https://sputnik.tj/20211128/hunarpesha-mardumi-rusiya-aleksandr-gradskiy-darguzasht-1043808728.html
Ҳунарманди мардумии Русия Александр Градский даргузашт
Ҳунарманди мардумии Русия Александр Градский даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан оҳангсоз бо гумони сактаи мағзӣ дар беморхона бистарӣ шуда буд 28.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-28T10:49+0500
2021-11-28T10:49+0500
2021-11-29T14:32+0500
фарҳанг
даргузашт
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103015/41/1030154167_0:0:2888:1625_1920x0_80_0_0_4f1e69bccb5abbaf4fe97c5d15738d45.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Овозхон ва Ҳунарпешаи мардумии Русия Александр Градский дар синни 72-солагӣ даргузашт. Дар ин бора хабаргузории "Известия" хабар додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, оҳангсоз соати 02:10 ба вақти Маскав даргузашт, вале ин маълумот ҳоло расман тасдиқ нашудааст.Қаблан Градский бо гумони сактаи мағзӣ бистарӣ шуда буд. Тамоми ин муддат ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошт.Гуфта мешавад, ҳунарманди рус дар хона бемор шуд ва ӯро фавран ба бемористоне дар шаҳри Маскав интиқол доданд.Пештар мухлисонаш мушоҳида карда буданд, ки ҳунарманд дар барномаи мусиқии "Голос" вазъи нохуб дошт. Дар як моҳ чанд бор мошини ёрии таъҷилӣ ба хонаи ҳунарманд рафтааст, аммо ӯ бистарӣ шуданро рад кард ва дар хона табобат гирифтааст.Саломатии ӯ дақиқан пас аз бад шуд, ки ҳунарманд гирифтори коронавирус шуд ва то як муддат аз по монда буд.Ёдовар мешавем, ки Александр Градский 3 ноябри соли 1949 дар вилояти Челябинск таваллуд шудааст. Ӯ Ходими шоистаи санъати Русия, барандаи Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия ва аз соли 1999 Ҳунарпешаи мардумии Федератсияи Русия буд.
https://sputnik.tj/20210809/sergey-kovalev-homii-huquq-darguzasht-1041513698.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103015/41/1030154167_90:0:2819:2047_1920x0_80_0_0_548e97f8993adf05c8e49711dc7003be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, даргузашт, дар русия
фарҳанг, даргузашт, дар русия
Ҳунарманди мардумии Русия Александр Градский даргузашт
10:49 28.11.2021 (Навсозишуда: 14:32 29.11.2021) Қаблан оҳангсоз бо гумони сактаи мағзӣ дар беморхона бистарӣ шуда буд
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Овозхон ва Ҳунарпешаи мардумии Русия Александр Градский дар синни 72-солагӣ даргузашт. Дар ин бора хабаргузории "Известия" хабар додааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, оҳангсоз соати 02:10 ба вақти Маскав даргузашт, вале ин маълумот ҳоло расман тасдиқ нашудааст.
Қаблан Градский бо гумони сактаи мағзӣ бистарӣ шуда буд. Тамоми ин муддат ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошт.
Гуфта мешавад, ҳунарманди рус дар хона бемор шуд ва ӯро фавран ба бемористоне дар шаҳри Маскав интиқол доданд.
Пештар мухлисонаш мушоҳида карда буданд, ки ҳунарманд дар барномаи мусиқии "Голос" вазъи нохуб дошт. Дар як моҳ чанд бор мошини ёрии таъҷилӣ ба хонаи ҳунарманд рафтааст, аммо ӯ бистарӣ шуданро рад кард ва дар хона табобат гирифтааст.
Саломатии ӯ дақиқан пас аз бад шуд, ки ҳунарманд гирифтори коронавирус шуд ва то як муддат аз по монда буд.
Ёдовар мешавем, ки Александр Градский 3 ноябри соли 1949 дар вилояти Челябинск таваллуд шудааст. Ӯ Ходими шоистаи санъати Русия, барандаи Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия ва аз соли 1999 Ҳунарпешаи мардумии Федератсияи Русия буд.