1668_1920x0_80_0_0_04a5094518780a1b2fa53d1f67b72d8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, иҷтимоъ, ургант
даргузашт, иҷтимоъ, ургант
Даргузашти модаркалони Иван Ургант дар 93-солагӣ
18:40 03.12.2021 (Навсозишуда: 11:26 05.12.2021) Модаркалони Иван Ургант дар Санкт-Петербург даргузашт. Гуфта мешавад, ҳунарпеша вақтҳои охир бемор буд
ДУШАНБЕ, 3 декабрь — Sputnik. Ҳунарпешаи хидматнишондодаву халқии Русия ва модари сулолаи маъруфи ҳунармандон - Нина Ургант даргузашт, хабар медиҳад дафтари матбуотии театри Александринский.
Ӯ дар 93-солагиаш вафот кард. Ҳанӯз сабаби маргаш гуфта нашудааст.
Нина Ургант модари ҳунарманди рус Андрей Ургант ва модаркалони барандаи телевизион, актёр ва шоумен Иван Ургант мебошад.
Зиёда аз 30 сол Нина Ургант дар театри Александринскийи Санкт-Петербург фаъолият кардааст. Ҳунарпеша махсусан баъди нақши худ дар филми "Белорусский вокзал", ки дар он нақши ҳамшираи шавқат Раяро бозид, ба тамошобинон машҳур гардид.
Илова бар ин вай даҳҳо нақшҳои фаромӯшнашаванда дорад. Бори охир соли 2008 дар филми "Осиёӣ" нақш бозида буд.
Тарҷумаи ҳоли Нина Ургант
Ҳунарпешаи театр ва синамои шӯравӣ Нина Николаевна Ургант 4 сентябри соли 1929 дар шаҳри Лугаи вилояти Ленинград таваллуд шудааст.
Ӯ соли 1953 Донишкадаи театрии Ленинград ба номи А.Н.Островскийро хатм намуда, як сол дар Театри академии драмавии Ярославл ба номи Ф.Волков кор кардааст.
Соли 1954 бо даъвати коргардон Георгий Товстоногов ба труппаи Театри Комсомоли ленинии Ленинград (холо Театри Хонаи Балтика) дохил шуд.
Аз соли 1962 дар Театри давлатии академии драмавии Ленинград ба номи А.С.Пушкин (ҳоло Театри Александринский) фаъолият кардааст.
Дар тӯли солҳои фаъолияташ дар саҳнаи Александр Нина Ургант, образҳои дурахшони занонаро ҳам дар репертуари муосир ва ҳам классикӣ офаридааст.
Дар байни нақшҳои ӯ Ник аз "Аз ёддоштҳои Лопатин"-и Константин Симонов, Ксантиппа аз "Суҳбат бо Суқрот"-и Эдвард Радзинский, "Зани сабзпӯш" аз "Ҳамсол Гинт"-и Ҳенрик Ибсен, Императрица аз "Духтари капитан"-и Ш. Александр Пушкин ва бисьёр дигарон мебошанд.
Соли 1974 ба Нина Ургант унвони ҳунарманди халқии Русияи Шӯравӣ ва барои нақши Дина Миленина дар филми "Мукофот" сазовори Мукофоти давлатии ИҶШС гардид.
Илова бар ин, ҳунарманд бо орденҳои "Нишони хизмат дар назди Ватан", дараҷаҳои IV ва III ва "Нишони Шараф" мукофотонида шудааст.
Соли 2001 ба баландтарин ҷоизаи театрии шаҳри Санкт-Петербург "Соффи тиллоӣ" ва соли 2014 барои саҳми барҷастааш дар рушди санъати театрӣ барандаи Ҷоизаи театрии миллии Русия "Ниқоби тиллоӣ" гардид.