https://sputnik.tj/20211201/sobiq-raisijumhur-afghoniston-vladimir-putin-sipos-1043876209.html
Азри сипоси раисҷумҳури пешини Афғонистон аз Владимир Путин
Азри сипоси раисҷумҳури пешини Афғонистон аз Владимир Путин
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ кишвардори Афғонистон барои қабули 300 донишҷӯ ба Владимир Путин арзи сипос кард
2021-12-01T20:10+0500
2021-12-01T20:10+0500
2021-12-01T20:16+0500
сиёсат
афғонистон
владимир путин
осиёи марказӣ
ҳамид карзай
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042288309_0:0:3145:1770_1920x0_80_0_0_1660ad2e824fefb1ff95e34b5d681dc8.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Раисҷумҳури қаблии Афғонистон Ҳомид Карзай аз Русия барои интиқоли кумаки башардӯстона ба Кобул ва қабули 300 донишҷӯи афғонистонӣ, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил хоҳанд кард, изҳори сипос кард. Дар ин бора Карзай дар сафҳаи "Facbook"-и худ навиштааст.Ӯ ба Русия овардани 300 донишҷӯ аз Афғонистонро, ки бурсия доштанд, як иқдоми муфид ва саривақтии Маскав арзёбӣ кард. Ҳамчунин барои ирсоли 36 тонна кумаки башардӯстона ба Владимир Путин миннатдорӣ баён намуда, зикр кардааст, ки ҳукумати ин кишвар минбаъд ҳам ба ирсоли кумакҳо идома диҳад.Ёдовар мешавем,рӯзи чаҳоршанбе Маскав боз як бастаи дигари кумакҳои башардӯстонаро ба Кобул интиқол дод ва аз бозгашти 214 нафар, ки шаҳрвандони Русия, Қирғизистон ва донишҷӯёни афғонистонӣ буданд, хабар дод.Дар ҳамин ҳол Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ин кишар омодааст, боз як бахши бузурги кумакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон бирасонад ва ҳамзамон гурӯҳи дигари донишҷӯёни афғонистониро, ки мехоҳанд таҳсили худро дар донишгоҳҳои Русия идома диҳанд, аз он кишвар берун кунад.Гуфта мешавад, кумаки ироанамудаи Русия аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат аст.
https://sputnik.tj/20211201/havopaymo-rusiya-kobul-kumak-1043860653.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042288309_37:0:2768:2048_1920x0_80_0_0_8b05c99cfe1e9aa3fd57fe5a436c9f91.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳомид карзай владимир путин сипос
ҳомид карзай владимир путин сипос
Азри сипоси раисҷумҳури пешини Афғонистон аз Владимир Путин
20:10 01.12.2021 (Навсозишуда: 20:16 01.12.2021) Кишвардори пешини Афғонистон барои қабули 300 донишҷӯ аз Владимир Путин арзи сипос кард
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Раисҷумҳури қаблии Афғонистон Ҳомид Карзай аз Русия барои интиқоли кумаки башардӯстона ба Кобул ва қабули 300 донишҷӯи афғонистонӣ, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил хоҳанд кард, изҳори сипос кард.
Дар ин бора Карзай дар сафҳаи "Facbook"-и худ навиштааст.
Ӯ ба Русия овардани 300 донишҷӯ аз Афғонистонро, ки бурсия доштанд, як иқдоми муфид ва саривақтии Маскав арзёбӣ кард. Ҳамчунин барои ирсоли 36 тонна кумаки башардӯстона ба Владимир Путин миннатдорӣ баён намуда, зикр кардааст, ки ҳукумати ин кишвар минбаъд ҳам ба ирсоли кумакҳо идома диҳад.
Ёдовар мешавем,рӯзи чаҳоршанбе Маскав боз як бастаи дигари кумакҳои башардӯстонаро ба Кобул интиқол дод ва аз бозгашти 214 нафар, ки шаҳрвандони Русия, Қирғизистон ва донишҷӯёни афғонистонӣ буданд, хабар дод.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ин кишар омодааст, боз як бахши бузурги кумакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон бирасонад ва ҳамзамон гурӯҳи дигари донишҷӯёни афғонистониро, ки мехоҳанд таҳсили худро дар донишгоҳҳои Русия идома диҳанд, аз он кишвар берун кунад.
Гуфта мешавад, кумаки ироанамудаи Русия аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат аст.