Гулмаҳмадзода ба Руденко эътимоднома супурду сафари Путин ба Тоҷикистонро баррасӣ кард

© посольство РТ в МосквеНовый посол Таджикистан в РФ вручил верительные грамоты замглавы МИД
Новый посол Таджикистан в РФ вручил верительные грамоты замглавы МИД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Обуна шудан
Сафири нави Тоҷикистон дар Русия ба муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар эътимоднома супурд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Тибқи иттилои котиботи сафорати Тоҷикистон дар Русия, Гулмаҳмадзод бо Руденко масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо, аз ҷумла перомуни масъалаи омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ, инчунин баргузории мулоқотҳои сарони давлатҳои СҲШ ва СААД дар Душанбе табодули афкор намуданд, афзудааст манбаъъ.
Гулмахмадзода Д.К. глава комитета окружающей среды Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
60 -сола, падари серфарзанд, зодаи Данғара, собиқ раиси Хатлон: сафири нав дар Русия кист?
ТАъкид шудааст, ки тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ибрози назар кардаанд.
Андрей Руденко дар фаъолияти минбаъдаи Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба сифати роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия муваффақиятҳо орзу намуд.
Ёдовар мешавем, санаи 2 август Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Имомуддин Сатторовросафири собиқро аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, ки қаблан дар мансаби муовини Сарвазири Тоҷикистон, ифои вазифа мекард, таъйин кард.
Лентаи хабарҳо
0