Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 30 дарсад афзоиш ефт

© AP / Ted S. WarrenГрузовые контейнеры, архивное фото
Грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Обуна шудан
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 1,2 миллиард доллар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 30 дарсад афзоиш ёфт, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста” дар истинод ба хадамоти гумруки кишвар.
Ҳамин тариқ аз 1 январи соли 2021 кишвар дар ҳаҷми 5,19 миллиард доллар додугирифт кардааст. Яъне гардиши мол дар даҳ моҳи соли равон беш аз 1,2 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.
Барои муқоиса бояд гуфт, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод 3,99 миллиард доллар буд.
Дар ҳамин ҳол содироти Тоҷикистон манфӣ боқӣ монда, хуруҷи бебозгашти асъори хориҷӣ аз ҷумҳурӣ дар натиҷаи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ беш аз 1,6 миллиард долларро ташкил додааст.
Контейнеры в порту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Афзоиши 50-дарсадии додуситади миёни Тоҷикистону Русия
Содироти мол дар соли равон 1,67 миллиард долларро ташкил дод, аммо ҷумҳурӣ дар ин давра ба маблағи 3,35 миллиард доллар мол ворид кардааст.
Дар ин давра Тоҷикистон бо 109 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ доштааст.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия, Қазоқистон, Швейтсария ва Чин мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0