https://sputnik.tj/20210420/ekspertiza-kushtor-khushdoman-kelin-oshkor-1038801871.html
“Аввал гӯр карда буданд”: Экспертиза куштори хушдоман аз сӯи келинро ошкор кард
“Аввал гӯр карда буданд”: Экспертиза куштори хушдоман аз сӯи келинро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Суди ноҳияи Шаҳринав як занро ба иттиҳоми куштори хушдоманаш ба 9 сол равонаи зиндон кард
2021-04-20T12:00+0500
2021-04-20T12:00+0500
2021-07-07T18:37+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
куштор
келин
хушдоман
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102934/45/1029344558_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_d300633956362cbcfcd740d437d7546b.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, 22 ноябри соли 2020 Н. Т., сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Чустӣ, деҳаи Суғдиён хушдоманаш А. Т.-ро ба ҳалокат расонда, ҷинояти худро пинҳон кардааст.“Хешу табор ва мардуми деҳа марги А.Т.-ро табиӣ гумон карда, ӯро ба хок супурданд. Аммо 27 ноябри соли 2020 Л.Б., духтари А.Т. ба прокуратураи ноҳияи Шаҳринав муроҷиат намуда, кушодани қабри модараш ва гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судиро тақозо кард. Ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки А. Т. на аз марги табиӣ, балки ҷабран аз ҳаёт маҳрум карда шудааст”, - гуфт манбаъ. Дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии "Экспертизаи тиббию судӣ" - и вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда, гуфтанд, аз ин ниҳод тақозо шуд, ки ҷасадро эксгуматсия кунанд ва 1 декабри соли гузашта ин кор анҷом шуд. “Хешовандони марҳум аксҳоеро ба мо пешниҳод карданд, ки замони шустушӯи ҷасад гирифта шуда буданд. Дар онҳо аломатҳои хунрезиву харош дида мешуд. Вақте ҷасадро муоина кардем, осори марги иҷборӣ, аз ҷумла хунрезӣ дар соҳаи лабу даҳони ҷасад ошкор шуд. Худи гумонбарро низ ташхис кардем. Дар бадани ӯ низ нишонаҳои кашмакаш пайдо шуданд. Дар умум, мо ба ин хулоса расидем, ки марҳум воқеан кушта шудааст, ба марги худ намурдааст”, - гуфтанд дар Маркази ҷумҳуриявии “Экспертизаи тиббию судӣ”. Бино ба иттилои манобеъи огоҳ, Н. Т. ҳангоми тафтишот ва ҳам мурофиаи судӣ, ки ҳафтаи гузашта дар толори суди Шаҳринав баргузор шуд, ба ҷинояти худ иқрор кардааст. Бино ба қавли шоҳидон, Н. Т. бо ду фарзанд ва шавҳари мариз як зиндагии фақирона дошта, ба сахтӣ рӯзгори худро пеш мебурдааст ва аз кӯмакҳои хонаводаи шавҳараш вобаста будааст. Суди ноҳияи Шаҳринав ӯро аз рӯи моддаи 104, қисми 1 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар), ки аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, ба хотири зан ва соҳиби фарзанд будан 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
https://sputnik.tj/20210420/kordkashi-naqliyot-javoni-ronandaro-kord-zad-1038801045.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102934/45/1029344558_227:0:948:541_1920x0_80_0_0_629457efee4b88ae7fa468f2949cc3e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
куштор, келин, хушдоман, шаҳринав
куштор, келин, хушдоман, шаҳринав
“Аввал гӯр карда буданд”: Экспертиза куштори хушдоман аз сӯи келинро ошкор кард
12:00 20.04.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Суди ноҳияи Шаҳринав як занро ба иттиҳоми куштори хушдоманаш ба 9 сол равонаи зиндон кард
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, 22 ноябри соли 2020 Н. Т., сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Чустӣ, деҳаи Суғдиён хушдоманаш А. Т.-ро ба ҳалокат расонда, ҷинояти худро пинҳон кардааст.
“Хешу табор ва мардуми деҳа марги А.Т.-ро табиӣ гумон карда, ӯро ба хок супурданд. Аммо 27 ноябри соли 2020 Л.Б., духтари А.Т. ба прокуратураи ноҳияи Шаҳринав муроҷиат намуда, кушодани қабри модараш ва гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судиро тақозо кард. Ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки А. Т. на аз марги табиӣ, балки ҷабран аз ҳаёт маҳрум карда шудааст”, - гуфт манбаъ.
Дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии "Экспертизаи тиббию судӣ" - и вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда, гуфтанд, аз ин ниҳод тақозо шуд, ки ҷасадро эксгуматсия кунанд ва 1 декабри соли гузашта ин кор анҷом шуд.
“Хешовандони марҳум аксҳоеро ба мо пешниҳод карданд, ки замони шустушӯи ҷасад гирифта шуда буданд. Дар онҳо аломатҳои хунрезиву харош дида мешуд. Вақте ҷасадро муоина кардем, осори марги иҷборӣ, аз ҷумла хунрезӣ дар соҳаи лабу даҳони ҷасад ошкор шуд. Худи гумонбарро низ ташхис кардем. Дар бадани ӯ низ нишонаҳои кашмакаш пайдо шуданд. Дар умум, мо ба ин хулоса расидем, ки марҳум воқеан кушта шудааст, ба марги худ намурдааст”, - гуфтанд дар Маркази ҷумҳуриявии “Экспертизаи тиббию судӣ”.
Бино ба иттилои манобеъи огоҳ, Н. Т. ҳангоми тафтишот ва ҳам мурофиаи судӣ, ки ҳафтаи гузашта дар толори суди Шаҳринав баргузор шуд, ба ҷинояти худ иқрор кардааст.
“Ҷанҷоли мо аз ин сар шуд, ки хушдоманам розӣ нашуд калиди анборро диҳад, то ман барои фарзандонам ғизо омода кунам. Аз ин хотир, мо ба ҳамдигар дарафтодем. Ман ӯро буғӣ карда, камтар пас сар додам, ки ба замин афтиду дигар аз ҷой нахест. Пас маълум гардид, ки ӯ аллакай ҷон додааст”, - гуфтааст ӯ.
Бино ба қавли шоҳидон, Н. Т. бо ду фарзанд ва шавҳари мариз як зиндагии фақирона дошта, ба сахтӣ рӯзгори худро пеш мебурдааст ва аз кӯмакҳои хонаводаи шавҳараш вобаста будааст.
Суди ноҳияи Шаҳринав ӯро аз рӯи моддаи 104, қисми 1 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар), ки аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, ба хотири зан ва соҳиби фарзанд будан 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.