https://sputnik.tj/20211118/bozdosht-shahrvand-afghoniston-tojikiston-1043621384.html
Боздошти ду шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон
Боздошти ду шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Аз шаҳрвандони Афғонистон дасти кам 14 килову 850 грамм маводи психотропии навъи "метамфетамин" -ро ташкил дод
2021-11-18T17:20+0500
2021-11-18T17:20+0500
2021-11-18T19:54+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
агентии назорати маводи нашъаовар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Як гурӯҳи ҷиноятӣ, ки нияти интиқол додани маводи нашъаовар ба шаҳри Душанберо дошт, боздошт шуд. Дар ин бора Агентии назорати маводи нашъаовар хабар дод.Зикр гардид, кормандони ин ниҳод дар шоҳроҳи Ҷайҳун - Панҷи Поён, дар ҳудуди деҳаи Шоликорони ноҳияи Ҷайҳун ду шаҳрванди Афғонистонро бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир намуданд.Тибқи маълумоти шуъбаи экспертизаи судии агентӣ, маводи мусодирагардида 14 килову 850 грамм моддаи психотропии навъи "метамфетамин"-ро ташкил дод.Манбаъ меафзояд, дар робита ба ҳодисаи мазкур, мутобиқи Кодекси ҷиноятӣ, моддаҳои 200, қисми 4, банди "д", 335, қисми 2 ва 289, қисми 3, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20211103/kushishi-voridi-mavodi-mukhaddir-uzbekiston-tojikiston-1043259460.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон тоҷикистон маводи мухаддир
афғонистон тоҷикистон маводи мухаддир
Боздошти ду шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон
17:20 18.11.2021 (Навсозишуда: 19:54 18.11.2021) Аз шаҳрвандони Афғонистон дастикам 14 килову 850 грамм маводи психотропии навъи "метамфетамин" кашфу забт шудааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Як гурӯҳи ҷиноятӣ, ки нияти интиқол додани маводи нашъаовар ба шаҳри Душанберо дошт, боздошт шуд. Дар ин бора Агентии назорати маводи нашъаовар хабар дод.
Зикр гардид, кормандони ин ниҳод дар шоҳроҳи Ҷайҳун - Панҷи Поён, дар ҳудуди деҳаи Шоликорони ноҳияи Ҷайҳун ду шаҳрванди Афғонистонро бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир намуданд.
"Ҳангоми кофтуков аз номбурдагон як халтаи полимерии рангаш сафед, ки дар дохили он 15 адад зарфи пластмасии иборат аз бастаҳои селофанӣ бо маводи кристалии рангашон сафед мавҷуд буд, бозёфт ва мусодира шуд", - омадааст дар хабар.
Тибқи маълумоти шуъбаи экспертизаи судии агентӣ, маводи мусодирагардида 14 килову 850 грамм моддаи психотропии навъи "метамфетамин"-ро ташкил дод.
Манбаъ меафзояд, дар робита ба ҳодисаи мазкур, мутобиқи Кодекси ҷиноятӣ, моддаҳои 200, қисми 4, банди "д", 335, қисми 2 ва 289, қисми 3, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.