https://sputnik.tj/20211202/bozdosht-shahrvand-faronsa-afghoniston-1043891130.html
Боздошти шаҳрванди Фаронса дар марзи Ӯзбекистон: ӯ Афғонистон мерафт
Боздошти шаҳрванди Фаронса дар марзи Ӯзбекистон: ӯ Афғонистон мерафт
Дар ҷузвдони ин мард беш аз 20 ҳаб маводи психотропӣ дарёфт шудааст. Тафтиши пешакии ҳодиса оғоз шудааст.
2021-12-02T15:25+0500
2021-12-02T15:25+0500
2021-12-22T19:37+0500
афғонистон
ӯзбекистон
талош
марз
марзшиканӣ
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/20/1022632086_0:87:1651:1015_1920x0_80_0_0_86045aa113cb6419108680145de6be3a.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Марзбонони ӯзбек як шаҳрванди Фаронсаро, ки мехост аз қаламрави вилояти Сурхондарё ғайриқонунӣ вориди Афғонистон шавад, боздошт карданд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.Бино ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилоят, ин мард дар шаҳри Тирмиз боздошт шудааст. Ҳангоми азназаргузаронии ашёи шахсии ӯ 26 дона ҳабби маводи психотропии "трамадол" дарёфт шудааст. Бояд гуфт, ки сарҳади Ӯзбекистон ва Афғонистон танҳо барои интиқоли мол боз аст.Ин дар ҳолест, пештар кормандони бахши интизомии Ӯзбекистон панҷ нафарро, ки талош доштанд, ба Ӯзбекистон маводи мухаддир ворид кунанд, боздошт карда буданд.Қочоқбарон ки чор нафарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон ва якеи дигар шаҳрванди Тоҷикистон буд, талош карданд, аз Тоҷикистону Афғонистон ба Ӯзбекистон беш аз 115 кило ҳашиш, афюн ва ҳероин ворид кунанд.Онҳоро кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Сурхондарё якҷоя бо Раёсати гумруки вилоят зимни баргузории як амалиёти вижа боздошт намуданд.
https://sputnik.tj/20211118/bozdosht-shahrvand-afghoniston-tojikiston-1043621384.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/20/1022632086_91:0:1558:1100_1920x0_80_0_0_8d76c0e8a0daebc7bcd04a8b7b266163.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
афғонистон, фаронса, марзшиканӣ, ӯзбекистон
афғонистон, фаронса, марзшиканӣ, ӯзбекистон
Боздошти шаҳрванди Фаронса дар марзи Ӯзбекистон: ӯ Афғонистон мерафт
15:25 02.12.2021 (Навсозишуда: 19:37 22.12.2021) Аз ҷузвдони ин мард беш аз 20 ҳабби психотропӣ дарёфт ва тафтиши пешакии ҳодиса оғоз шудааст
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Марзбонони ӯзбек як шаҳрванди Фаронсаро, ки мехост аз қаламрави вилояти Сурхондарё ғайриқонунӣ вориди Афғонистон шавад, боздошт карданд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилоят, ин мард дар шаҳри Тирмиз боздошт шудааст.
Ҳангоми азназаргузаронии ашёи шахсии ӯ 26 дона ҳабби маводи психотропии "трамадол" дарёфт шудааст.
"Аз рӯи далели боздошт тафтиши пешакӣ гузаронида мешавад", - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотӣ.
Бояд гуфт, ки сарҳади Ӯзбекистон ва Афғонистон танҳо барои интиқоли мол боз аст.
Ин дар ҳолест, пештар кормандони бахши интизомии Ӯзбекистон панҷ нафарро, ки талош доштанд, ба Ӯзбекистон маводи мухаддир ворид кунанд,
боздошт карда буданд.
Қочоқбарон ки чор нафарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон ва якеи дигар шаҳрванди Тоҷикистон буд, талош карданд, аз Тоҷикистону Афғонистон ба Ӯзбекистон беш аз 115 кило ҳашиш, афюн ва ҳероин ворид кунанд.
Онҳоро кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Сурхондарё якҷоя бо Раёсати гумруки вилоят зимни баргузории як амалиёти вижа боздошт намуданд.