https://sputnik.tj/20210618/bor-tojikiston-462-million-dollar-medihad-1040292767.html
БОР дар се соли оянда ба Тоҷикистон 462 миллион доллар медиҳад
БОР дар се соли оянда ба Тоҷикистон 462 миллион доллар медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар мулоқот бо намояндаи доимии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон хонум Шэнни Кэмпбелл Нақшаи тиҷоратии амалиётии БОР дар кишвар барои солҳои 2022-2024 баррасӣ кард
2021-06-18T15:20+0500
2021-06-18T15:20+0500
2021-06-18T15:20+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бор
сармоягузорӣ
лоиҳа
маблағ
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061454_0:158:1920:1238_1920x0_80_0_0_f069b0de593625e1b7557436205fe04b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik.Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи Нақшаи болозикр татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии давлатӣ ва ғайра пешбинӣ мегардад.Гуфта мешавад, дар давраи татбиқи “Нақшаи тиҷоратии амалиётӣ дар кишвар” ҷалби маблағҳои грантии БОР дар ҳаҷми 462 млн доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст.Бонки осиёии рушд яке аз бузургтарин мададрасонони молиявии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки шурӯъ аз соли 1998 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 2,2 млрд доллар, аз ҷумла 1,6 млрд доллар ба сифати грант ҷудо кардааст.Дар соли хурӯҷи сирояти коронавируси 2020 ин ниҳоди молиявӣ ба Тоҷикистон дар асоси бебозгашт 320 млн доллар ҷудо кард, ҳарчанд мутобиқи нақшаи индикативӣ дастгирии молиявӣ ба маблағи 120 млн доллар дар назар буд.Бастаи кумакҳо ба Тоҷикистон дар соли гузашта аз лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, бахши кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии сохтори давлатӣ, маорифу энергетика, инчунин ёрии таъҷилӣ барои муқовимат бо пандемияи коронавируси нав иборат буд.
https://sputnik.tj/20210407/bonk-tojikiston-15-million-vazir-1034677797.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061454_140:0:1847:1280_1920x0_80_0_0_ad608d7d6fcc2c955a7f50000bdfab73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазири молия, бор, мублағ, сармоягузорӣ, кумак
тоҷикистон, вазири молия, бор, мублағ, сармоягузорӣ, кумак
БОР дар се соли оянда ба Тоҷикистон 462 миллион доллар медиҳад
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар мулоқот бо намояндаи доимии Бонки осиёии рушд (БОР) дар ҷумҳурӣ, хонум Шэнни Кэмпбелл нақшаи тиҷоратии амалиётии БОР - ро дар кишвар барои солҳои 2022-2024 баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik.Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи Нақшаи болозикр татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии давлатӣ ва ғайра пешбинӣ мегардад.
Гуфта мешавад, дар давраи татбиқи “Нақшаи тиҷоратии амалиётӣ дар кишвар” ҷалби маблағҳои грантии БОР дар ҳаҷми 462 млн доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст.
Бонки осиёии рушд яке аз бузургтарин мададрасонони молиявии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки шурӯъ аз соли 1998 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 2,2 млрд доллар, аз ҷумла 1,6 млрд доллар ба сифати грант ҷудо кардааст.
Дар соли хурӯҷи сирояти коронавируси 2020 ин ниҳоди молиявӣ ба Тоҷикистон дар асоси бебозгашт 320 млн доллар ҷудо кард, ҳарчанд мутобиқи нақшаи индикативӣ дастгирии молиявӣ ба маблағи 120 млн доллар дар назар буд.
Бастаи кумакҳо ба Тоҷикистон дар соли гузашта аз лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, бахши кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии сохтори давлатӣ, маорифу энергетика, инчунин ёрии таъҷилӣ барои муқовимат бо пандемияи коронавируси нав иборат буд.