https://sputnik.tj/20211201/havopaymo-rusiya-kobul-kumak-1043860653.html
Ҳавопаймои Русия ба Кобул кумак оварду 380 нафарро аз ин кишвар мебарад - видео
Ҳавопаймои Русия ба Кобул кумак оварду 380 нафарро аз ин кишвар мебарад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Се ҳавопаймои Русия барои овардани кумаки башардӯстона ба Афғонистон ва ҳамзамон интиқол додани 380 нафар аз ин кишвар дар фурудгоҳи Кобул нишастанд
2021-12-01T11:43+0500
2021-12-01T11:43+0500
2021-12-01T13:53+0500
иҷтимоъ
афғонистон
кӯмак
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138995_66:0:1629:879_1920x0_80_0_0_e6be4895efe00b47a97cbd5ccedb8000.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ҳавопаймоҳои низомии нақлиётии Русия барои берун бурдани мардум вориди Афғонистон шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати дифоъ. Манбаъ меафзояд, ин навбат ҳавопаймои Русия 380 нафарро аз Афғонистон берун меорад, ки инҳо шаҳрвандони Қирғизистон, донишҷӯёни афғонистонӣ ва ҳамзамон худи шаҳрвандони Русия мебошанд. Дуи қаблӣ дар моҳҳои август ва ноябр ба Кобул парвоз карда буданд.Дар охири тобистон, пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико толибон дар ҷумҳурӣ ҳокимиятро ба даст гирифта, анҷоми ҷанги бистсоларо эълон карданд. Рӯзҳои аввал дар Кобул ваҳму воҳима ҳукмфармо буд, мардум ба хотири тарки кишвар ба фурудгоҳ ҳамла карданд. Он замон ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз даҳшати дар фурудгоҳи кобул рухдода навору аксҳо роҳ ёфтанд. Мардум барои наҷот додани ҷони худ ба ҳавопаймои дар ҳоли ҳаракат мечаспиданд ва ба замин сарозер мешуданд.Вазъият дар ин кишвар ҳамоно мушкил боқӣ мемонад. Дари макотиб дар аксари навоҳӣ баста буда, занону духтарон ҳаққи таҳсил ва кор карданро надоранд. Ҳамзамон нархи наво дар бозору дӯконҳо ба маротиб гарон шудааст. Маскав ба Афғонистон чӣ кумак ирсол мекунад?Толибон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуданд, дороиҳои ин кишварро, ки дар давлатҳои хориҷ баста шудааст, раҳо кунанд. Чанде пеш кишвардори Русия Владимир Путин низ даъват намуд, сарвати Афғонистон, ки дар хориҷ банд мондааст, бояд раҳо гардад ва мушкили мардуми ин сарзамин то ҳадде сабук шавад.
https://sputnik.tj/20211119/putin-om-afghoniston-kumak-1043631070.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138995_261:0:1433:879_1920x0_80_0_0_d6a7707ce0f773c9768a8a416c35258c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон русия кумак
Ҳавопаймои Русия ба Кобул кумак оварду 380 нафарро аз ин кишвар мебарад - видео
11:43 01.12.2021 (Навсозишуда: 13:53 01.12.2021) Аз тобистони имсол се ҳавопаймои Русия бо кумаки башардӯстона ба Афғонистон ва ҳамзамон барои интиқоли 380 нафар аз ин кишвар дар фурудгоҳи Кобул нишастааст
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ҳавопаймоҳои низомии нақлиётии Русия барои берун бурдани мардум вориди Афғонистон шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати дифоъ.
"Се ҳавопаймои Ил-76 ба фурудгоҳи Кобул кумаки башардӯстона мерасонад ва ҳамчунин шаҳрвандони Русияву хоҳишмандони тарк кардани ин кишварро берун меорад. Дар маҷмуъ 36 тонна кумаки башардӯстона интиқол дода шуд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, ин навбат ҳавопаймои Русия 380 нафарро аз Афғонистон берун меорад, ки инҳо шаҳрвандони Қирғизистон, донишҷӯёни афғонистонӣ ва ҳамзамон худи шаҳрвандони Русия мебошанд. Дуи қаблӣ дар моҳҳои август ва ноябр ба Кобул парвоз карда буданд.
Дар охири тобистон, пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико толибон дар ҷумҳурӣ ҳокимиятро ба даст гирифта, анҷоми ҷанги бистсоларо эълон карданд. Рӯзҳои аввал дар Кобул ваҳму воҳима ҳукмфармо буд, мардум ба хотири тарки кишвар ба фурудгоҳ ҳамла карданд.
Он замон ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз даҳшати дар фурудгоҳи кобул рухдода навору аксҳо роҳ ёфтанд. Мардум барои наҷот додани ҷони худ ба ҳавопаймои дар ҳоли ҳаракат мечаспиданд ва ба замин сарозер мешуданд.
Вазъият дар ин кишвар ҳамоно мушкил боқӣ мемонад. Дари макотиб дар аксари навоҳӣ баста буда, занону духтарон ҳаққи таҳсил ва кор карданро надоранд. Ҳамзамон нархи наво дар бозору дӯконҳо ба маротиб гарон шудааст.
Толибон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуданд, дороиҳои ин кишварро, ки дар давлатҳои хориҷ баста шудааст, раҳо кунанд. Чанде пеш кишвардори Русия Владимир Путин низ даъват намуд, сарвати Афғонистон, ки дар хориҷ банд мондааст, бояд раҳо гардад ва мушкили мардуми ин сарзамин то ҳадде сабук шавад.