https://sputnik.tj/20211202/rubl-tojikiston-garon-asor-1043881064.html
Рубл дар Тоҷикистон гарон шуд: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ
Рубл дар Тоҷикистон гарон шуд: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши асъори русӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон давоми як рӯзи ахир беш аз 1 сомонӣ гарон шуд.
2021-12-02T09:39+0500
2021-12-02T09:39+0500
2021-12-02T15:49+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
рубл
сомонӣ
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032016240_0:171:3033:1877_1920x0_80_0_0_3935f7307290c9846ca5db35a7ec9037.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 152.6 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 151 сомонӣ медоданд.Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7899 сомонӣ қимат дорад. Як рӯз рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.8205 сомонӣ медоданд. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медод ва ин аввалин мавриди тақвияти пули аврупоӣ аст.Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2955 сомонӣ аст.Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:1 доллари ИМА аз 11.2955 то 11.3000 сомонӣ;1 евро аз 12.7899 то 12.9300 сомонӣ;1 рубли русӣ аз 0.1526 то 0.1535 сомонӣ.Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20211126/iqtisoddon-koronavirus-dollar-1043784176.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032016240_150:0:2881:2048_1920x0_80_0_0_b6a44af48e8fb73a118e8c88adc6fa11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл доллар евро сомонӣ тоҷикистон
рубл доллар евро сомонӣ тоҷикистон
Рубл дар Тоҷикистон гарон шуд: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ
09:39 02.12.2021 (Навсозишуда: 15:49 02.12.2021) Арзиши асъори русӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон давоми як рӯзи ахир беш аз 1 сомонӣ гарон шуд.
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 152.6 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 151 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7899 сомонӣ қимат дорад.
Як рӯз рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.8205 сомонӣ медоданд. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медод ва ин аввалин мавриди тақвияти пули аврупоӣ аст.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2955 сомонӣ аст.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2955 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7899 то 12.9300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1526 то 0.1535 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.