https://sputnik.tj/20211201/tojikiston-javon-padar-berahmi-qatl-1043867870.html
Даҳшат: Дар Тоҷикистон ҷавони 19-сола падарашро бо як бераҳмӣ қатл кард
Даҳшат: Дар Тоҷикистон ҷавони 19-сола падарашро бо як бераҳмӣ қатл кард
Ин ҳодисаи даҳшатбор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифтааст ва нисбати ҷавон тибқи моддаи 104 (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст
2021-12-01T16:25+0500
2021-12-01T16:25+0500
2021-12-01T18:15+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
куштор
бобоҷон ғафуров
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102372/31/1023723168_0:155:2965:1822_1920x0_80_0_0_767307a0a07eeb1ff583a2dc38aa1322.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷинояти одамкушӣ рух додааст. Кормандони ВУД хабар медиҳанд, ки марди 47-сола бо як бераҳмии махсус аз ҷониби писари худ, ҷавони 19-сола кушта шудааст.Манбаъ меафзояд, ҷиноят дар манзили истиқоматии ин хонавода рух дод ва сабабашро кормандони ин ниҳод муноқишаи оилавӣ арзёбӣ намудаанд.Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса зикр нашудааст, танҳо қайд гардидааст, ки писари 19-сола дар заминаи муноқишаи ба миёномада бо корд ҳафт маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими падараш зарба зада, ӯро куштааст."Ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабари вазорат.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати ин ҷавон, тибқи моддаи 104 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.Бояд гуфт, ин модда маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 солро дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20210420/ekspertiza-kushtor-khushdoman-kelin-oshkor-1038801871.html
бобоҷон ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102372/31/1023723168_164:0:2799:1976_1920x0_80_0_0_b1c6253be2662b544e901361412efd34.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
бобоҷон ғафуров куштор
Даҳшат: Дар Тоҷикистон ҷавони 19-сола падарашро бо як бераҳмӣ қатл кард
16:25 01.12.2021 (Навсозишуда: 18:15 01.12.2021) Ин ҳодисаи даҳшатбор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифтааст ва нисбати ин ҷавон тибқи моддаи 104 (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷинояти одамкушӣ рух додааст. Кормандони ВУД
хабар медиҳанд, ки марди 47-сола бо як бераҳмии махсус аз ҷониби писари худ, ҷавони 19-сола кушта шудааст.
Манбаъ меафзояд, ҷиноят дар манзили истиқоматии ин хонавода рух дод ва сабабашро кормандони ин ниҳод муноқишаи оилавӣ арзёбӣ намудаанд.
Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса зикр нашудааст, танҳо қайд гардидааст, ки писари 19-сола дар заминаи муноқишаи ба миёномада бо корд ҳафт маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими падараш зарба зада, ӯро куштааст.
"Ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабари вазорат.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати ин ҷавон, тибқи моддаи 104 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Бояд гуфт, ин модда маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 солро дар бар мегирад.