Кӯшиши ворид кардани 150 кило маводи мухаддир ба Ӯзбекистон аз Тоҷикистон

© Sputnik / Андрей СтенинСитуация в городе Ош
Ситуация в городе Ош - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Обуна шудан
Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз мошини боркаше, ки як ҷойи пиҳонӣ барои интиқоли бастаҳои маводи мухаддир доштааст, мухаддароти зиёде кашфу мусодира шудааст.
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар вилояти Тошканд кормандони гумрук аз як мошини боркаше, ки аз Тоҷикистон меомада ва пур аз ангур будааст, 156 кило маводи мухаддир кашф кардаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон.
"Дар посгоҳи гумрукии "Ойбек", воқеъ дар марзи Тоҷикистон миқдори бузурги ҳашиш, афюн ва ҳероин ошкору мусодира шуд", - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамин тариқ ҳангоми бозрасии ҳамаҷониба аз зарфҳо 149 кило ҳашиш, 4,4 кило афюн ва 1,5 кило ҳероин дарёфт шудааст.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми кофтуков борҳои мошинро холӣ ва фарши онро боз карданд.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Ишораи Патрушев ба даст доштани муҳоҷирони тоҷик дар қочоқи маводи мухаддир
Дар натиҷа аз ин мошин 141 бастаи полиэтиленӣ ошкор шуд. Ҷойҳои холии "махфигоҳ"-ро бо кафки сохтмонӣ пур карда будаанд.
Феълан мошини боркаш ба маблағи 1,08 миллиард сӯм (беш аз 100 ҳазор доллар), ангур бо вазни умумии 20,8 тонна ҳамчун василаи содир кардани ҷиноят эътироф ва мусодира шудаанд.
Мақомоти гумруки Ӯзбекистон дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Қаблан кормандони гумруки ӯзбек дар посгоҳи марзии Сариосиё, дар вилояти Сурхондарё, дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳудуди 100 кило ҳероин ва ҳашиш кашф карда буданд.
Маводи мухаддир ҳангоми кофтукови мошини боркаш, ки ба воситаи он як шаҳрванди Тоҷикистон 20 тонна нахи пахтаро интиқол медод, дарёфт шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0