https://sputnik.tj/20211201/daryoftu-musodirai-afun-kulob-1043864677.html
Дарёфту мусодираи 10 кило афюн дар Кӯлоб
Дарёфту мусодираи 10 кило афюн дар Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Кӯлоб як сокини наҳияи Шамсиддин Шоҳин барои интиқол ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт шуд
2021-12-01T14:30+0500
2021-12-01T14:30+0500
2021-12-01T17:07+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кӯлоб
парвандаи ҷиноӣ
маводи мухаддир
дарёфт
афюн
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101973/58/1019735874_0:105:2000:1230_1920x0_80_0_0_883bbafbfd4db9097d6ff0dc34b25af7.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Сокини деҳаи Ёли ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои интиқол ва харидуфурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор бо миқдори махсусан калон аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҳангоми як амалиёт дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб боздошт шуд.Тибқи иттилои дафтари матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, зимни кофтукови шахсӣ аз дохили воситаи нақлиёти шахси боздоштшуда, ки маводи нашъаоварро интиқол медод, як адад халтаи полиэтиленӣ бо навиштаҷоти “Тангем” иборат аз 10 адад бастаи афюн дарёфт шуд.Манбаъ ёдовар шудааст, ки шахси мазкур маводи нашъадори навъи афюнро ба мақсади харидуфӯруши ғайриқонунунӣ соҳиб шудааст.Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон таъкид кардааст, ки нисбат ба шаҳрванди боздоштшуда бо қисми 3-и моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.Тибқи ин модда, шахси боздоштшуда метавонад ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол аз озодӣ маҳрум шавад.Дар ҳамин ҳол Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, масъулиятшиносиро аз даст надиҳанд ва дар пешгирию муқовимат бо нашъамандию фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир бетараф набошанд.
https://sputnik.tj/20211103/kushishi-voridi-mavodi-mukhaddir-uzbekiston-tojikiston-1043259460.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101973/58/1019735874_110:0:1890:1335_1920x0_80_0_0_5788e1eb16233f7b1c9de3a9ba0b2a24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯлоб, маводи мухаддир, нашъадор, тоҷикистон, мусодира, дарёфт
кӯлоб, маводи мухаддир, нашъадор, тоҷикистон, мусодира, дарёфт
Дарёфту мусодираи 10 кило афюн дар Кӯлоб
14:30 01.12.2021 (Навсозишуда: 17:07 01.12.2021) Дар шаҳри Кӯлоб як сокини наҳияи Шамсиддин Шоҳин барои интиқол ва харидуфурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт шуд
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Сокини деҳаи Ёли ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои интиқол ва харидуфурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор бо миқдори махсусан калон аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҳангоми як амалиёт дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб боздошт шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, зимни кофтукови шахсӣ аз дохили воситаи нақлиёти шахси боздоштшуда, ки маводи нашъаоварро интиқол медод, як адад халтаи полиэтиленӣ бо навиштаҷоти “Тангем” иборат аз 10 адад бастаи афюн дарёфт шуд.
“Маводи дарёфтшуда воситаи нашъадори навъи афюн буда, вазни холиси онҳо 9 кг 855 граммро ташкил дод”,- қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки шахси мазкур маводи нашъадори навъи афюнро ба мақсади харидуфӯруши ғайриқонунунӣ соҳиб шудааст.
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон таъкид кардааст, ки нисбат ба шаҳрванди боздоштшуда бо қисми 3-и моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Тибқи ин модда, шахси боздоштшуда метавонад ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол аз озодӣ маҳрум шавад.
Дар ҳамин ҳол Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, масъулиятшиносиро аз даст надиҳанд ва дар пешгирию муқовимат бо нашъамандию фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир бетараф набошанд.