https://sputnik.tj/20211202/bor-tajdid-obyori-yovonro-pul-1043883098.html
Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди системаи обёрии ноҳияи Ёвонро пул медиҳад
Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди системаи обёрии ноҳияи Ёвонро пул медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Кумаки молии ҷудошуда ба афзоиши ҳосилнокии кишоварзӣ дар минтақа мусоидат мекунад
2021-12-02T11:09+0500
2021-12-02T11:09+0500
2021-12-02T17:18+0500
дар тоҷикистон
ёвон
бор
кӯмак
обтаъминкунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101345/77/1013457716_0:41:1988:1159_1920x0_80_0_0_8920166ebe226d115d60bf8f37a999ba.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бонки Осиёии Рушд боз як кумаки молӣ барои Тоҷикистонро тасдиқ кардааст, мегӯяд дафтари матбуотии ин бонк. Бонк барои таҷдиди низоми обёрии Ёвон дар ҳавзаи поёни рӯдхонаи Вахш 30 миллион доллар ихтисос додааст.Ба андешаи ӯ, ин аввалин сармоягузории бонк дар соҳаи обёрӣ мебошад, ки ба таъмини баробарии гендерӣ бахшида шудааст ва ба занон имкон медиҳад, то дар идораи замину об бештар иштирок кунанд. Гуфта мешавад, дар доираи лоиҳа каналҳои обёрӣ ва иншооти вобаста ба он таҷдид, насби дастгоҳҳои обкашии каммасраф ва бозсозии обпартоҳо пешбинӣ шудааст.Технологияҳои нав аз ҷиҳати экологӣ тозатар ва бехатартар буда, дар баробари ин имкон медиҳанд, ки энергия сарфа шавад. Гуфта мешавад, дар пайи амалӣ шудани иқдом қариб 6700 нафар деҳқон, ки 12 фоизи онҳо зан мебошад, аз беҳтар шудани вазъи обрасонӣ бархурдор мешаванд. Аз соли 1998 инҷониб Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон ба маблағи 2,2 миллиард доллар кумак, аз ҷумла ҳудуди 1,7 миллиард доллар грант ироа кардааст.
https://sputnik.tj/20210618/bor-tojikiston-462-million-dollar-medihad-1040292767.html
ёвон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101345/77/1013457716_214:0:1803:1192_1920x0_80_0_0_3438d4cab838a1ec45b5ee06f8d22032.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бор таҷдид низом обёрӣ ёвон пул
бор таҷдид низом обёрӣ ёвон пул
Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди системаи обёрии ноҳияи Ёвонро пул медиҳад
11:09 02.12.2021 (Навсозишуда: 17:18 02.12.2021) Кумаки молии ҷудошуда ба афзоиши ҳосилнокии кишоварзӣ дар минтақа мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бонки Осиёии Рушд боз як кумаки молӣ барои Тоҷикистонро тасдиқ кардааст, мегӯяд дафтари матбуотии ин бонк.
Бонк барои таҷдиди низоми обёрии Ёвон дар ҳавзаи поёни рӯдхонаи Вахш 30 миллион доллар ихтисос додааст.
“Ин лоиҳа ба баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ва истифодаи об дар низоми обёрии Тоҷикистон мусоидат, онро ба иқлим ва офатҳои табиӣ тобовартар намуда, амнияти озуқавориро афзоиш медиҳад", - гуфт Евгений Жуков, мудири кулли БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ.
Ба андешаи ӯ, ин аввалин сармоягузории бонк дар соҳаи обёрӣ мебошад, ки ба таъмини баробарии гендерӣ бахшида шудааст ва ба занон имкон медиҳад, то дар идораи замину об бештар иштирок кунанд.
Гуфта мешавад, дар доираи лоиҳа каналҳои обёрӣ ва иншооти вобаста ба он таҷдид, насби дастгоҳҳои обкашии каммасраф ва бозсозии обпартоҳо пешбинӣ шудааст.
Технологияҳои нав аз ҷиҳати экологӣ тозатар ва бехатартар буда, дар баробари ин имкон медиҳанд, ки энергия сарфа шавад.
Гуфта мешавад, дар пайи амалӣ шудани иқдом қариб 6700 нафар деҳқон, ки 12 фоизи онҳо зан мебошад, аз беҳтар шудани вазъи обрасонӣ бархурдор мешаванд.
Аз соли 1998 инҷониб Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон ба маблағи 2,2 миллиард доллар кумак, аз ҷумла ҳудуди 1,7 миллиард доллар грант ироа кардааст.