https://sputnik.tj/20211201/gulmahmadzoda-putin-etimodnoma-1043860179.html
Гулмаҳмадзода ба Путин эътимоднома месупорад
Гулмаҳмадзода ба Путин эътимоднома месупорад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин аз сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия эътимоднома қабул мекунад
2021-12-01T11:38+0500
2021-12-01T11:38+0500
2021-12-01T13:16+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
владимир путин
давлатшоҳ гулмаҳмадзода
супоридани эътимоднома
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042175220_0:0:2500:1407_1920x0_80_0_0_60037c94620b8d81d739a7d22c2c43b8.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Владимир Путин аз 20 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул мекунад, хабар медиҳад маркази матбуотии Кремл.Гуфта мешавад, бар пояи анъана ин маросим дар толори Александри Қасри Калони Кремл баргузор мешавад. Дар маҷмуъ сафирони фавқулодда ва мухтори 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон эътимодномаи худро ба раисҷумҳури Русия месупоранд. Ёдовар мешавем, дуюми августи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сафири нави кишвар дар Русияро таъйин кард.Бар асоси ин фармон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ин мақом Имомуддин Сатторовро, ки ҳафт сол дар Русия кор кард, иваз намуд. Ин дувумин маросими супоридани эътимоднома дар соли 2021 аст, ки аввалинаш рӯзи 18 май баргузор шуд ва дар он сафирони 23 кишвар ширкат доштанд. Чунин маросим одатан дар як сол якчанд маротиба сурат мегирад. Эътимоднома ҳуҷҷатест, ки бо ёрии он намояндаи дипломатӣ аккредитатсия мешавад. Намояндаи дипломатӣ эътимодномаи худро аввал ба сарвари давлат месупорад ва нусхаи тасдиқшудаи он ба роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ супорида мешавад. Тибқи анъана, президент эътимодномаро қабул мекунад ва дар бораи мушкилоти мубрами байналмилалӣ суханронӣ, инчунин муносибатҳои Русияро бо давлатҳое, ки сафирони онҳо ба ӯ эътимоднома месупоранд, баррасӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20210908/gulmahmadzoda-rudenko-safari-putin-tojikistonro-barrasi-1042118514.html
https://sputnik.tj/20200215/Nomzad-ilm-zoda-Dangara-Gulmahmadzoda-Davlatsho-muovin-sarvazir-Tojikiston-kist-1030721939.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042175220_277:0:2500:1667_1920x0_80_0_0_0d1191be34c3787f9e39c770f3ab68a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гулмаҳмадзода путин эътимоднома
гулмаҳмадзода путин эътимоднома
Гулмаҳмадзода ба Путин эътимоднома месупорад
11:38 01.12.2021 (Навсозишуда: 13:16 01.12.2021) Президенти Русия аз сафири Тоҷикистон дар ин кишвар эътимоднома қабул мекунад
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Владимир Путин аз 20 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул мекунад, хабар медиҳад маркази матбуотии Кремл.
Гуфта мешавад, бар пояи анъана ин маросим дар толори Александри Қасри Калони Кремл баргузор мешавад.
Дар маҷмуъ сафирони фавқулодда ва мухтори 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон эътимодномаи худро ба раисҷумҳури Русия месупоранд.
Ёдовар мешавем, дуюми августи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сафири нави кишвар дар Русияро таъйин кард.
Бар асоси ин фармон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ин мақом Имомуддин Сатторовро, ки ҳафт сол дар Русия кор кард, иваз намуд.
Ин дувумин маросими супоридани эътимоднома дар соли 2021 аст, ки аввалинаш рӯзи 18 май баргузор шуд ва дар он сафирони 23 кишвар ширкат доштанд.
Чунин маросим одатан дар як сол якчанд маротиба сурат мегирад. Эътимоднома ҳуҷҷатест, ки бо ёрии он намояндаи дипломатӣ аккредитатсия мешавад.
Намояндаи дипломатӣ эътимодномаи худро аввал ба сарвари давлат месупорад ва нусхаи тасдиқшудаи он ба роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ супорида мешавад.
Тибқи анъана, президент эътимодномаро қабул мекунад ва дар бораи мушкилоти мубрами байналмилалӣ суханронӣ, инчунин муносибатҳои Русияро бо давлатҳое, ки сафирони онҳо ба ӯ эътимоднома месупоранд, баррасӣ мекунад.